Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Номаи иқболи миллат Ваҳдат аст


Номаи иқболи миллат Ваҳдат аст


Ваҳдат асоси ҳастӣ дар рўйи олам аст. Ваҳдат бақои давлату миллат ва роҳнамои инсонҳо ба олами меҳру вафо мебошад. Ваҳдат мероси арзишманди  маънавии  ниёгонамон  буда,  ҳамчун воситаи расидан ба сулҳу салоҳ ва якдигарфаҳмӣ дар  тақвияти  раванди  созандагиву  бунёдкорӣ мусоидат менамояд. 

Дар  солҳои  аввали  соҳибистиқлолии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аксар ҷомеашиносони ҷаҳон нисбат ба фардои дурахшони кишвари мо чандон  эътимод  надоштанд.  Зеро таҷрибаи  талхи  баъзе  кишварҳо собит  менамуд,  ки  аз  набудани сарвари оқилу дурандеш нифоқ ва парокандагӣ  дар  ҷомеа  ба  дарозо мекашад. 

Хушбахтона,  афкору  андешаи баҳамоӣ  дар  дили  мардуми  тоҷик мақом  гирифт  ва  16-уми  ноябри соли  1992  Иҷлосияи  XVI  Шӯрои Олии  кишвар,  ки  дар  китоби  таърихи  миллат  бо  номи  «Иҷлосияи тақдирсоз»  сабт  гардидааст,  дар Қасри  Арбоби  шаҳри  Хуҷанд  баргузор  шуд.  Он  рўзҳо  чашми  умеди ҳамаи  сокинони  кишвар  ба  сӯйи Хуҷандшаҳр буд, то як нафар фарди хирадманду дурандеш ба арсаи сиёсат ояду Тоҷикистонро ба кишвари демократӣ,  ҳуқуқбунёд  ва  дунявӣ табдил  диҳад.  Дар  ин  рӯзи  фархунда  фарзанди  оқилу  фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси  Шўрои  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб  шуданд.  Маҳз дар ҳамин Иҷлосия самти сиёсати сулҳпарваронаи  Сарвари  тозаинтихоб,  Пешвои  муаззами  миллат муайян  гардид.  Барои  дар  ҷомеа устувор  гардидани  ваҳдат  ва  бо ин  васила  нигоҳ  доштани  асолати маънавию ахлоқӣ, мушаххас намудани рисолати зиндагӣ дар замони соҳибистиқлолии  кишвар  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  корҳои  назаррасро  ба  со-мон расониданд. 

Оре, Ваҳдати миллӣ оғози бунё-ди давлати навин ва соҳибистиқлол шуд ва ин сана рамзи якдигарфаҳмӣ ва оромиву суботро ифода намуда, боиси  эҳёи  арзишҳои  маънавию фарҳангии  кишвар  гардид.  Дар оғози  соҳибистиқлолии  кишвар мафҳуми  ваҳдат  мо  -  сокини  киш-варро  водор  намуд,  то  барои  оян-даи дурахшони Тоҷикистон саъю та-лош варзем. Ваҳдати миллӣ барои аз  байн  бурдани  иллатҳои  носозгори  ҷомеа,  аз  ҷумла  маҳалгароӣ, таассуб,  хурофот  ва  парокандагӣ мусоидат  намуда,  инчунин  замина фароҳам овард, ки дар байни мар-дум раванди гаравиш ба фарҳанги бегона  коҳиш  ёбад.  Инак,  солиё-ни  зиёд  аст,  ки  дар  фазои  Ватани азизамон  кабутари  сулҳу  ваҳдат болу  пар  меафшонад.  Ҳар  сокини кишвар  бо  шукргузорӣ  аз  ободии ин  марзу  бум  аз  ҷашни  Ваҳдати миллӣ, аз пайғоми рӯшноиву нидои озодӣ,  аз  муждаи  иқболу  нусрат истиқбол менамояд. 

Шукрона  аз  он  мекунем,  ки  офтоби  Истиқлол  бо  нури  Ваҳдат  ба олами  иқболи  миллат  зиёву  сафо мебахшад.  Бе  Ваҳдати  миллӣ муттаҳидӣ  ва  сарҷамъ  шудани  сокинони  ҷумҳуриро  тасаввур  на-мудан  имконнопазир  аст.  Барои як  миллати  воҳид  ваҳдат  ҳамчун обу  ҳаво  зарур  мебошад.  Ваҳдати миллӣ барои сокинони Тоҷикистони азиз асоси ифтихороти ватандориву  хештаншиносӣ  гардид.  Воқеан, нақши  сулҳу  ваҳдат  дар  таҳкими Истиқлоли  давлатӣ  ва  гулгулшукуфоии ватани мо бузург аст. Ваҳдати миллӣ  дар  радифи  Истиқлоли давлатӣ  қувваи  бузургу  созанда гардид, ки дар дилу зеҳни сокинони кишвар эҳсосу идроки худшиносиву худогоҳиро ташаккул дод. Ин иқдом собит  намуд,  ки  бе  сулҳу  якдилӣ натанҳо  Истиқлол,  ҳамчунин мавҷудияти Ватан ва миллатро хатар  таҳдид  менамояд.  Расидан  ба Ваҳдати миллӣ натиҷаи маданияту фарҳанги волост. Дар боби тақвият бахшидани  раванди  худшиносӣ  ва устувор  намудани  ҳувияти  миллӣ фарҳанг саҳми назаррас дорад.

Ҳастии  миллатро  бо  ҳастии фарҳанг тавъам шинохтани Асосгу-зори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ҳар  як  сокини  кишварро ҳушдор  медиҳад,  ки  дар  ҳифзи асолати  фарҳанги  хеш  саҳм  гуорем.  Устувор  гардидани  сулҳу ваҳдат  ба  пешравии  чашмраси  соҳаҳои  иқтисодиву  иҷтимоӣ  ва  фарҳангиву  сиёсӣ  мусоидат  кард.
 
Эъмори  роҳҳои  муосир,  бунёди  корхонаҳои  азим  ва  муассисаҳои  иҷтимоӣ,  рушди  соҳаҳои  тиб,  маориф  ва  иқтисодиёт,  ободии  шаҳру ноҳия  ва  деҳаҳои  кишвар  натиҷаи ваҳдату якдилӣ мебошанд. Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии  Пешвои  миллат  барои  пешрафти  зиндагии  мардум  шароити  созанда  муҳайё кард. Месазад, ки ҳар яки мо бо шукру сипос аз чунин шароит ва  имконияти  мусоиди  таърихӣ  ҷиҳати  таъмини зиндагии пурфайзу бобаракат ва пойдории Ваҳдати миллӣ азму  талош варзем.

Зебуннисо ҚОСИМОВА, 
директори МТМУ №33,  ноҳияи Ҷ. Балхӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода