Ҳоҷишаванда бо 30 000 сомонӣ пул сохт!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 333
Боиси хурсандист, ки мардуми хайрхоҳ барои осон шудани кори дигарон иқдомҳои наҷиберо пеша мекунанд. Баъди он ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон аз мардум хост, то дар баробари сафари ҳаҷ корҳои созандагӣ дар Ватан анҷом бидиҳанд, ҳоҷишавандаҳои зиёде корҳои наҷиберо пиёда карданд. Яке мактаб сохту дигарӣ роҳҳоро мумфарш кард ва сеюмӣ мардумро ба оби ошомиданӣ таъмин намуд.
Бузурге мефармояд, ки дари мактаберо кушодан маънии онро дорад, ки дари зиндонеро маҳкам мекунӣ. Аз ин рӯ, мардуми шарафманди тоҷик корҳои хайреро барои миллат анҷом доданд ва мактабҳои наву замонавӣ барои насли наврас сохтанд.
Дар арафаи таҷлил аз ҷашни Ваҳдати миллӣ ва иди саиди Қурбон Мавлонов Хизралӣ, сокини деҳаи Яхшори Ҷамоати деҳоти “Лангардара”-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо маблағи барои ҳаҷ ҷудокардааш пули дарозиаш 10 метр ва бараш 3,5 метрро дар ин деҳа сохта ба истифода дод.
Ӯ имсол бо хоҳиши худ ва дастгирии фарзандонаш бояд сафари ҳаҷ мекард, аммо аз азмаш баргашт ва кореро ба сомон расонид, ки мардуми деҳааш ба он эҳтиёҷ доштанд. Ӯ маблағи сафари ҳаҷро барои ободонии деҳа ва бартарафсозии мушкилоти ҳамсояҳояш харҷ кард. Ҳамчунон ки Мавлонои бузургвор мефармояд:
Ай қавми ба ҳаҷрафта, куҷоед, куҷоед?
Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед.
Маъшуқи ту ҳамсояи девор ба девор,
Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед?
Ин марди шариф барои бунёди пул беш аз 30 ҳазор сомонӣ харҷ кардааст. Ин пул, ки роҳи сокинони деҳаашро бо деҳаҳои ҳамсоя - Вағлел ва Оҳангарон пайванд месозад, то ҳол пули мошингузар надошт. Инчунин, он пули пешинаи чӯбин чанде пеш шикаста шуда буду мардум азоб доштанд.
Ба гуфти сокинони деҳаи Яхшор, 35 сол мешавад, ки пули одамгузар барои онҳо хизмат мекунад ва ҳар сол аз тарафи сокинони се деҳа онро таъмир мекарданд, аммо бенатиҷа буд ва қариб ҳар сол шикаста мешуд.
Дар тӯли 35 сол сокинони деҳаҳои болозикр маводҳои озуқаворӣ ва борҷомаҳои худро тариқи ронандаҳои мусофиркаш то назди пули мошингузар оварда, аз ин тарафи пул то деҳаҳои Яхшор, Вағлел ва Оҳангарон, ки масофаи 7 то 10 километрро дар бар мегирад, тариқи ҳайвонҳои боркаш кашонда мебурданд. Ин пул натанҳо роҳ ба сӯи деҳаи Яхшор, балки се деҳаро бо ҳам пайваст кард.
Дар маросими кушодашавии пули мазкур Шоҳиён Юсуф, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Гулзода Зафар Шамсуддин, раиси ноҳия, иштирок намуданд.
Амаки Хизралӣ ҳангоми суҳбат ба мо гуфт: “Пеш аз ҳама, сулҳу суботи комил дар ватан аст, ки имрӯзҳо ҳазорҳо нафар тоҷикон барои сафари ҳаҷ мераванд.
Ман ҳадаф гузоштам, ки бар ивази ҳаҷ чунин кори хайрро ба сомон расонам. Ман ба сокинони бошарафи Тоҷикистони азиз муроҷиат карданиам, ки шахсоне, ки қувват ва дороиву тавоноӣ доранд, ба ҷойи рафтан ба Ҳаҷ, ба ободкорӣ дар Ватан даст бизананд. Мактаб сохтан, роҳ сохтан, ё оби нӯшокӣ баровардан ба гурӯҳи садақаи ҷория дохил мешаванд”.
Амаки Хизралӣ дар оянда ният дорад, ки роҳе, ки аз маркази деҳаи Лангардара то ба деҳаи Яхшор мерасад, онро пурра сангфарш намояд.
Хизралӣ Мавлонов барои ҳар яки мо намунаи ибрат аст. Бузургони мо мегуфтанд, ки пеш аз сафари ҳаҷ бояд аз ҳолу аҳволи 40 нафар ҳамсояи худ хабардор шавӣ, розигиашонро ба даст оварӣ ва баъд рахти сафар бубандӣ. Аз ин рӯ, аввал мушкилоти ҳамсояҳои худро бояд ҳал кунем, як гӯшаи ватанро обод созем ва баъд ба сафари ҳаҷ бароем.
Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ ,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...