Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » А. Ризозода: "Ташкилотҳои хусусӣ узви иттифоқи касаба намешаванд"


А. Ризозода: "Ташкилотҳои хусусӣ узви иттифоқи касаба намешаванд"




Абдурозиқ Ризозода, сардори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотии худ ба рӯзноманигорон изҳор намуд, ки дар баъзе ташкилоту корхонаҳои хусусӣ ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба  вуҷуд надорад ва ҳуқуқҳои кормандони онҳо ҳимоя намешаванд. Бар замини ин ду ташкилоти иттифоқи касабаи вилоятӣ - Кумитаи иттифоқи касабаи саноати сабук  ва бофандагии вилоят ва Кумитаи иттифоқи касабаи сохтмон ва масолеҳи сохтмонии вилоят аз фаъолият боз мондааст. 

- Маълумоти оморӣ дар бораи шумораи аъзоёни иттифоқҳои касаба, шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ, шартномаҳои коллективии басташуда ва дигар маълумот воқеӣ набуда, фарқияти зиёд дорад. Дар баъзе ташкилотҳои вилоятӣ ё ноҳиявии соҳавӣ тайи солҳои охир шумораи  ташкилотҳои ибтидоӣ кам нишон дода шуда, аъзои иттифоқи касаба бетағйир омада истодааст, ки ин аз  ғайривоқеӣ будани он шаҳодат медиҳад, - таъкид дошт Абдурозиқ Ризозода.

Ҳамчунин, зимни нишаст гуфта шуд, ки таҳлили вазъи пардохти музди меҳнати кормандони соҳаҳои иқтисодиёти вилоят нишон медиҳад, ки бо вуҷуди пешравиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ҳанӯз ҳам дар таъминоти эҳтиёҷоти иҷтимоии аҳолӣ бисёр мушкилиҳои ҳалталаб ҷой доранд. Бо вуҷуди болоравии устувори музди меҳнати номиналӣ тайи солҳои охир сатҳи музди меҳнати воқеӣ ва қобилияти харидории он паст буда, дар ташкили пардохти музди меҳнат камбудиҳоро ба миён оварда истодааст. 

Фарида Баротова, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода