Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳунарҳои мардумӣ дар Хатлон


Ҳунарҳои мардумӣ дар Хатлон



Лӯхтаксозӣ

Лӯхтаксозӣ – ҳунари бадеии сохтани лӯхтак аз латтаҳои гуногун, пахта, пашм, чӯб ва ғайра мебошад. Ин лӯхтакҳоро барои бозии кӯдакон месозанд. Инчунин, аз маводи номбурда лӯхтакҳое сохта мешаванд, ки дар саҳнаи театри лӯхтак истифода бурда мешаванд. Барои бозии кӯдакон лӯхтакҳо бояд гуногун бошанд, чунки онҳо дар ҳини бозӣ ба лӯхтакҳо вазифаву нақшҳои мухталифро медиҳанд. Махсусан, духтарчаҳо ба лӯхтакбозӣ ҳаваси беандоза доранд. Онҳоро ба таври ҳақиқӣ дӯст дошта, нигоҳубин менамоянд. Лӯхтакбозӣ дар кӯдак ҳиссиёти модариро бедор менамояд. Яъне, кӯдак нисбати зоча ғамхории модарона зоҳир намуда, рафтор ва муносибатеро, ки модараш нисбати ӯ менамояд, духтарча нисбати зочаааш такрор менамояд. Маводи истифодашаванда: чӯб, тугма, латтапора, пахта ва ресмонҳои рангин.

Лӯхтакҳоро бо ду намуд месозанд: мулоим ва риштапеч. Ҳар яки он тарзи конкретии тайёр кардани худро дорад.

Намадбофӣ


Намадбофӣ ё Намадмолӣ — аз ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик буда, он бештар дар қисмати деҳоти Тоҷикистон рушд ёфтааст ва онро намадмолӣ низ мегӯянд. Намад як навъи гилем ё палоси хона буда, барои истифода дар рӯи фарш тайёр карда мешавад. Намад хеле палоси гарм ва мулоим буда, ба болои он кӯрпача партофтан ҳоҷат надорад. Намад ғафс, сабук ва бисёр гарм аст, ки дар фасли сармои кӯҳистон истифодаи он хеле роҳат дорад. Намадро бештар дар минтақаҳое, ки чорвои хурд парвариш мекунанд, мемоланд.

Намадро аз пашми чорвои хурд (буз, фанд, бузи ангорӣ ва ғайра) тайёр мекунанд. Пашми аз чорвои хурд тарошидаро мешӯянд, баъди хушк шудан онро ғоз медиҳанд. Сипас, қисми барои гулпартоӣ заруриро ранг мекунанд. Дар болои қанор ё чодар пашмро паҳн карда, вобаста ба тахайюлот бо пашмҳои рангшуда оро медиҳанд. Баъди ородиҳӣ ба болои пашм оби ҷӯш рехта, чодар ё қанорро эҳтиёткорона тоб дода ҷамъ мекунанд. Ҷамъ кардани қанор кори душвор буда, онро асосан мардҳо ба анҷом мерасонанд. Баъди ҳар дафъа тоб додан бо оринҷ онро зер ва ҳамвор мекунанд. Ҳангоми тоб додани қанори пашмдор ҳар дафъа ба болои он оби ҷӯш мерезанд.

Дар охир намади ҷамъшударо бо пой зер карда, обашро меравонанд. Рӯзи дигар қанори ҷамъкардашударо ҳамвор мекунанд ва намад тайёр мешавад. Намад бо дастгоҳ низ бофта мешавад. Дар ин ҳолат аз ин матоъ чакман, ҷелак, беостин ва дигар намудҳои либос дӯхта мешавад. Пашми гӯсфанд ресида шуда, ба дукҳои майда ҷудо гардида, барои матоъбофӣ омода мегардад. Дар бофтану ранг кардани матоъ ягон маводи кимиёвӣ ва сунъӣ истифода намешавад.

Ин навъи намадбофӣ дар Бадахшон ва деҳоти Айнӣ (Фалғар) хеле маъмул буд. Бисёр сокинони он афсӯс мехӯранд, ки ин намуди ҳунари мардумӣ қариб ба фаромӯшӣ рафтааст. Новобаста аз ин оилаҳои намадбофе ҳастанд, ки то ҳол ин намуди ҳунармандии гузаштагонро пос медоранд, бинобар бо шуғли намадбофӣ машғуланд. Сокини шаҳри Хоруғ Гулдасти Меҳровар аз ҳунармандоне мебошад, ки бо касби намадбофӣ машғул аст. Дар баъзе минтақаҳои Бадахшон оилаҳое мавҷуданд, ки асбоби намадбофии онҳо таърихи зиёда аз 300-сола дорад. Намадбофии бадахшонӣ асосан дар фасли зимистон амалӣ мегардад. Зеро мардум аз кори саҳро фориғ мешаванд. Аз матоъи намад дар арафаи тӯй ба домод либосҳои шаҳмард тайёр карда мешавад. Дар замони ҳозира талабот ба либосҳои намадин афзуда истодааст.

Табақтарошӣ

Дар замонҳои пеш устохонаҳои табақтарошӣ дар поёноби дарёчаҳо ё ҷӯйҳои кӯҳӣ сохта мешуданд, ки аз таги устохона ҷӯйи об мегузашт ва дар он ба мисли осиёб чарх гузошта мешуд. Об бо суръати баланд аз новадон омада, чархро гардон мекард ва чарх тири дастгоҳро тоб медод. Тир ба тарзи амудӣ ҷойгир шуда, қисми болои он аз фарши чӯбин гузашта, дар миёнаҷои дукон устувор шуда буд. Дар болои тир се адад мехи рӯболо кӯфта шуда буд, ки усто ба он ҷо чӯби коркарднашударо маҳкам мекард. Бо тоб хӯрдани чарх ва тир кундачӯби нотайёр низ тоб мехӯрд ва усто тавассути олоти корӣ ба табақтарошӣ шурӯъ менамуд. Барои тарошидани табақ бештар чӯби дарахтони зардолу, чормағз, чанор ва тутро истифода мекунанд. Кундаҳои дарахтонро бурида, дар об муддати тӯлонӣ мепартоянд, ки мағз ба мағзи чӯб аз об тар шавад ва дар вақти тарошидан накафад. Дарахтро бурида, кундаи онро дукафон, яъне аз байнаш ду тақсим мекунанд. Одатан, баъди дукафон кардан, кундаи хушкро якчанд муддат ба об мегузоранд, ки тарошиданаш осон шавад.

Кундаи ҳаҷмаш 40-50 см-ро бо тешаи чортарош (тешаи калони дастадароз, ки тарошааш калон мебошад) метарошанд. Ин теша барои шаклан омода намудани табақ истифода карда мешавад. Шакли табақ, ки омода гардид, сипас бо тешаи хурд дохили онро тарошида, ба дастгоҳи харротӣ насб мекунанд. Вазифаи дастгоҳ тоб додани табақи нимтайёр мебошад. Дар аснои давр задан усто бо каҷкорд (дастааш дароз буда, нӯгаш каҷ мебошад) гирди табақро дошта меистод. Барои ороиши гирди табақ тарошаи хӯрдакакеро бо табақи чарханда дошта меистанд, ки аз он соиши зиёд сӯхта хати сиёҳ ҳосил мешавад.

Табақи қисман омодашударо аз дастгоҳ гирифта, бо тешаи хафчин (ду тарафи теша каме қад карда шудааст, ки ҳангоми тарошидан намекафонад) ҷойҳои нотамомашро метарошанд. Дар анҷоми кор ба он чарбўи гӯсфанд ё равғани зағир мемоланд, ки табақро аз кафидан эмин медорад.

Оҳангарӣ

Оҳангарӣ – яке аз касбҳои маъмули тоҷикон аст, ки то ба имрӯз идома дорад. Сабаби як андоза бардавом будани ин пеша ниёз ва талаботи мардум ба маҳсулоти оҳангарӣ аст. Дар гузашта устохона ё корхонаҳои оҳангарӣ дар ҳар як шаҳру деҳаҳо мавҷуд буданд. Чуноне, ки дар рисолаи ин касб омадааст, оҳангарӣ аз чиҳилу як ҳунар иборат буда, ҳар яке аз дигаре фарқ дорад, яъне устои каландгар, мехгар, мисгар, дегрез, наълкӯб, кордсоз, қуфлсоз ва амсоли инҳо.

Устоҳои оҳангар мушкилоти мардумро дар корҳои оҳангарӣ осон намуда, дар давоми сол ба онҳо олоти меҳнат сохта медоданд. Ҳоло оҳангарон чунин аҳдномаи ҳамкориро бекор карда, барои ҳар як хизматашон музди алоҳида мегиранд. Оҳангароне, ки касбро ба шогирдон меомӯхтанд, бо барпои маросими камарбандон ба онҳо фотиҳаи кори мустақилонаро медоданд.

Дар навбати худ устоҳои оҳангар бояд ҳар сари чанд вақт дар хонаҳои худ зиёфат ороста, пешвои ин касб, устодон, муллоҳо ва ҳамкасбони худро ба он даъват мекарданд. Ин гуна маросим «арвоҳи пирон» ном дошта, ба хотири шод намудани арвоҳи гузаштагони ин касб барпо мешуд. Дар он пас аз таомхӯрӣ ҳатман рисолаи касби оҳангарӣ хонда мешуд, аз Қуръон оятҳо тиловат менамуданд. Дар солҳои ҳокимияти Иттиҳоди Шӯравӣ бархе аз устохонаҳо ба ҳайати колхозу совхозҳо даромада, ба устохонаҳои таъмири олоти кишоварзӣ табдил ёфтаанд.

Сабадбофӣ

Сабадбофӣ, яке аз ҳунарҳои мардумии қадимӣ, ки дар ҳаёти моддии мардуми тоҷик аз замонҳои бостон то имрӯз идома дорад. Шахсеро, ки сабад мебофад, сабадбоф мегӯянд. Б. Ғафуров ишорат бар он кардааст, ки ҳатто дар давлати Юнонии Бохтар дар радифи касбу ҳунарҳои дигар сабадбофӣ низ маъмул буд.

Сабадбофон гоҳе мувофиқи супориши дӯстон ва ё харидорон низ сабад мебофанд. Маъмулан, сабадҳои супоришӣ бо диққат ва салиқаи хос, зебу ороиши махсус, аз навдаҳои гуногун, ҳатто бо гулпардозӣ бофта мешаванд. Ин гуна сабадҳо ҳамчун асбоби ороиши рӯзгор дар раф, ҷевон низ гузошта мешаванд. Ҳоло сабадро аз сим, пояи гандум, пластмасса, резин ва ҳатто аз қоғаз низ мебофанд.

Дар гузашта сабадбофӣ ҳунаре буд, ки аз насл ба насл мегузашт. Хонаводаҳое буданд, ки ин касбро аз падару бобоҳои худ омӯхта, онро барои фарзандони худ меомӯзониданд ва аз маҳсули он рӯзгори худро пеш мебурданд.

Сабадбофон маҳсули кори худро бо номҳои зерин ифода менамоянд: харсабад, гирдсабад, хӯрҷинсабад, нонсабад, сабади гирда, (калону хурд), охурсабад, сабади дарозрӯя, сабади дастадор, симсабад, сабади коғазӣ ва ғайра. Онҳо анвои гуногуни сабадро мебофанд, ки аз ҷиҳати ҳаҷм хурду калон ҳастанд. Сабадҳои калонтарин дар кӯҳистон барои кашондани коҳ (гандумпоя) ва баъзан барои чидан ва аз токзор берун бурдани ангур ба кор мераванд, ҳатто ба гуфтаи сабадбофҳо, дар чунин сабадҳо ангур дер мепояд.

Шонасозӣ

Шонасозӣ яке аз навъҳои анъанавии касби дуредгарӣ аст. Шонасозиро инчунин шонатарошӣ, шонагарӣ низ мегӯянд, ки навъе аз касби анъанавии мардуми тоҷик ба шумор меравад. Зочаҳои кӯдакона ва шонаҳо чубин шонатарошӣ, шонасозӣ - навъе аз касби анъанавии мардуми тоҷик маҳсуб меёбад.

Ҳунари шонасозӣ бештар дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакант, Фарғона, Ҳисор ва ғайра густариш ёфтааст. Кори шонасозӣ нахуст аз интихоби чӯб оғоз меёбад. Чӯби аз ҳама мувофиқ барои шонатарошӣ чӯби дарахти чормағз ба ҳисоб меравад. Баъзан аз чӯбҳои зардолу ва нок низ шона месозанд. Чӯби чормағзро бурида, тахтача месозанд ва онҳоро дар офтоб мехушконанд. Тахтачаи хушкидаро бо тешаи калон хомтарош карда, сипас бо тешаи хурд пухтатарош менамоянд. Бо арраи махсус – сарбур ду тарафи тахтачаро баробар бурида, бо сӯҳон теғаҳои ҷойи дандонаҳонро соида ҳамвор месозанд. Мавзеи дандонаҳои тахтачаро равғани рустанӣ молида, 2-3 соат нигоҳ медоранд, то ки чӯб равғанро ба худ ҷабида гирад.

Баъд аз ин амали дандонбароии маҳин ва дурушт сурат мегирад. Тахтачаро ба даҳани дукон бо барбанд устувор карда, бо арраҳои гуногун дандонҳои шонаро месозанд. Дар ин вақт усто ба нарангушти дасти чапи худ ангуштбони чармӣ мегузаронад, ки вазифаи он ҳам муҳофизат кардани ангушт ва ҳам фосилагузорӣ дар байни дандонаҳои шона мебошад. Сипас, шонасоз ба амали тагфурорӣ мегузарад ва поёни дандонаҳоро ба ҳам баробар  мекунад. Агар шона дутарафа бошад, дандонҳои як тарафи он маҳин ва тарафи дигараш андаке дурушт ё калонтар мешавад. Пас аз тайёр шудани дандонаҳо амали нӯгбарорӣ иҷро мешавад. Усто бо сӯҳон нӯги ҳар як дандонаро ба мисли пайкони найза ороста, аммо теғаи онро кунд менамояд, то ки дандонаҳо даст ё пӯсти сарро нахарошанд. Баъдан бо сӯҳони маҳин аз дарун дандонаҳо ҳамвор карда мешаванд. Агар шонаи дутарафа бошад, ду тарафи дастаи шонаро бо каҷкорд метарошанд ва бо сӯҳон ҳамвор мекунанд, ки барои ба даст доштан мувофиқ мешавад. Пас аз анҷоми ин корҳо амалҳои ороишӣ сурат мегиранд.

Бофандагӣ

Бофандагӣ – яке касбҳои суннатии халқи тоҷик буда, дар шаҳру навоҳии тоҷикнишини Осиёи Марказӣ аз замонҳои қадим маъмул буд. Бофандагон тавассути олоти кории худ – ҳаллоҷӣ, чарх, дӯкон ва ғайра асосан, аз ремонҳои пахтагин, абрешимӣ, пашмин, канабӣ ва зағирпоягӣ матоъҳои гуногун мебофтанд. Ҳар як матоъ аз бофтаҳои амудиву уфуқӣ – тору пуд иборат мебошад. Тайёр кардани тору пуд аз амалҳои нахпечонӣ, тортанӣ, оҳардиҳӣ ва фарқкушоӣ иборат аст. Торро дар дастгоҳ ё дӯкон таранг мебанданд ва пудҳоро аз байни риштаҳо бо як тартиби муайян гузаронида устувор мекунанд. Ҳангоми бо тартиби гуногун бофтани торру пуд матоъҳои ҳархела ва тавассути бофтан бо риштаҳои рангҳояшон мухталиф нақшҳои рах-рах, катак ва гулдору суратдор ба вуҷуд меояд. Ҳамин тариқ матоъҳои алоча, адрас, атлас, чит, суф, карбос, қаламӣ ва навъҳои дигар истеҳсол мешаванд.

Заргарӣ

Заргарӣ – яке аз санъатҳои қадимаи ороишию амалиии тоҷикон ба шумор меравад.

Аз бозёфтҳои бостоншиносон маълум мешавад, ки аввалин намунаҳои маснуоти заргарӣ ба давраи неолит (асри биринҷӣ) тааллуқ доранд. Маснуоти заргарӣ дар он замонҳо ҳамчун фетиш – ашёи дорои қувваи сеҳромез вазифаи ҳифзкунандаро иҷро мекарданд ва аз қувваҳои бадӣ нигаҳ медоштанд. Дар маснуоти ороишии асри биринҷӣ рамзҳои ҷирмҳои осмонӣ, тасвирҳои ҳайвонот ва инсонҳо тасвир ёфтаанд, ки мазмунҳои асотирӣ ва эътиқодӣ доштанд. Ба санъати заргарии давраи тоисломӣ оро додани маснуоти заргарӣ бо тасвири ҳайвонот, одамон ва ҷонварони тахайюлӣ хос буд. Дар давраи исломӣ тарзи ороиши маснуоти заргарӣ рушд ёфта, зарагарон ва ороишгарон бештар аз нақшҳои ислимӣ – гулу рустанӣ, шаклҳои ҳандасӣ ва матнҳои хатти арабӣ истифода мекунанд. Дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор касби заргарӣ хеле рушд ёфта буд.

Дар аксари шаҳрҳои калон заргарон дукону растаи худро доштанд, ки он ҷо ҳам макони зист ва ҳам ҷои фаъолияти онҳо буд. Дар Бухоро дар гузари Токи Заргарон ҳамаи устохонаҳо ва дуконҳои заргарони шаҳр ҷойгир шуда буданд. Тибқи иттилои О.А. Сухарева, дар ибтидои асри ХХ дар Бухоро тақрибан 400 нафар заргарон зиндагӣ ва фаъолият мекардаанд. Дар қатори мардҳои заргар баъзан занҳову духтарони онҳо низ дар хонаҳои худ ба кори заргарӣ машғул мешуданд.

Дар заргарӣ амалҳои рехтагарӣ, кандакорӣ, ҳаккокӣ, заробӣ, сайқалдиҳӣ, ҳаллоҷӣ (тунуккунӣ), ҳалдавонӣ ва ғайра истифода мешаванд. Амали аз маъданҳои дигар ҷудо кардани нуқраю тилоро дар Бухоро «гаҳбандӣ» меномиданд. Фулузи интихобшударо бо болға дар болои сандон то ба ҳамвор шуданаш мекӯфтанд. Ҳар як усто барои нақшу нигор ва ороиш дар фулузи ҳамворшуда қолибҳои гуногун доштанд, ки ба воситаи онҳо нақшҳои барҷаста мегузоштанд.

Омехтаи дигар фулузот бо тило натиҷаи хуб намедод ва он зудшикан шуда, барои нақшгузорӣ мувофиқ набуд. Хӯлаи ягонаи барои ин кор созгор хӯлаи тилову нуқра ба ҳисоб мерафт, ки онро «тилои ҷурғотӣ» меномиданд. Хӯлаи «тилои ҷурғотӣ» аз 4/5 ҳисса нуқра ва 1/5 тилои тоза таҳия мешуд, ки ранги он зарди паст буда, тобишҳои ҳар ду металлро дар бар мегирифт. Дар кори заргарон омехтаи нуқра бо мис низ истифода мешуд, ки тақрибан дар охирҳои асри ХIХ дар натиҷаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Русия ба вуҷуд омада буд.

Заргарон дар истеҳсоли маснуоти бадеӣ (зару зевар, асбобу ашёи рӯзгор, либосу аслиҳаи чангӣ) аз фулузот: тило, нуқра, мис, биринҷӣ, оҳан, аз сангҳои гаронбаҳову ранга: лаъл, ёқут, фирӯза, зумурад, лоҷувард, каҳрабо, булури куҳӣ, ҷамаст, яшм, ақиқ ва монанди инҳо; аз маводи табиӣ: устухони фил, садаф, марворид ва чанде дигар истифода мекунанд.

Маснуоти сохтаи заргарон: ангуштарин, гӯшвор, зеби гардан, болои абрӯ (қоши тило), каҷак, бозубанд, дастпона, ҳайкал, тӯмор ва амсоли инҳо аз ҷумлаи зеварҳои маъмулии занҳои тоҷик мебошанд. Заргарони Бухоро дар сохтани камарбандҳои васеи мардона, ки асосан бо фирӯзаву марворид хотамкорӣ мешуданд, шуҳрат ёфта буданд. Барои ангуштарин сохтан хӯлаи тилоро ба қолибҳои тавонак, ба монанди кори рехтагарҳо, гудохта мерехтанд. Сипас, бо навъҳои сӯҳон онро соида, ҳамвор менамуданд ва ба он нигини сурх ё ягон санги гаронбаҳоро насб мекарданд.

Қуроқдӯзӣ

Қуроқдӯзӣ - санъате мебошад, ки аз пораҳои матоъ нақш офарида, онро пайваст мекунанд. Дастархон, чодари арӯсӣ (чимилиқ), кӯрпаву кӯрпача, болиштпӯш, чойникпӯш ва ҳоказоро ҳамин тавр медӯзанд.

Санъати қуроқдӯзиро лиёфдӯзӣ,  порчадӯзӣ низ меноманд. Санъати қуроқдӯзӣ ин тавлиди (дӯхтани) маснуоти мухталифи хонагӣ бо тариқи дӯхтани порчаҳо ё резгиҳои матоъ мебошад. Қуроқдӯзӣ яке аз ҳунарҳои мардумии тоҷикона буда, таърихи худро дорад.

Дар байни мардуми тоҷик шаклҳои гуногуни қуроқдӯзӣ мавҷуд аст: дӯхти навъи варақӣ, қуроқи чашмӣ, қуроқи қуӣ, қуроқи осиёбӣ, қуроқи ба шакли омезиш.

Ҳар яке аз ин навъҳо маънии мушаххаси худро дорад. Омӯзиши қуроқдӯзӣ - ба кашфи хоссагиҳои мактабҳои мардумии ҳунармандӣ, омӯхтани оину суннатҳо, шавқу завқи дӯзандагӣ мусоидат мекунад.

Зардӯзӣ

Зардӯзӣ навъи санъати ороиши амалӣ мебошад. Соҳаи ҳунармандист, ки тавассути риштаҳои зар (сафеду зард) рӯи матоъ нақшҳои гуногун дӯхта мешаванд. Чунин тарзи дӯхт бо нафосату шукӯҳи бадеии худ фарқ мекунад. Асосан дар рӯи бахмал ва шоҳӣ дӯхта мешавад, вале тахмин меравад, ки дар гузаштаи дур зардӯзии рӯи чарм, карбос ва пашм низ маъмул будааст. Дар сарчашмаҳои адабию бадеӣ ва таърихӣ оид ба зардӯзӣ гуфтаҳо ва навиштаҷоти сайёҳони машҳури хориҷӣ оварда шудаанд, ки дар давраҳои мухталиф ба шаҳрҳои Осиёи Миёна омада буданд. Онҳоро сару либоси зардӯзишудаи аҳли ҷоҳ ба ҳайрат оварда буд. Ин навъи санъат, асосан асри 19 дар шаҳри Бухоро равнақ ёфт. Чунини сару либосро ба ғайри аҳли ҷоҳ дигар касе ҳақ надошт бипӯшад.

Ҳамчунин дар дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна аз қабили Самарқанду Ҳисор низ маҳаллаҳои алоҳидаи зардӯзон вуҷуд доштанд. Дар арафаи Инқилоби Октябр дар Бухоро ду корхонаи заргарӣ мавҷуд буд. Дар Тоҷикистон баъди Инқилоби Октябр истеҳсоли маснуоти зардӯзӣ давлатӣ кунонида шуда, коргарону устоҳои он дар дар корхонаву фабрикаҳои махсус муттаҳид шуданд.

Аслан дар санъати зардӯзӣ ду навъи нақшдӯзӣ – заминдӯзӣ ва гулдӯзӣ маъмул аст. Дар заминдӯзӣ нақшҳо ба ҳам пайваст гардида тамоми заминро яклухт фаро мегиранд ва дар матоъ ҷойи холӣ намемонад. Дар гулдӯзӣ бошад, танҳо нақш аз рӯи нусха дӯхта мешавад.

Зардӯзон нақшҳои аз картону коғази махсус кашидаи худ ва ё наққошони касбиро рӯи матоъ (асосан шоҳибахмал) гузошта, бо ресмон кӯк мекунанд. Баъд риштаи зарро рӯи нусха монда аз ду тараф бахя мезананд.(яъне зар ба пушти матоъ намегузарад). Усули заминдӯзӣ ниҳоят мураккабу нозук буда, заҳматталаб аст.

Бо ин усул аз қадим камзӯл, камарбанд, воскат, чойхалта, тоқиҳои мардонаву занона, кафш, ҷиҳози аспҳо ва ғайра дӯхта мешуданд. Дар санъати зардӯзии имрӯза бештар навъи гулдӯзӣ маъмул буда, онро барои зиннат додани ҳар навъ ашёи савғотӣ, костюмҳо, сару либоси арӯс ва умуман сару либоси занон истифода менамоянд. Хусусан дар Тоҷикистон тоқиҳои зардӯзишудаи занона бо номи - зартоқӣ машҳуранд. Технологияи ресидан ё тайёр намудани риштаи зар ду навъ мешавад: аввал риштаи зарро даври риштаи абрешим ё коғазӣ ба андозае наздику ҷафс мепечонанд, ки ин риштаи зар тамоман маълум намешавад ва тарзи дуввуми риштаи зарро даври риштаи абрешимӣ ё коғазӣ пружинашакл (аз ҳам дур) мепечонанд. 

Ҳар яке аз ин риштаҳо мавриди истифодаи худро дорад. Риштаҳои зар қисман асоси нуқра дошта, аз 10 то 20% тилло низ доранд. Ҳамчунин паҳну борик низ мешаванд. Аксаран ҳангоми зардӯзӣ сангҳои иматбаҳо, камқимат ва пулакчаҳои ҳаррангаи филизиву садафӣ ба кор бурда мешаванд. Зардӯзони ҳозира нозукиҳои ҳунари гузаштаро боз ҳам равнақу такмил дода, нақшҳои нави зебову пурмазмунро эҷод намуданд, ки «Офтоб», «Булбул», «Ғунча», «Садбарг», «Гулшан», «Навдаи маҷнунбед», «Қӯшбодом», «Буҷул», «Хишт», «Чашми булбул», «Хол», «Мавҷ» ва ғайра аз қабили беҳтарин нақшҳо буда, дорои технологияи махсус ва банду басти мураккаб мебошанд.

Чакандӯзӣ

Чакан ё Чакандӯзӣ — яке аз намудҳои санъати бадеӣ-амалӣ, ҳамчун шакли ҳунари бадеӣ яке аз навъи гулдӯзист. Чакан, инчунин ҳамчун номи куртаи занона машҳур шудааст. Калимаи «чакан»-ро бо калимаҳои «чеканит», «чеканка»-и русӣ ва «чакома»-ву «чакомак»-и авестоӣ алоқаманд мекунанд.

Дар ин маврид вобастагӣ ба нақшро дар назар доранд, яъне чакан - ин нақш аст. Вожаи «чакан»-ро фарҳангномаҳои мӯътабартарини куҳан,чун «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот», «Мадор», «Рашидӣ», «Кашф» шарҳ додаанд. Ибтидоан дар кашидадӯзии аҷдодони қадими эронӣ нақши «салиб» нишони махсус буд. Он ифодагари ростию росқавлӣ, ифодагари чор унсури арбаъаи сабаби пайдоиши одаму олам мебошад. Агар дар ибтидо мардуми ориёӣ дар либосҳояшон танҳо нишони салибро истифода мебурда бошанд, бо гузашти айём ин нақш такмил ёфта, нақшҳои нав аз қабили давра, ифодакунандаи офтоб рамзи рӯшноию гармӣ, гулҳои ҳамешасабз - ифодаи садоқату эҳтиром ба сарзамини хеш ва монанди инҳо пайдо гардиданд. Аз ин рӯ, косагул (ба сурати офтоб) - нақши асосии чакан аст. Ҳамаи ин далели он аст, ки заминаҳо ва ҷанбаҳои гуногуни нақшҳои чакан ба заминаҳои хуршедпарастии ирониаслон иртибот дорад. Падидаи чакан дар фарҳанги тоҷикон бо водии Кӯлоб пайваста аст. Воқеан, нақши чакан дар сӯзаниҳои Самарқанду Бухоро, Истаравшан, Дарвозу Ванҷу Вахёву Ғарм, дар нақшҳои лаби остину лаби домони тоҷикони Шуғнону Рӯшон низ акс ёфтаанд. Барои чакан аслан матоъҳои сафед, зард ва сурх истифода мегардиданд. Дар интихоби пилла ва ё худ абрешими матоъ низ аҳамияти хосса медоданд.

Дар шаҳри Кӯлоб чакандӯзӣ ҳунари доимӣ буд. Дар Кӯлоб оилаҳои санъаткор, устоҳо ва чеварони авлодӣ хеле зиёд мебошанд. Яке аз чеварони машҳури авлодӣ Шоистамоҳ Ғиёева, ҳунари волои худро аз момои Оҳистамоҳ омӯхтааст. Чеварони кӯлобӣ ҳунари гулдӯзӣ ва чакандӯзияшонро асосан дар куртаю почаи чаканӣ, рӯймоли миён, тоқии чакан, бардеворӣ, рӯкӯрпагӣ, рӯгаҳворагӣ, таксарӣ, парда, салла (дастор) хуб нишон додаанд. Дар қадим куртаи чакан васеъ дӯхта мешуд, аммо бо гузашти солҳо нисбатан тангтар ва ба мӯди замона мувофиқ дӯхта мешавад. Куртаи чакани кӯлобӣ аз чакандӯзиҳои дигар манотиқ бо ранги баланди матоъҳо ва ресмонҳояш фарқ мекунад. Куртаю почаи чаканро аслан занҳо рӯзҳои ид, махсусан дар иди бостонии тоҷикон Наврӯз ба бар мекарданд. Асоси гулдӯзии чаканро шакли гулбандина ташкил медиҳад. Намудҳои маъруфи нақши чакан аноргул, аштак, барги бед, бодомак, каҷак, лола, райҳон, тоҷи хурӯс, думи товус, моҳу ситора, пойи гунҷишк мебошанд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода