Рӯзномаи Хатлон » ХАБАРНИГОРИ ҶАВОНИ«ХАТЛОН» БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ РАФТ


ХАБАРНИГОРИ ҶАВОНИ«ХАТЛОН» БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ РАФТ



8 АПРЕЛ БО ХОҲИШИ ХУД ВА ДУОИ МОДАР, ҶАВОНИ ФАЪОЛУ ВАТАНДӮСТ МУНАВВАРШОИ ЗАФАР, МАСЪУЛИ БАХШИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ АНГЛИСИИ РӮЗНОМАИ«ХАТЛОН» САРБАЛАНДОНА БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ШОМИЛ ГАРДИД

- Қариб ду сол дар рӯзномаи«Хатлон» фаъо-лият доштам ва ин муҳити эҷодӣ барои ман бис-ёр  муқаддас  мебошад.  Дар  ин  муддат  устодон ҳамеша мо- ҷавононро дастгирӣ намуда, барои рушди  касбӣ  роҳнамоӣ  мекарданд.  Самимияти худро ба ҳамаи устодон ва ҳамкорон баён кардан  мехоҳам.  Дастгирии  пайвастаи  эшон  боис гардид, ки ман дар ҷомеа мавқеи худро пайдо на-муда, ҳамчун шахсият шинохта шавам, - бо ифтихор мегӯяд Мунавваршо. - Ман аз онҳо ҳам дарси иттилоот меомӯхтам ва ҳам дарси низом, дарси интизом, садоқат ва хизмати содиқона ба Ватан. 

Маҳз дар ҳамин муҳит ман арзишҳои волое чун дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба хоки муқаддас ва омодагӣ ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро омӯхтам. Имрӯз бо эҳсоси баланди масъулият ба хизмати ҳарбӣ шомил мешавам. Бовар дорам, ки ин қарзи шаҳрвандиро бо сари баланд иҷро намуда, боз ҳам бо таҷриба ва рӯҳияи қавитар ба назди шумо бармегардам. Интизор бош, «Хатлон», ман бармегардам.

Мунавваршои Зафар соли2022 ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуда, дар давоми таҳсил бо ҷиддият ба омӯзиши забони англисӣ машғул гардид. Ӯ бо заҳмату талош тавонист ин забонро дар сатҳи хуб аз худ намояд ва донишу маҳорати худро на танҳо дар пешрафти шахсӣ, балки барои манфиати ҷомеа низ истифода барад.

-Мунавваршо  фарзанди  қобил  ва  дилбанди рӯзномаи«Хатлон» аст. Ӯ ҷавони ҷасур, бебок,  меҳандӯст буда, аз рӯзҳои нахуст худро ҳамчун шахси  масъулиятшинос  ва  содиқ  ба  арзишҳои миллӣ муаррифӣ намудааст. Дар муҳити эҷодии рӯзнома  бо  рафтору  гуфтор,  ахлоқи  ҳамида  ва муносибати  ҷиддӣ  ба  касб  сазовори  эҳтироми ҳамкорон гардида, ҷойгоҳи хоси худро пайдо кард.  Мутмаинам, ки ӯ хизмати Модар-Ватанро низ бо сари баланду масъулияти том ва эҳсоси амиқи қарзи шаҳрвандӣ шарафмандона анҷом медиҳад. 

Мо ба иродаи қавӣ, садоқат ва рӯҳияи баланди ӯ эътимоди комил дорем. Бовар дорем, ки пас аз анҷоми хизмати ҳарбӣ ба назди мо баргашта,  фаъолияти худро дар ҷодаи журналистика идома хоҳад дод. Роҳаш ҳамеша мунаввар ва саодати рӯзгораш бегазанд бод!, - мегӯяд Н. Маъмурзода,  сармуҳаррири рӯзномаи«Хатлон».

Дар баробари таҳсил, Мунавваршо фаъолияти омӯзгориро низ пеш бурда, муддате дар Муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон роҳбарии маҳфили забони англисиро ба уҳда дошт. Ин таҷриба барои ташаккули шахсияти ӯ ҳамчун як мутахассиси ҷавон заминаи мусоид фароҳам овард.

Фаъолияти меҳнатии ӯ дар рӯзномаи«Хатлон» аз вазифаи омӯзгори фанни забони англисӣ оғоз гардида,  баъдан  ҳамчун  хабарнигор-  масъули бахши омӯзиши забони  англисии нашрия идома ёфт. Дар ин муддат Мунавваршо бо навиштани мақолаҳои  пурмазмун  ва  саршор  аз  эҳсоси  баланди ватандорӣ, дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон низ саҳми назаррас гузошт. Ӯ, ба қавле,  то имрӯз ҳамчун«сарбози иттилоотӣ» дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатӣ хизмат кардааст.

Хонанда ва бинандагони саҳифаҳои иҷтимоии рӯзномаи«Хатлон» Мунавваршоро  бештар  тавассути рубрикаи маъруфи«Як ибора» мешиносанд. Ин рубрика дар байни мардум маҳбубият пайдо карда, тавассути он ҷавонону наврасон ба омӯзиши забони англисӣ ҷалб мегардиданд. Бо чунин иқдомҳои созанда, ӯ тавонист саҳми худро дар баланд бардоштани маърифати забондонии ҷомеа гузорад.

-Мунавваршои Зафар дар муддати фаъолияташ дар рӯзномаи«Хатлон» худро ҳамчун ҷавони масъулиятшинос,  фаъол  ва  дорои  ҷаҳонбинии васеъ муаррифӣ намуд. Ӯ дар иҷрои вазифаҳои касбӣ  ҷиддӣ  муносибат  мекард,  ҳамеша  талош дошт, ки ба ҳар як мавод мазмуни амиқ ва таъсирбахш бахшад.  Дар баробари ин, Мунавваршо аз зумраи он ҷавононест, ки қадри каломи матбуот ва масъулияти сарбози иттилоотиро хуб дарк кардааст. Ӯ дар муҳити рӯзнома маҳорати касбиро сайқал дод, дар худ хислатҳои муҳим,  интизом, устуворӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ ва давлатиро  парвариш  намуд.  Ин  омилҳо  гувоҳӣ медиҳанд, ки ӯ барои хизмат дар ҳар ду ҷабҳа, ҳам иттилоотӣ ва ҳам низомӣ омода аст, - гуфт Саттор Қарахонов, котиби масъули рӯзнома. 

Муваффақиятҳои  Мунавваршо дар соҳаи рӯзноманигорӣ низ назаррасанд. Моҳи марти соли ҷорӣ ӯ ба-рандаи ҷоизаи Итифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Воҳид Асрорӣ гардид.  Ин  ҷоиза  ба  донишҷӯёне тақдим  мегардад,  ки  дар  баробари таҳсил бо расонаҳо ҳамкории фаъол  дошта, бо навиштаҳои худ дар рушди журналистика саҳми арзанда мегузоранд. Сазовор гардидани Мунавваршо ба ин ҷоиза гувоҳи заҳмату истеъдоди баланди ӯст.

-Мунавваршо ҷавони доно, зирак, далер  ва  ҳушёр  буда,  дар  тамоми чорабиниҳо фаъолона иштирок менамуд. Ӯ миёни ҳамсолони худ ба таври назаррас фарқ мекунад. Аз рӯзҳои аввали таҳсил дар донишгоҳ маълум буд, ки ҳисси ватандӯстии ӯ баланд аст.  Ҳайати  омӯзгорони  кафедраи рӯзноманигории  Донишгоҳи  давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз  фаъолияти  таълимӣ  ва  сатҳи  донишандӯзии Мунавваршо дар давоми чор соли таҳсил изҳори қаноатмандӣ менамоянд,- гуфт Сангимурод Шарипов, мудири кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав.

Имрӯз Мунавваршои Зафар мехоҳад ҳамчун сарбози низомӣ дар ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошад.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир хабарнигорони рӯзномаи«Хатлон» дар баробари иҷрои рисолати касбӣ, ҳамчун ҳомиёни Ватан низ фаъолона иштирок доранд. Далер Ибодуллозода, Абдулло Риоев, Набиҷони Саидаброр ва акнун Мунавваршои Зафар намунаи ибратбахши ҷавонони ватандӯст мебошанд.

Мунавваршо нишон дод, ки хизмат ба Ватан танҳо бо сухан не, бо амал исбот мегардад. Аз саҳнаи матбуот то сафи Артиши миллӣ ин ҷавони боирода бо қадамҳои устувор ба сӯи иҷрои рисолати муқаддас- ҳифзи Ватан ҳаракат мекунад. Бешубҳа,  чунин  ҷавонон  неруи  асосии ҷомеа  буда,  ояндаи  дурахшони  Тоҷикистони соҳибистиқлолро таъмин менамоянд.

P.S.  Мо,  ҳайати  рӯзномаи«Хатлон»,  бо эҳсоси ифтихор ва умеди нек ӯро ба хизмати ҳарбӣ гусел кардем. Бовар дорем, ки Мунавваршо  ин  марҳилаи  муҳими  ҳаётро  бо сарбаландӣ паси сар намуда, боз ҳам пухтата-ру таҷрибадортар ба назди мо бармегардад ва фаъолияти худро дар роҳи рушди журналисти-каи тоҷик идома медиҳад.

Набиҷони САИДАБРОР,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода