Пешвои миллат - бунёдгузори мактаби ифтихори миллӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 705
Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки Сарвари тоҷикони олам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суннатҳои давлатдории гузаштагони худро аз Куруши Кабир то Исмоили Сомонӣ бо анъанаҳои давлатдории ҷаҳони муосир тавъам сохта, бори дигар онҳоро эҳё намуданд, бо сиёсати хирадмандона, ҳисси баланди ватандӯстиву худшиносӣ ва ифтихори миллии хешро собит намуданд.
“То даме, ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотираҳои таърихӣ, ифтихор аз мансубияти миллӣ дар шуури ҳар яки мо падид наояд, - зикр мекунанд Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, -то даме, ки ҳар кадоми мо манфиати миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиром нагузорем, то даме, ки хидмат ба Ватан ва миллат бароямон ба арзиши олии зиндагӣ табдил на-ёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем”.
Воқеан баъди талошу заҳматҳои зиёд, тавонистанд давлати комилан демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд. Ва ин ҳама натиҷаҳо нишонае аз мактаби сарварӣ ва худшиносии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, шинохтани Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Пешвои миллат, Асосгузори давлати навини тоҷикон аз рӯи адолати иҷтимоӣ буда, аз чорчӯбаи суннатҳои давлатдории ҷаҳони муосир берун нест.
Ҳамаи рӯйдодҳои сарнавиштсозе, ки дар тӯли чаҳоряк аср дар Тоҷикистон ба амал омадаанд, бо номи сиёсатмадори барҷаста, абармарди сулҳофарин, Пешвои эътирофшудаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ҳисси масъулият дар пеши имрӯзиён ва наслҳои оянда давлати мардумсолор эҷод намуда, ба ин васила халқи куҳанбунёди тоҷикро дар пеши ҷаҳониён соҳиби обрӯю манзалат намудааст, пайванди ногусастанӣ дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар рӯзҳои аввали сардори давлати тоҷикон интихоб шудана-шон чунин сухани воло гуфта буданд: «Ман кори худро аз
сулҳ оғоз мекунам».
Аввалин армуғоне, ки дар мақоми роҳбарии давлат ба мардуми тоҷик овард ин паёми сулҳ буд. Дар таълимоти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон категорияҳои “Ватандӯстӣ”, “Ваҳдати миллӣ” ва “Худшиносии миллӣ” маънои тавъам доранд, зеро иттиҳоди одамон фақат дар заминаи огоҳӣ аз мавқеву мақоми шахсият ва дарки умумияти нажоду фарҳангӣ ва таърихию иҷтимоӣ сурат мегирад. Бо фаъолияти ҳамарӯзаи пурсамари худ Сарвари кишвар ба нафъи халқу Ватан ва ояндаи неки Тоҷикистон талош варзида, мардуми шарафмандро беш аз пеш ба масоили худшиносию худогоҳӣ ва инсондӯстию ватанпарастӣ даъват менамоянд. Ба андешаи Роҳбари давлат: “Афрӯхтани шуълаи ифтихори миллӣ, парвариши эҳсоси худшиносию ватандӯстӣ ва дигар фазилатҳои неки инсонӣ аз синни кӯдакӣ дар оила ва таҳсил дар мактаб оғоз меёбад...”.
Маҳз ӯ буд, ки худшиносии миллиро ба унвони масъалаи ҳаёти ҷамъиятӣ ташхис дод ва роҳу равиш, густариш ва такомули онро муайян намуд.“Ташаккули давлатдории навин ва рушди ҳамаҷонибаи он бо эҳёи маънавӣ ва худшиносии миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад”.
Сарвари давлат ватандӯстию худшиносиро дар таълимоти худ ҳамчун оми-ли дарк намудани мақому манзалати инсонӣ, ҷустуҷӯйи ҳақиқату адолат ва озодию истиқлол маънидод мекунад ва нишон медиҳад, ки маҳз эҳсоси худшиносии миллӣ халқи тоҷикро дар марҳилаи гуногуни таърихи дуру дароз ва пурфоҷеааш ба талошу муборизаҳо баҳри истиқлолу озодӣ раҳнамун сохтааст. Таъкид менамояд, ки бедории сиёсӣ ва ҳисси ватандӯстии мардум буд, ки ҷумҳурии мо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошт.
Бо дарназардошти чунин воқеият масъалаи маз-кур аввал ба дӯши давлат ва сипас, ба зиммаи равшанфикрон ва аҳли зиёи миллат вогузор карда шуд. Воқеан зиёиён метавонанд ғояи ваҳдати миллиро дар зеҳну шуури мардум ҷой карда, дар якдигарфаҳмӣ ва
меҳанпарастии халқ саҳми арзанда гузоранд. Пешвои миллат омӯзиш ва фарогирии таърихро аз сарчашмаҳои муҳимтарини густариши худшиносӣ миллӣ ва ифтихори огоҳонаи ватандорӣ арзёбӣ намуда, таъкид мекунанд, ки “Рӯ овардан ба таърих ва омӯзиши он маҳз барои худогоҳӣ, бедорӣ ва ҳушёрии миллати мо басо ногузир аст. Ифтихор аз гузаштаи таърихии халқу миллати худ вақте баҷову шоиста аст, ки онро донӣ, дарк кунӣ ва аз бурду бохташ огоҳ шавӣ, вагарна, ифтихорат пучу бепоя аст ва ба ҷуз саргарангию гумроҳӣ ҳосиле нахоҳад дошт”. Дар воқеъ, хизматҳои барҷастаи Сардори дав-лат ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар миқиёси байналмилалӣ мақому манзалати баланд дорад.
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин чунин қайд кардааст: «Эмомалӣ Раҳмон дар байни си-ёсатмадорони ИДМ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ва ин тасодуфӣ нест. Тамоми кӯшишҳои вай аз ин шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳу осоиш ҳамоно амиқтар реша меорад ва дар қиёс бо нуқтаҳое, ки вазъияташон муташанниҷ аст, ин комёбӣ ба худ назир надорад. Ҳар он чи дар Тоҷикистон ба амал меояд ва рух медиҳад, барои бисёр халқҳо ва мамлакатҳо намунаи
ибрат аст».
Сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз бо талошу ҳамбастагии мардуми бофарҳанги тоҷик ва азму хидматҳои беохири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеаи мо марҳилаи тозаеро оғоз намуда, ба эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ вусъати тоза бахшид.
Тавре ки Сарвари тоҷикони олам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: “....ҳар гуна сиёсати давлат дар ниҳояти кор дифоъ аз манофеи миллист, ҳунари сиёсатмадорӣ дар арсаи ҷаҳон, дарёфтани тавозуни оқилона ва одилонаи манофеи мухталифи давлатҳо мебошад”.
Воқеан, кишвари мо таҳти роҳбарии оқилонаи Сарвари мамлакат дар давоми 30 соли охир мустақил тараққӣ ёфта, мушкилоти ҳаёти худро бо муваффақият ҳал карда, дар сохтмони эҳёи давлати миллӣ комёбиҳои бузург ба даст овард. Ҳамзамон
вазъи сиёсии он ором буда, иқтисодиёташ он муттасил тараққӣ мекунад, шароити зиндагии мардум торафт беҳтар мегардад ва равобити берунии мамлакат бештар вусъат меёбад.
Инчунин баргузор намудани чорабиниҳо ва симпозиумҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ бахшида ба ҳазораи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ (1994), ҷашнҳои 680-солагии олим ва мутафаккири бузурги шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1995), 675-солагии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ (1996), семинари байналмилалии илмии “Саҳми аҳди Сомониён дар пешрафти мероси фарҳангии Осиёи Марказӣ” (1998), 90-солагии Бобоҷон Ғафуров (1998), Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба 1100-солагии давлати Сомониён (Санкт-Петербург, 1999), 1100-солагии давлати Сомониён (1999), 960-солагии Умари Хайём (2000), 2700-солагии китоби “Авесто” (2001), Конфронсҳои байналмилалӣ бахшида ба 5-умин ва 10-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (2002 ва 2007), Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ (2006) ва Конфронси байналмилалии илмӣ “Мавлоно ва гуфтугӯи тамаддунҳо” ва ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (2007)-ро метавон ҳамчун нишони худшиносӣ ва худогоҳӣ аз мактаби ватандӯстӣ ва ифтихори миллии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.
Тадбиру ибтикорҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он овард, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари сулҳдӯсту инсонпарвар, пайрави арзишҳои демократӣ, тарафдори ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷониба шинохта шудааст. Аз тарафи дигар, Роҳбари давлат дар доираи муносибатҳои байналмилалӣ манфиатҳои давлатӣ ва миллии Тоҷикистонро дар мадди аввал гузошта, тавассути хиради воло дар робитаҳо бо кишварҳои мухталифи дунё тавонист истиқлолияти воқеии ҷумҳуриро таъмин намояд.
Тоҷикистон кишварест, ки бо шоҳроҳи бузурги сулҳу ваҳдат ба сӯи қуллаи музаффариятҳо қадам мегузорад. Ваҳдат ҳамчун муайянкунандаи бақои давлати миллӣ танҳо дар сурати ягонагиву ҳамбастагии тамоми мардуми кишвар дар муқобили таҳдиду хатарҳои муосир ва муносибатҳои некбинонаи гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ташаккул меёбад.
Роҳи тайкардаи ин шахсияти таърихӣ барои халқи тоҷик аз бисёр ҷихат роҳи бунёдгузорони давлатҳои миллиро дар замони муосир мемонад. Вақт, замон, таърих, манфиатҳо ва орзӯю умеди халқи тоҷик корнамоиҳои ин шахсиятро барои имрӯзу фардои худ бидуни шубҳа ба мисли асосгузорони давлатҳои миллии муосир аз қабили Т. Ҷеферсону Ҷ. Вашингтон барои амрикоиҳо, Махатма Гандию Ҷ. Неру барои мардуми Ҳиндустон,генерал Де Гол барои Фаронса, Отатурк барои туркҳо қабул хоҳад кард. Танҳо барои ҳамин хизматҳои Роҳбари давлат месазад, ки ӯро чун Пешвои давлати тоҷикони олам эътироф намоем.
Насрулло АБДУЛЛОЕВ,
номзади илмҳои сиёсӣ, мудири кафедраи
фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба
номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
19-01-2023, 07:48
Муқаддима Дар таърихи навтарини миллати тоҷик Паёми Роҳбари давлат – маҷмуи таҳлил, арзёбӣ, як навъ...