Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » «ГУЛИСТОН» ҳама панду насиҳат аст


«ГУЛИСТОН» ҳама панду насиҳат аст




Мо - мактаббачагони солҳои 70-ум ба мутолиаи  китоб  шавқу  рағбати  беандоза  доштем.  Нашри  ҳар  як  китоби  нав барои  мо  навиди  хуш  буд.  Чанд  нафар ҳамсинфон зуд-зуд дар хонаи якдигар ҷамъ шуда, дар  бораи  китобҳои  ба  тозагӣ  мутолиакарда, қаҳрамонони  онҳо  қиссаҳо  мекардем  ва  аз  он  як ҷаҳон ғизои маънавӣ мегирифтем. Чӣ қадар хушу гуворо ва хотирмон ҳастанд он лаҳзаҳо.

Хушбахтона,  то  имрӯз  меҳру  ҳаваси  мутолиаи китоб дар қалбам нақш бастааст. Воқеан ҳам китоб ҳамчун  сарчашмаи  илму  дониш  ва  маърифат  дар ҳаёту рӯзгори одамон нақши сарнавиштсоз дорад ва ҷовидон мемонад:

Кулли ашё мешавад охир хароб.
Ту фақат ҷовидон мемонӣ, китоб.

Бузурге ҳам оид ба нақши китоб дар рӯзгори одамон  дуруст  гуфтааст:  „Китоб  чароғи  афсонавиест, ки ба инсон дар роҳи дурударози торики ҳаёташ нур мебахшад”.

Ман китобҳои зиёдеро аз адабиёти классику му-осири тоҷик ва адабиёти ҷаҳонӣ мутолиа намудаам.

Яке аз китобҳои дӯстдоштаам, ки онро борҳо мутолиа намудаам, „Гулистон"-и Саъдии Шерозӣ мебошад.

"Гулистон"  -  яке  аз  бузургтарину  машҳуртарини адабиёти  классикии  тоҷик  ба  шумор  рафта,  зиёда  аз  750  сол  боз  дӯстдорони  каломи  бадеъ  онро ҳамчун  асари  тарбиявӣ  ва  ахлоқӣ  бо  майли  том мутолиа  менамоянд.  Ин  китоб  аз  ҳашт  боб  иборат буда,  мавзуҳои  гуногун  -  ҳақиқатпарастӣ,  ростгӯӣ, ҳақшиносӣ, эҳтиром гузоштану ба қадри якдигар расидан,  амонатнигоҳдорӣ,  шуҷоату  ҷасорат  доштан, хоксорӣ, меҳнатдӯстӣ ва дигар хислатҳои наҷиби инсониро тарғиб менамояд.

Аз ҷумла дар боби хоксорӣ Саъдии ширинсухан мефармояд:
Банни одам, ки сиришк аз хок дорад,
Агар хокӣ набошад, одамӣ нест.


Дар ҳар мавзуъ шоир ҳикоятеро меорад ва баъд барои  шарҳу  пурмазмун  намудини  он  чанд  мисраъ шеърро дар шакли қитъа илова мекунад. 

Дар боби "Дар сирати подшоҳон" ҳикояте оварда шудааста:  Маликзодаеро  ганҷи  фаровон  аз  падар мерос ёфт. Дасти карам баркушод ва доди саховат бидод, яъне молу неъмати зиёде ба мардум бахшид. Яке аз ҳамншинонаш, ки бахил буд, ӯро насиҳат кард, ки аз ин ҳиммату саховаташ даст кашад. Маликро ин суханон хуш наомад ва гуфт: Маро Худванди таоло молики ин мамлакат гардонидааст, то бихӯраму бибахшам, на посбон, ки нигоҳ дорам.
Қорун ҳалок шуд, чиҳил хона ганҷ дошт,
Нӯшервон намурд, ки номи накӯ гузошт.


Мақсади шоир аз овардани ин ҳикоят он аст, ки бояд подшоҳи адолатпеша, мардумдӯст ва бахшанда бошад.

Дар ҳикояти дигар омадааст, ки дар Миср ду бародари  амирзода  буданд.  Яке  илму  дониш  омӯхту дигаре  молу  сарват  ҷамъ  кард.  Оне,  ки  илм  омӯхт, олими машҳур ва алломаи айём гашту бародари дигар ҳокими Миср шуд. Ин тавонгару ҳоким ба баро-дари олиму фақеҳаш ба назари таҳқир назар карда гуфт:

- Ман ба дараҷаи подшоҳӣ расидам ва ту дар мискинию нодорӣ мондӣ.
Бародари олимаш гуфт:

- Шукри неъмат мекунам, ки мероси пайғамбаронёфтам, яъне илм ва туро мероси Фиръавну ҳамон расид, яъне мулки Миср. Ва дар қитъа боз илова мешавад:

Ман он мӯрам, ки дар поям бимоланд.
На занбурам, ки аз дастам биноланд.
Куҷо худ шукри ин неъмат гузорам.
Ки зӯри мардумозорӣ надорам.


Бузургию  қиммати  “Гулистон"  дар  он  аст,  ки ҳикоятҳои  кӯтоҳу  пурмаъно,  қиссаҳои  таърихӣ, байтҳои пурмазмун (қитъаҳо) ва панду андарзҳои он саршор аз одобу ахлоқ, тарбия, меҳри падару модар, ватандӯстӣ ва тарғиби ғояҳои инсондустӣ мебошад.

Илова  бар  ин  Саъдии  бузургвор  дар  ин  асари маъруфи  худ  баробари  овардани  наклу  ҳикоятҳои кӯтоҳу  пурмазмун,  боз  нақлу  қисса  ва  ҳикоятҳоеро меоварад,  ки  худаш  онҳоро  мушоҳида  кардааст  ва бевосита иштирокчии он лаҳзаҳои хотирмон будааст.

Шайх Саъдӣ дар боби ҳафтуми "Гулистон"-аш, ки "Дар таъсири тарбият" ном дорад, ҳикоятеро бо чунин мазмун  навиштааст:  “Муаллими  куттоберо  (ҷамъи котиб, нависандагон, мурод маҳалли дарсу нависандагист) дидам дар диёри Мағриб сахтир, нопарҳезгор ва серталаб. Шогирдонро сарзаниш мекард, танбеҳ медод ва сабақро аз шогирдон сахт талаб мекард. Ҳамин  сахтгирию  серталабӣ  буд,  ки  муридон  дониши  хуб  мегирифтанд.  Шунидам, ки  ӯро  биронданд  ва  мактаби  ӯро  ба  муслиҳе (накӯкор,  хайрхоҳ)  доданд.  Ин  муаллими  нав некмарди ҳалим, мулоимгуфтор буд ва касеро сахт намегирифт ва сарзаниш ҳам намекард.

Кӯдакон  диданд,  ки  ҳайбати  устоди  нахустин  аз  сар  бирафт  ва  муаллими  дувумиро ахлоқ   малакӣ  (фариштамонанд,  яъне  мулоим) диданд. Як-як дев шуданду (яъне беодобу бадахлоқ) ба эътимоди ҳилми (мулоим) ӯ тарки илм доданд.

Бисёри вақт ба бозича фароҳам нишастандӣ ва  лавҳи  дуруст  нокарда  дар  сари  ҳамдигар шикастандӣ.

Устоди муаллим чу бувад беозор,
Хирсак бозанд кӯдакон дар бозор.


Баъд аз ду ҳафта бар он масҷид гузар кардам,  муаллими  аввалинро  дидам,  ки  дил  хуш карда буданду ба ҷои хеш оварда. Ҳайрон шу-дам. Пирамарде зарифи ҷаҳондида гуфт:

Подшоҳе писар ба мактаб дод,
Лавҳи симин-ш бар канор ниҳод.
Бар сари лавҳи ӯ набишта ба зар:
"Ҷабри устод беҳ, ки меҳри падар".


Дар  китоб  калимаҳои  душворфаҳм  ба тариқи луғат шарҳ дода шудааст, ки фаҳмиши ҳикоятҳоро барои хонанда осон менамояд.

Шайх Саъдии Шерозӣ дар ҳикоятҳои пурмазмуну пурмуҳтавои "Гулистон" баробари дигар мавзуъҳо аҳамияти касбу ҳунар ва ҳунаромӯзиро тарғиб намуда, онро дар рӯзгор муҳим мешуморад. Ҳунарро "чашмаи зоянда ва давлати поянда" гуфтааст. Дар як ҳикояти кӯтоҳ чунин мегӯяд:

"Аъробиеро  дидам,  ки  писарашро  мегуфт: Эй  фарзанд,  туро  хоҳанд  пурсид,  ки  ҳунарат чист? Нагӯянд, ки падарат кист?"

Дар боби ҷавонмардию ҳимматбаландӣ дар як  ҳикояте  бо  мазмуни  баланд  чунин  оварда шудааст:

Ҳотами Тойро гуфтанд:

- Аз худ бузургҳимматтар дар ҷаҳон дидаӣ ё шунидаӣ?

Гуфт:

-Бале.  Рӯзе  чиҳил  шутур  қурбонӣ  карда будам,  ашрофу  умарои  арабро.  Пас  ба  гӯшаи саҳрое ба ҳоҷате берун рафтам. Хоркашеро дидам, ки хори бисёре ҷамъ карда буд. 

Гуфтамаш:

- Ба меҳмонии Ҳотам чаро наравӣ, ки халқи зиёде ба дастархони ӯ ҷамъ омаданд?

Гуфт:

Ҳар кӣ нон аз амали хеш хӯрад,
Миннат аз Ҳотами Той набарад.


Ман ӯро ба ҳиммату ҷавонмардӣ аз худ бартар дидам.

Дар боби охирини китоб - боби ҳаштум панду андарзҳои кӯтоҳу пурмазмун ва ибратомӯз: (114-то) оварда шудааст, ки хонанда аз онҳо як ҷаҳон маънӣ мебардорад.

Дар яке он пандҳо омадааст: се чиз бе се чиз пойдор намемонад: мол бе тиҷорат, илм бе баҳс ва мулк бе сиёсат.

Ман  дар  китобхонаи  шахсиам  ин  китоби дӯстдоштаамро нигоҳ медорам ва дар вақтҳои холӣ онро мутолиа менамоям. Ба дигарон ҳам маслиҳат медиҳам, ки онро хонанд. Бовар дорам, ки "Гулистон" ба онҳо бисёр писанд меояд. Агар сидқан онро мутолиа намоянд, соҳиби ахлоқу  одоби  нек,  ростию  росткорӣ,  хоксорӣ, эҳтиром  гузоштан  ба  падару  модар,  сабру таҳаммул ва дигар хислатҳои неки инсонӣ мешаванд. Ҳамчун  тарғибгари  дӯстию  вафодорӣ  Саъдии бузург чунин панд медиҳад: "Хонаи дӯстон бирӯб ва дари душманон макӯб".

Дар тақвияти ин пандаш боз мегӯяд:

Душманамро бад намехоҳам, ки он бадбахтро
Ин уқубат бас, ки бинад дӯст ҳамзонуи дӯст.

Китоби  безаволи  "Гулистон"  бо  чунин мисраъҳои шеърӣ ба поён мерасад:

Муроди мо насиҳат буду гуфтем,
Ҳаволат бо Худо кардему рафтем.
Дар ҷойи дигар ба ҳамин маънӣ фармудааст:
Роҳи адаб ин аст, ки Саъдӣ ба ту омӯхт,
Гар гӯш бидорӣ, беҳ аз ин тарбияте нест.


Аъзам БОБОВ,
рӯзноманиго

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода