Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА СОХТМОНИ БИНОИ ХОБГОҲ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ БОХТАР САНГИ АСОС ГУЗОШТ


РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА СОХТМОНИ БИНОИ ХОБГОҲ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ БОХТАР САНГИ АСОС ГУЗОШТ



23 июн раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маросими гузоштани санги асос дар сохтмони бинои хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок намуд.

Дар ин маросим раиси вилоят аз ҷумла қайд намуд, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав яке аз бузургтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар вилоят маҳсуб мегардад. Дар донишгоҳ беш аз 20 ҳазор донишҷӯ дар шакли таҳсили рӯзона ва фосилавӣ аз тамоми минтақаҳои кишвар ва зиёда 200 нафар аз кишварҳои хориҷ, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Узбекистону Туркменистон ва Давлати исломии Афғонистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. 

Бо дар назардошти ин, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи иҷтмимоии донишҷӯён тасмим гирифта шуд, ки дар донишгоҳ хобгоҳи нав бунёд карда шавад.
Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи сохтмони бинои 7-ошёнаи хобгоҳ аз ҷониби КВД «Лоиҳакаш»-и шаҳри Душанбе барои 460 нафар донишҷӯён таҳия гардида, аз экспертизаи давлатӣ гузаштааст. 

Хобгоҳи нав аз толори варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ, синфхонаи курси тақвият додани маҳорати омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, анбори нигоҳдории маводҳои хобгоҳ ва дар масоҳати умумии 5810 м2 ҳуҷраҳои хоби донишҷӯён иборат хоҳад буд. 

Вобаста ба иҷрои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тибқи нақшаи генералии шаҳрдорӣ сохтмони  бинои дуюми хобгоҳ ва дигар инфросохторро дар назар дорад. 

- Бунёди хобгоҳи нав метавонад эҳтиёҷоти донишҷӯёни ба хобгоҳ ниёздоштаро то андозае бартараф намуда, мушкилоти саривақт ҳозиршавии донишҷӯёнро ба машғулиятҳоро ҳал кунад, - зикр намуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид. - Гузашта аз ин, назорати ҳамешагии масъулин дар вақти фориғ аз дарсҳои нақшавӣ, ташкили дарсҳои иловагӣ метавонад боиси самаранок истифодабарии вақти ҷавонон гардида, пешгирӣ аз содиршавии ҷиноятҳои гуногун гардад. Ҳамзамон, бунёди иншооти мазкур ба фарогирии бештари донишҷӯён ба ҷойи зисти муваққатӣ дар самти раддабандии донишгоҳ нишонаи мусбат хоҳад буд.

Раиси вилоят ҳамчунин зимни мулоқот бо устодони донишгоҳ онҳоро ба тарбияи кадрҳои болаёқат, дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ ба камол расонидани шогирдон, ҳарчи бештар машғул шудан ба пажӯҳишҳои илмӣ, хоса илмҳои дақиқ, истифодаи самарабахши натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дар истеҳсолот даъват намуд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода