Марзи номус
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 575
Вақте медонӣ, ки модарат осуда хоб аст, хоҳару бародарат дар муҳити амну осоиш таҳсил менамоянд, вақте яқин астӣ, ки ҳамватанат ба ту эътимод дораду ҷони худро ба ту амонат супурдааст, бо як ҷаҳон ғурур сарҳади меҳанро посбонӣ ва бар ивази ҷонат онро муҳофизат мекунӣ.
Шояд барои ҳифзи амнияти кишварам кӯчактарин хидмате мекунам, аммо худро хушбахттарин шаҳрванди Тоҷикистони азиз меҳисобам.
Рӯзе бо ҳамхизматонам барои таъмини бехатарии сарҳад баромадем. Сарҳади Тоҷикистон бо кишвари Афғонистон хеле наздик аст. Ҳамин аст, ки гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва қочоқчиён баъзан барои интиқол додани маводи мухаддир кӯшиши сарҳадшиканиро пеш мегиранд. Хушбахтона, сарҳадбонони зираку ҳушёр намегузоранд, ки онҳо ба мақсад расанд. -Хуш ба ҳоли мо-тоҷикистониён, ки Эмомалӣ Раҳмон дорему давлати амну осоишта ва шаҳрвандони озод. Ҳар ваҷаб хоки ватанро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем, сарҳадбонон, нагузоред, ки фазои кишварамон ноамн шавад, садои тир мардумро нороҳат кунад,-гуфт яке аз ҳамхизматонам.
Ин суханон ба ман як ҷаҳон неру бахшид. Ба либоси сарбозиам нигариста, ифтихор кардам, ки ман сарбози сарҳадбонам. Қавл додам, ки ҳеҷ гоҳ намегузорам оромии марз, хотири ҷамъи модар, осоиштагии ҳамватанон, хандаҳои хоҳару бародарон ва фазои Тоҷикистони азизам халалдор шавад. То охирин нафас сарҳади диёрамро ҳифз ва барояш синаи худро сипар хоҳам кард.
Дар қисми низомии мо ҳамхизматонамон аз тамоми гӯшаю канори кишвар - Суғду Хатлон, Рашту Зарафшону Бадахшон хизмати ҳарбиро сарбаландона пеш бурда истодаанд.
Далер ИБОДУЛЛОЗОДА ,
сарбози қатории Қӯшунҳои сарҳадӣ
дар ВМКБ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...