Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ФИРӮЗА ШАРИФӢ: «ҲАДАФИ ҲУКУМАТИ КИШВАР - РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ СОЛИМИИ АҲОЛӢ»


ФИРӮЗА ШАРИФӢ: «ҲАДАФИ ҲУКУМАТИ КИШВАР - РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ СОЛИМИИ АҲОЛӢ»




Имрӯз, 17 август, дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар бо иштироки Фирӯза Шарифӣ, муоини раиси вилояти Хатлон, Шайдулло Шарифзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони шуъбаву бахшҳои беморхонаҳои вилоят, сардухтур ва духтурони соҳавии беморхонаҳо, мутахассисони ҷавон ва дигар шахсон чорабинии идона бахшида ба Рӯзи корандони тибби Тоҷикистон  доир гардид.

Нахуст, ҳозирин аз намоиши омоданамудаи кормандони соҳаи тандурустӣ, ки аз шаҳру навоҳии вилоят ҷамъ омада буданд, дидан намуданд. Дар намоиш маводи дорувории таббӣ, намунаи технологияҳои муосир барои табобати узвҳои гуногуни бадан, барномаҳои рушди соҳаи тандурустӣ ва дигар маводҳои тиббӣ ба марази тамошобинон гузошта шуд.

Қисмати дигари чорабинӣ дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар сурат гирифт. Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон баромад намуда, кормандони соҳаи тандурустии вилоятро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тибби Тоҷикистон ва гиромидошти зодрӯзи саромади пажӯҳишгари илмӣ ва амалияи тибби ҷаҳонӣ Абӯалӣ ибни Сино таҳният гуфт. 

-Дар ростои Рӯзи кормандони соҳаи тиб, ки дар арафаи муқаддастарин ид – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ба таърихи сивудусолаи давлати навини хеш назар намуда, бо ифтихору сарфарозӣ гуфта метавонем, ки мо дар ин фурсати аз нигоҳи таърихӣ кӯтоҳ, бо татбиқи нақшаву барномаҳои давлатмеҳварӣ дар роҳи эъмори Тоҷикистони нав – ормонҳои миллӣ ва ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои назаррас мушарраф гардидем, - изҳор дошт Ф. Шарифӣ зимни ироаи баромади худ. 

Зимни баромад изҳор карда шуд, ки Истиқлоли давлатӣ дар самти рушди пешрафти соҳаи тибби вилоят ва ҷумҳурӣ ҳиссаи созгор гузошта, барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар доираи барномаву стратегияҳои милливу соҳавӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида шуд.

Мавсуф аз инкишофи бемайлони соҳаи тандурустӣ дар вилоят ёдовар гардида, дар асоси барномаҳои “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ то соли 2030”, “Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар соҳаи тандурустӣ”, “Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021–2025” ва дигар барномаҳои милливу соҳавӣ, ки вобаста ба самтҳои алоҳидаи ҳифзи саломатии аҳолӣ таҳия ва қабул шудаанд, соҳаи тандурустии вилоят фаъолият намуда истодааст.

Гуфта шуд, ки айни замон дар вилоят 1785 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла 10 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, 110 муассисаи беморхонавӣ, 259 маркази махсусгардонидашуда, 2 маркази ёрии таъҷилӣ фаъолият намуда истодаанд. 

 Дар ин асно, Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, таъкид намуд, ки хушбахтона, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои соҳои 2021–2025” бо маблағи 1 милларду 315 миллион сомонӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва шарикони рушд тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад, ки ин ғамхории Роҳбари давлат барои беҳдоштии сиҳатии мардум ва рушди соҳаи тиб равона карда шудааст.

Дар самти тайёр намудани кадрҳои баландтахассус ва кам кардани норасоии кадрӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Ин нуктаро Фирӯза Шарифӣ мавриди эрод қарор дода, изҳор дошт, ки аз 1287 нафар кормандони соҳаи тиб, ки дар муассисаҳои соҳаи тиб фаъолият доранд, ҳамагӣ 29 нафар номзади илм ва 2 нафар доктори илмҳои тиб мебошаду халос. Ҳамзамон, аз ин шумора, 314 нафар табибон, 602 нафар кормандони миёнаи тиб ва 371 нафар кормандони ёрирасон мебошанд.

Ҷасури ҚИЁМИДДИН, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода