Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Вусъати корҳои ободонӣ дар Кӯшониён


Вусъати корҳои ободонӣ дар Кӯшониён




Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои сохтмонӣ дар бинои нави 2-ошёнаи Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ бомаром идома доранд.
 
Иншооти мазкур бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, бо тамоми шароити мусоиди корӣ таъмин хоҳад гашт. Айни замон рангубори дохили бино ба итмом расида, корҳои сохтмонӣ дар намои берунаи бино ва атрофи он идома доранд. 
 
Бояд гуфт, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Кӯшониён сохтмони 252 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ 57 адади он мавриди истифода қарор дода шудааст. 


http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода