Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Устод Айнӣ – раҳнамои олимони ҷавон


Устод Айнӣ – раҳнамои олимони ҷавон



Мактаби илмию адабии устоди забардаст Садриддин Айнӣ, таҷрибаи таҳқиқоти илмӣ, муносибати хайрхоҳона ва дар айни замон сахтгиронаи ин саромади илму адаби тоҷик барои ҷавонони имрӯза дар роҳи душвору заҳматталаби илм, воқеан, намунаи ибрат, роҳнамои муфид ва дастурамали муассир мебошад. Дар муддати умри мубораки худ ин марди закӣ ба даҳҳо шоирону нависандагон, олимону пажӯҳишгарон бо маслиҳату роҳнамоӣ дасти мадад дароз кард, ки аксари онҳо дар оянда чун олимони забардаст, чеҳраҳои шинохтаи адабу фарҳанги кишвар ба камол расида, муаррифгари миллати тоҷик гардиданд.

Ҳақ ба ҷониби шогирд ва ҳамкори устод Айнӣ Раҳим Ҳошим аст, ки гуфта: “... Айнӣ на фақат ба воситаи осори боқигузоштааш ба мо бисёр чизҳо омӯхтааст ва меомӯзад, балки ба воситаи ҳаёти шахсии худаш тарзи зиндагии худ, муносибаташ ба кор бо вазифашиносиаш, бо риояташ ба интизом низ барои мо, хусусан барои ҷавонон аз бисёр ҷиҳатҳо намунаи ибрат шуда метавонад”.

Доир ба нақши бузурги мактаби илмии устод Айнӣ дар тарбияи адибону нависандагон, рӯзноманигорон ва умуман аҳли қаламу эҷоди нимаи аввали асри XX, пажуҳишгарону айнишиносон чандин китоби бунёдӣ, ёддошт, монография, диссертатсия ва асару мақолаҳо ба табъ расониданд. Ин ҷо мо зарур донистем, ки бо зикри мисолҳои воқеӣ аз рӯзгор ва таҷрибаи амалии устод Айнӣ дар чигунагии муносибат бо олимони ҷавон, бо ибораҳои пурҳикмати устод ба “қаҳрамонони ба суроғи илм рафта” устодону шогирдони имрӯзаро дар роҳи таҳқиқоти илмиашон ба дақиқкорӣ ва навиштани рисолаҳои арзишманд даъват намоем.

Зеро имрӯз дар ин раванд баъзе тамоюлҳои номатлуб ба чашм мерасанд, ки ҳаргиз ба фоидаи илми ватанӣ нахоҳанд буд. Дар ин робита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш чунин иброз намудаанд: “ ... таъкид менамоям, ки дар ин раванд, на ба миқдор, балки бештар ба сифати рисолаҳои илмии анҷомёфта таваҷҷуҳ зоҳир гардад. Рисолаҳои донишмандон ва муҳаққиқону унвонҷӯён бояд дар сатҳи баланди илмии ҷавобгӯй ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ таълиф шаванд ...”.

Бинобар ин, бори дигар ба фидокорӣ, заҳмати ҳалол, анҷоми таҳқиқоти бунёдию арзишманд, кашфиёту ихтироъкорӣ ва дар ин замина пайвастани истеҳсолот ба илм даъвату ҳидоят кардани устодону шогирдон хеле бамаврид ва саривақтӣ мебошад.

Маълум аст, ки устод Айнӣ аз овони хурдсоли соҳибистеъдоду мушоҳидакор, дорои хотираи қавӣ ва ҳисси баланди кунҷковӣ буд ва ин хислатҳояш бо мурури замон инкишоф ёфта, талаботи ҳаррӯзаи зиндагиаш гардиданд. Чунонки худи устод Айнӣ мегӯяд: “... ин кунҷковии қобилияти одамон аз хурдсолӣ ба ман одат шуда, бо таҷрибаи бисёр рафта-рафта ба камол расидааст” . Айнии ҷавону ташнаи илму дониш ҳангоми таҳсил дар мадрасаҳои Бухоро ба хулқу атвор, тарзи либоспӯшӣ, қиёфа, гуфтору кирдори афрод, рӯйдоду ҳаводиси замонаш таваҷҷуҳи хос зоҳир менамуд. Ба ҳарфзании сокинони минтақаҳои гуногун диққат медод, ҳар як калима ё ибораи нави гуфториро пайдо мекард, бо як завқу ҳирси зиёди кунҷковӣ ба луғатҳои гуногун қиёс ва маъною мафҳуми онҳоро ҷустуҷӯ менамуд. Ба хондани китоб ниҳоят таваҷҷуҳ дошт, дар омӯзиш аз мушкилот ва заҳмати сангин намеҳаросид. Ҳамаи ин хислатҳо ба ӯ имкон доданд, ки бисёр соҳаҳои илму дониши замонаш, аз ҷумла мантиқ, таъриху таърихнигорӣ, сарчашмашиносӣ, забон (грамматика, луғатшиносию луғатнигорӣ), адабиёт (назму наср, фолклор, матншиносӣ, танқиди адабӣ), санъат, этнография (қиёфашиносию чеҳрашиносӣ, урфу одати мардум), шариати ислом, педагогика (таълиму тарбия), психологияро аз бар намуда, ҳамчун як донишманди бузург ба камол расад ва аз худ барои наслҳои оянда осори мондагор ба мерос гузорад.

Тамоми рӯзгор ва осори устод Айнӣ барои шоирону нависандагон, адабиётшиносону забоншиносон, таърихшинсон ва олимони ҷавон дар шоҳроҳи илм мактаби бузурги омӯзиш ва таҷриба маҳсуб меёбад. Зиёда аз ин, устод Айнӣ борҳо ба адибону нависандагони ҷавон роҳнамоӣ намудааст, ки ин мавзуи суҳбати дигар аст. Дар ин навишта ёдоварӣ аз баъзе лаҳзаҳои муносибати устод Айнӣ ба шогирдонаш кифоя аст.

Бояд гуфт, ки устод Айнӣ барои дарёфти дараҷаи илмӣ диссертатсияи алоҳида нанавишт, вале бар асоси таълифоту нигоштаҳо ва хидматҳои арзандааш дар рушди илму адаби тоҷик аз тарафи Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳоло Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург) ба ӯ дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ, ҳамзамон аз рӯйи пажуҳиш ва таҳқиқоти асилу бунёдӣ ва фаъолияти омӯзгориаш дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба унвони профессор сазовор дониста шуд.

Ин донишманди бузург нисбат ба афрод дар роҳи илму эҷод сахтгиру серталаб буд ва ҳангоми тавсияи машварат қобилият, ҳусну қубҳ ва камбуду норасоии осорашонро ба хотири пешрафти илм ба таври комил ошкор мекард.

Имрӯз олимони мо, бахусус олимони ҷавон, нақду машваратро хуш намепазиранд ва қабул ҳам надоранд. Аз ин ҷост, ки таҳқиқоти диссертатсионии довталабони дараҷаҳои илмӣ дар кафедраю шуъбаҳо, муассисаҳои пешбар ва ҷаласаҳои пешдифоъ ҷиддӣ муҳокима намешаванд. Аксар муҳокимаҳо дар шурои диссертатсионӣ бисёр вақт ба таҳсину офарини диссертант сипарӣ мешаванд. Тақризи муқарризони расмӣ аксаран такрори якдигаранд ва баъзан, 99 дарсад бо ҳам монанд мебошанд. Ин шаҳодати он аст, ки тақризҳоро роҳбар ва унвонҷӯ худашон пешакӣ омода месозанд. Дар ин ҳол омӯзиши таҷрибаи мактаби илмию адабии устод Айнӣ барои ҷавонон бисёр муассиру созанда аст, ки дар анҷоми рисолаҳои илмӣ ҷиддӣ ва мусъул бошанд.

Аз ин ҷиҳат мулоҳизаҳо, андешаю маслиҳатҳои устод Айнӣ нисбат ба нависанда Ҷалол Икромӣ, дар мукотибааш ба Абдусалом Деҳотӣ (23 октябри соли 1946) ҷолиб аст: “... ман барои дуруст шудани кори ҳеҷ нависандаи ҷавон, садяки он дараҷае, ки барои дуруст шудани кори Ҷалол Икромӣ азоб кашидаам, накашидаам” .

Вақте ки қисми якуми романи “Шодӣ”-ро Ҷалол Икромӣ ба итмом расонид, ду сол боз мавриди нақди аҳли қалам қарор гирифт ва ниҳоят нашриёт онро барои таҳрир ба С. Айнӣ мефиристад. Устод Айнӣ дар ин бора чунин менависад: “Дастнавис (қисми якуми романи “Шодӣ” дар назар аст – Р.А.) дар як дафтари калони муқовадор саҳифа дар миён навишта шуда буд. Ман дар болои кори ин китоб, ба муқобили ҳар саҳифа як саҳифа дар бораи хатоҳои он саҳифа навиштам ва дар охир ҳамин мулоҳизаро қайд кардам, ки “агар муаллиф ҳамаи он хатоҳоеро, ки дар ин ҷо нишон дода шудааст, ислоҳ намояд, қобили табъ аст. Аз ин навиштаҳои устод Айнӣ чунин бармеояд, ки Ҷ. Икромӣ китобро бидуни ислоҳи баъзе хатоҳои ишоракардаи устод чоп намудааст.

“Охир, ба кадом роҳе, ки бошад - мегӯяд Айнӣ, - қисми якум (яъне қисми якуми романи “Шодӣ” – Р.А.) чоп шуд ва ҳамаи он фикрҳои танқидии ман аз забони ом ба майдон баромад. Аммо он нусхае, ки ман кор кардам, ба майдон набаромад.

Устод Айнӣ таъкид мекунад, ки агар Ҷалол Икромӣ хатоҳоро ислоҳ мекард, “ин қадар шатта намехӯрд ...” ва ӯ “... бояд мағрурӣ ва худнамоиро як сӯ монда, ба маслиҳатҳои одамони таҷрибакор ва ба танқидҳои ҳаққонӣ гӯш андозад ва ба амал орад ... Ҷалол, бешубҳа қувваи нависандагии калон дорад. Бояд ӯ бар болои асарҳои худ фикри коллективро гирифта, гашта баргашта кор кунад. Ягона ва охирин маслаҳати ман ба ӯ ҳамин аст.

Аз ин навиштаҳо бармеояд, ки устод Айнӣ истеъдоди нависандагии Ҷалол Икромиро дар ҳоли шуҳраташ эътироф мекунад, вале дар баробари ин, камбудиҳои романи “Шодӣ”-ро хеле муфассал ошкор менамояд, ки ин барои пешрафти адабиёти тоҷик ва рушди инфиродии адиб заминаи мусоид мегузорад.

Аз солҳои 40-уми асри гузашта таваҷҷуҳи аспирантону муҳаққиқон ба осори гаронбаҳои устод Айнӣ зиёд шудан гирифтааст. 18 ноябри соли 1949 Набиҷон Раҳимов – аспиранти Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шуравии Узбекистон ба устод Айнӣ мактуб навишт, ки “... мехоҳам мавзуи диссертотсияи худро аз эҷоди пурҳосили он ҷониб бигирам. Бад - ин сабаб бағоят хоҳишмандам, мавзуъҳои рафиқони дигар, ки онро аз эҷоди шумо барои диссертатсияи худ гирифтанд, бо василаи хат маълум намоед. Дар мактуби ҷавобӣ устод Айнӣ ба Набиҷон Раҳимов навишт, ки “... ман намедонам, ки кӣ ба болои кадом асари ман кор карда истодааст? Ҳамин қадар медонам, ки Соҳиб Табаруф ном аспиранти филиоли тоҷикистонии Академияи фанҳои иттифоқ ду сол боз бар болои румони “Ғуломон” кор мекард. Соли гузашта (яъне, соли 1948 – Р.А.) диссертатсияи худро дар Ленингрод – дар Институти шарқшиносии Акодемияи фанҳои Иттифоқ ҳимоя карда, номи кондидотиро гирифт. Дигар аз касе хабар надорам. Бо ҳамаи ин ман тавсия мекунам, ки шумо бар болои румони “Дохунда” кор кунед.

Дар баробари ин, устод Айнӣ ба хотири пешгирӣ аз хат ва ғалаткорӣ ба аспиранти узбекистонӣ Набиҷон Раҳимов тавсия медиҳад, ки: “... лекин на бар болои чопи узбекии вай (яъне, “Дохунда” - Р.А.). Чунки вай тарҷума буда, сар то по вайрон аст. Шумо бояд бар болои нусхаи тоҷикиаш, ки ҳамин сол ба муносибати Декадаи адабиёти тоҷик дар Истолинобод чоп шуд, кор кунед.

Дар иртибот бо муносибати гарму хайрхоҳонаи устод ба муҳаққиқони ҷавон мукотиботи Муҳаммадҷон Шукуров бо устод Айнӣ хеле ҷолибу омӯзанда мебошад. Аз мактуби Муҳаммадҷон Шукуров маълум мегардад, ки ӯ бори аввал 17 январи соли 1950 ба устод муроҷиат карда буд, ки “Ман писари хурдии Садри Зиё Муҳаммад мебошам, ки аз Сталинобод хат карда истодаам ... Ман аспирант ҳастам ва мавзуи диссертатсияам эҷодиёти Аҷзӣ мебошад. Дар идомаи мактуби худ аспиранти ҷавон вобаста ба шахсият ва эҷодиёти Аҷзӣ ба устод Айнӣ бо шаш савол муроҷиат менамояд, ки “Равшан шудани ин масъалаҳо барои пеш рафтани кори ман аҳамияти калон дорад. Агар дар ин соҳа аз Шумо, устод, ёрӣ мегирифтам, то абад миннатдор мемондам.

(Идома дорад)

А. РОЗИҚЗОДА,
раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Корманди шоистаи Тоҷикистон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода