Ҳайати Хатлон дар ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2023" ширкат меварзад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 412
Ҳайати вилояти Хатлон барои ширкат дар 9-умин ярмаркаи байналмиллалии савдо "Суғд-2023" ба шаҳри Хуҷанд рафтанд.
Ҳайати бо роҳбарии муовини раиси вилоят Акрам Сулаймонзода кори худро аз шиносоӣ бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" оғоз кард.
Қобили зикр аст, ки ярмаркаи IX байналмилалии савдо "Суғд-2023" бо мақсади дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав, густариши ҳамкориҳо миёни кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ соли нуҳум аст, ки дар вилояти Суғд ташкил карда мешавад.
Дар доираи ярмаркаи "Суғд-2023" ҳамзамон ташкилу баргузории Форуми соҳибкории ҷавонон, Форуми имкониятҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ, ҷаласаи сайёри соҳибкории Тоҷикистону Россия, муҳокимаи панелӣ дар мавзуи «Нақши ниҳодҳои молиявӣ дар рушди иқтисоди минтақа», конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи «Дурнамои рушди туризм дар Роҳи бузурги Абрешим», инчунин Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ низ ба нақша гирифта шуда, дар назар аст, ки дар ярмарка ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни худро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расонанд.
Ярмаркаи байналмиллалии савдо "Суғд-2023" рӯзҳои 22-24 июн баргузор мегардад.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00