Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Меҳвари рушдбахшандаи сайёҳӣ


Меҳвари рушдбахшандаи сайёҳӣ



«Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди сайёҳиро яке аз соҳаҳои муҳиму афзалиятнок маънидод намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон сохтанд, ки дар панҷ соли охир ба кишвари мо беш аз 3,9 миллион нафар, аз ҷумла соли 2022-юм 1 миллион нафар сайёҳон ворид гардидаанд. Дар ин давра барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо беш аз 600 ва танҳо соли 2022- юм 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар ин замина, Роҳбари давлат ёдовар шуданд: «Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2022 ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуд ва зарур аст, ки ин раванд ба таври самаранок амалӣ карда шавад. Инчунин, бо ин мақсад барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби содакардашуда ҷорӣ гардидааст».

Президенти кишвар оид ба дурнамои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон таъкид ба амал оварданд: «Бояд ба масъалаҳои самаранок ва бо сифати баланд татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузории соҳа, идома додани бунёди инфрасохтори сайёҳии ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй, баланд бардоштани мавқеи байналмилалии кишвар, ташаккули бренди миллии фарогири имкониятҳои сайёҳӣ ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин, таъмини иқтидори кадрии соҳа диққати ҷиддӣ дода шавад».

Дар шароити кунунӣ интернет дар рушду инкишофи соҳаи сайёҳӣ нақши муҳим дорад. Чун сайёҳ вақте ки ба ин ё он кишвар ташриф меорад, дар баробари дигар хизматрасониҳо, пеш аз ҳама, ба хизматрасонии интернетӣ аҳамияти махсус медиҳад ва аз он ба таври васеъ истифода мебарад. Аз ин рӯ, хизматрасонии интернетӣ бояд, ки дар сатҳи баланд қарор дошта бошад.

Дар ҳамин замина, Сарвари давлат дар Паём ба масъалаи хизматрасонии интернетӣ дахл карда, чунин таъкид намуданд: «Рушди соҳаи алоқа, бахусус, таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, ҷалби сармоя ва ташкили паркҳои технологиву инноватсионӣ зарур мебошад. Ҳоло дар кишвар шумораи муштариёни интернет ба 4,5 миллион расидааст, ки ба 100 нафар аҳолӣ 45 муштарӣ рост меояд». Ҳамзамон, Президенти мамлакат суръат ва арзиши интернетро ғайриқаноатбахш ҳисобида, Хадамоти алоқаро муваззаф намуданд, ки якҷо бо ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

Ҷиҳати фароҳам овардани за минаи муосири ҳуқуқӣ барои ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо назардошти пешравию таҳаввулоти дар ин соҳа дар миқёси ҷаҳон бавуҷудомада сохтору мақомоти марбутаи кишвар вазифадор шуданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»- ро дар таҳрири нав таҳия ва манзур созанд. Тибқи тартиби муқарраргардида, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» таҳия шуда, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки ҳоло дар баррасӣ қарор дорад.

Фирўз Сайнозимзода,
мушовири калони Кумитаи
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба
қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода