Аз пахтаи Хатлон чиҳо истеҳсол шуд?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 561
Дар вилояти Хатлон тайи як соли охир 81928,7 тонна нахи пахта истеҳсол шудааст, ки 64,4%-и ҳаҷми нахи пахтаи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшударо ташкил медиҳад.
Заробиддин Файзуллозода, муовини раиси вилоят, зимни тасдиқи ин хабар ба рӯзномаи “Хатлон” гуфт, ки 21 фоизи нахи пахтаи дар вилоят истеҳсолгардида дар корхонаҳои ресандагии вилоят коркард шудааст.
- Дар вилояти Хатлон давоми соли гузашта 17378,6 тонна ресмони пахтагӣ истеҳсол шудааст, ки 92,5%-и ҳаҷми ресмони дар ҷумҳурӣ истеҳсолшударо ташкил медиҳад, - афзуд З. Файзуллозода.
17,9 фоизи ресмони дар вилоят истеҳсолшуда дар корхонаҳои бофандагии вилоят истифода гардида, 16,3 миллион метри мураббаъ газворҳои пахтагин, 457 ҳазор метри мураббаъ трикотаж ва 433 ҳазору 588 дона либоси таҳпӯш истеҳсол шудааст.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар вилоят 16 миллиону 267 ҳазору 800 метри мураббаъ газворҳои пахтагин низ истеҳсол шудааст, ки ба 65 дарсади ҳаҷми газворҳои дар тамоми ҷумҳурӣ истеҳсолшуда баробар аст.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00