Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ДИДОРИ ОМӮЗГОРИ СОБИҚАДОР РАФТ


РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ДИДОРИ ОМӮЗГОРИ СОБИҚАДОР РАФТ



Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар арафаи Рӯзи дониш ба дидорбинии омӯзгори давраи мактабиаш Зубайдулло Убайдуллоев рафт.

Зубайдулло Убайдуллоев омӯзгори собиқадори муассисаи таълимии рақами 4-и ноҳияи Данғара мебошад. Шогирдони ӯ имрӯзҳо дар вазифаҳо ва касбу кори гуногун фаъолияти пурмаҳсул доранд.

Барои заҳматҳои бисёрсола дар соҳаи маориф ва таълиму тарбияи шоистаи насли наврас, мусоидат дар омода гардидани кадрҳои лаёқатманд, пешбурди фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, инчунин саҳми назаррас дар тайёр кардани омӯзгорони ҷавон устоди собиқадор Зубайдулло Убайдуллоев бо нишони сарисинагии "Омӯзгори ифтихории Хатлон" қадрдонӣ карда шуд.[hide][/hide]

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода