Ифтитоҳи иншоотҳои ҷашнӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 708
Дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин як қатор иншооти таъиноташон гуногун бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва намояндагони Ҳукумати мамлакат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Бинои ёрирасони шуъбаи ВКД дар ноҳия
Дар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беҳтар намудани шароити буду боши кормандони мақомоти милитсия бинои ёрирасони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия ба истифода супорида шуд.
Тибқи иттилои расмӣ, бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, аз ошхонаи хӯрокхӯрӣ барои 60 нафар, ҷойи хӯроктайёркунӣ, ҳаммом ва ҷойи дастурӯйшӯӣ, 5 ҳуҷраи хоб барои 16 нафар, як анбори алоҳида иборат мебошад.
Маблағи сохтмон 400 ҳазор сомониро дар бар гирифта, бо дастгирии соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ба анҷом расонида шудааст. Дар сохтмони бино 15 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб карда шуданд.
Маркази хизматрасонии “Шамс”
Маркази хизматрасонии “Шамс” дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини аҳолии ноҳия бо маҳсулоти хушсифати ниёзи аввалия, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи савдо ва зебо гардонидани симои меъмории маркази ноҳия ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода супорида шуд.
Бино дар маркази Ҷамоати деҳоти «Шӯрообод» дар шафати шоҳроҳи байналмилалӣ ҷойгир буда, аз ду ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якуми бино фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум ва дар ошёнаи дуюм бошад, фурӯши мебел ва гарнитура ба роҳ монда мешавад.
Иншооти мазкур ба маблағи 650 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкор Шамсов Чӯпон, сокини Ҷамоати деҳоти «Шӯрообод», бунёд ёфтааст. Дар сохтмони бино зиёда аз 15 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб гардидаанд. Дар бинои мазкур 10 нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ ва аҳолии маркази ноҳия бо маҳсулоти хушсифат таъмин мегарданд.
Дидбонгоҳи сарҳадии қисми ҳарбии 0308
Бо мақсади таъмини амнияти аҳолӣ ва беҳтар намудани шароити хизматчиёни ҳарбӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои дидбонгоҳи сарҳадии қисми ҳарбии 0308-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия мавриди истифода қарор гирифт. Бинои мазкур аз як ошёна иборат буда, он аз ҳуҷраи навбатдорӣ, ҳуҷраи хоб барои 10 нафар, ошхона, синфхона иборат мебошад.
Тибқи иттилои расмӣ сохтмони бино аз тарафи лоиҳаи сохтмони шоҳроҳи байналмилалии қитъаи Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин маблағгузорӣ карда шудааст. Дар сохтмони бино зиёда аз 10 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб карда шудаанд.
Дидбонгоҳи сарҳадии шуъбаи ВКД
Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар роҳ, таъмини амнияти аҳолии ноҳия, дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 сохтмони дидбонгоҳи сарҳадии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия оғоз ёфта, айни замон корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст.
Бино аз ҳуҷраи навбатдорӣ, ҳуҷраи хоб барои 5 нафар, ошхона, синфхона иборат мебошад.
Сохтмони бино аз тарафи лоиҳаи сохтмони шоҳроҳи байналмилалии қитъаи Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин маблағгузорӣ гардидааст. Дар сохтмони бино зиёда аз 10 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб карда шудаанд.
Корхонаи истеҳсоли хишти пухта
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи саноат дар деҳаи Туғмагии Ҷамоати деҳоти «Чагам»-и ноҳия аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Насим Абдулазизов корхонаи истеҳсоли хишти пухта бунёд гардид.
Тибқи иттилоъ, иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 100 000 дона хишти пухтаро ташкил медиҳад. Айни ҳол дар корхона дар як шабонарӯз 40 000 дона хишт истеҳсол карда мешавад.
Истеҳсоли хишт дар корхонаи мазкур, асосан бо дархости муштариён ба роҳ монда мешавад. Вобаста ба дархости аҳолӣ корхонаи мазкур метавонад боз ҳам зиёдтар хишт истеҳсол намояд.
Масоҳати умумии корхона айни ҳол 3 гектар буда, маблағи умумии иншооти мазкур 680 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар корхонаи мазкур то 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Ҳамзамон, бо мақсади бартараф намудани хавфи омадани сел дар масоҳати 500 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида шудааст.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...