Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар ситоиши Мавлоно


Дар ситоиши Мавлоно



Орифи бузург Мавлонои Балхӣ дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам бо завқу шавқи беандоза чи пиру чи ҷавон, чи марду чи зан, новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд.

Пешвои миллат  Эмомалӣ РАҲМОН


“Ман умрамро сарфи адабиёти форсӣ кардам, барои ин, ки ба шумо-устодон ва равшанфикрони ҷаҳон бишносонам, ки ин адабиёти аҷиб чист, чорае надорам ҷуз ин ки ба муқоиса бипардозам ва бигӯям, ки адабиёти форсӣ бар чор сутуни аслӣ абадан пойбарҷост: Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Мавлоно. Фирдавсӣ ҳамсанг ва ҳамтои Ҳомери юнонанд ва бартар аз ӯ.

Саъдӣ - Анатол Франси файласуфро ба ёди мо меорад ва донотар аз ӯ. Ҳофиз ба Ҳётеи олмонӣ қобили қиёс аст, ки ӯ худро шогирди Ҳофиз мешуморад. Аммо Мавлоно... дар ҷаҳон ҳеҷ чеҳраеро наёфтам, ки битавонам Мавлоноро ба ӯ ташбеҳ кунам, ӯ беҳамтост ва беҳамто боқӣ хоҳад монд. Ӯ фақат шоир нест, балки бештар ҷомеашинос аст ва бавижа равоншиноси комил, ки зоти башар ва Худовандро дақиқ мешиносад, қадри ӯро бидонед ва ба василаи ӯ худ ва Худоро бишносед...”

Ҳенри Моссе

Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ бидуни муболиға, аз бузургтарин устодони забону адаби мо барои ҳамаи давру замонҳост, ки бо гузашти солҳову садсолаҳо сухани баланди тобнокаш беш аз пеш ба дидаҳо зиёву нур ва ба дилҳои аҳли завқ шодию сурур мебахшад ва барои ҳифзи шевоию асолат ва пойдорию устувории забони тоҷикии имрӯзу фардо хидмат мекунад.

Ҳасани Султон, узви вобастаи АМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар таърихи адабиёти форсӣ баробари ҳамчун орифи соҳибназар ва сӯфии соҳибмашраб эътироф гардидан, ба ҳайси шоири хаёлпардоз ва суханвари мумтоз шинохта шудааст, ки дар идомаи ҷодаи шуарои сӯфимашрабе чун Санойиву Аттор на танҳо барои нубуғи шеъри ирфонӣ, балки дар равнақи адабии форсӣ мақоми вижае дарёфта ва ба қавли худаш оташе дар бешаи андешаҳои муридону мухлисони шеър афрухт.

Нуралӣ Нурзод, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров

Ҳикмати Ҷалолиддини Румӣ, пеш аз ҳама, инсонро барои ғанӣ кардани тафаккур, возеҳ намудани ҷаҳонбинӣ чиҳати дарки ашёву ҳодисоти олам ва ошкор кардани ҳақиқати воқеӣ ҳидоят менамояд. Ӯ нисбат ба дигар мавҷудоти зинда инсонро ба дараҷаи олӣ бардошта, зикр медорад, ки ба ӯ на аз ҷиҳати зоҳирӣ, балки ботинӣ баҳо диҳем. Аз ин мавқеъ Мавлоно камолоти инсонро дар худи ӯ меҷӯяд ва ӯро барои такмили маърифат ва дарёфти ҳақиқат водор менамояд.

Озар Орифӣ, омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода