Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТӢ


ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТӢ


дастовардҳо қанотбахш, нақшаҳои муҳим дар пеш 

19 январи соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2020 доир гардид. Дар кори ҷаласа Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, роҳбарони як қатор кумитаву вазоратҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассиса, масъулини мақомоти андоз, молия, омор, кумитаи замин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат доштанд.

Ҷамъомадро раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода оғоз бахшида, таъкид дошт, ки соли 2020 бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи мардуми шарифи Тоҷикистон ба сифати боз як соли бобарор ва рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмон соли воқеан таърихӣ буд. Татбиқи чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, аз ҷумла интихоботи вакилон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи Президент ва маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят, бо муҳимтарин паҳлуҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ, пешгирии ҳама гуна хатарҳои замони муосир, аз ҷумла вабои аср-коронавирус дар ватани азизамон саҳифаҳои наву дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ боқӣ монд.

Чуноне ки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, заҳматкашони вилояти Хатлон низ барои таъмини чор ҳадафи стратегии кишвар, ки ба рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, таъсиси коргоҳҳои нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти воридотиивазкунанда ва ба содиротнигаронидашуда, афзоиши содироти молу маҳсулоти гуногун, рушди соҳаи комплекси агросаноатӣ, коммуникатсионӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, ҳунарҳои мардумӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии соҳаҳои иҷтимоиёт, сайёҳӣ, вусъатбахшӣ ба корҳои ободониву созандагӣ, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ба ифтихори санаи муҳим-ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ гардиданд, ба роҳ монда, дар ин самт ба комёбиву дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Сипас, муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода оид ба рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон дар соли 2020 ҳисоботи муфассал дод. Чуноне ки зикр шуд, дар соли гузашта иҷрои нақшаи андоз таъмин ва ба буҷет нисбати ҳамин давраи соли 2019 зиёд маблағ ворид гардид. Дар ин давра музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ пурра маблағгузорӣ шудааст. Ҳаҷми гардиши мол дар соҳаи савдо афзоиш ёфтааст. 

Новобаста ба таъсири паҳншавии бемории КОВИД-19 содирот намудани молу маҳсулот нисбати ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфт. Чуноне ки муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода зимни ҳисобот ёдовар гардид, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бобати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат баҳри дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории хурду миёна дар ҳалли масъалаҳои иттилоотӣ, ташкиливу ҳуқуқӣ ва молиявиву қарздиҳӣ корҳои муайянеро амалӣ намуд. Дар вилоят шумораи соҳибкорони инфиродӣ зиёд гардид. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба маротиб афзоиш ёфт.

Зимни ҳисоботи муовини раиси вилояти Хатлон оид ба фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят дар давраи зимистони солҳои 2020-2021, саноат, энергетика, сохтмон, меъморӣ, нақлиёт, алоқа, кишоварзӣ, меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, суғуртаи иҷтимоӣ, нафақа, маориф ва илм, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, ҷавонон, кор бо занон ва оила, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, иттилоот ва табъу нашр, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, вазъи нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ибрози назар намуд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ доир ба рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон ёдовар гардида, оид ба иҷроиши барномаҳои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар лоиҳаҳои сармоягузорӣ дастуру супоришҳо дод. Сарвазири мамлакат, ҳамчунин, бобати истеҳсол ё худ дӯхти либосҳои мактабӣ дар қаламрави вилоят таъкид намуд, ки ҳанӯз ҳам истеҳсоли либосҳои мактабӣ кам мебошад. 

Ҳамин тавр, Қоҳир Расулзода ҷиҳати саноатикунонии мамлакат, зиёд намудани истеҳсоли нахи пахта, афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли шир, макарон, сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва рушди саноат дар вилояти Хатлон, ки дорои базаи ашёи хоми дохилӣ мебошад, таъкид ба миён овард. 

Чуноне ки Сарвазири мамлакат таъкид дошт, иҷроиши барномаҳо барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ заминаи мустаҳкам мегузорад. 

Ҳамин тавр, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ҷиҳати хуб ба роҳ мондани фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таъмири иншоотҳои обрасон, истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, кишти зироатҳои барвақтӣ, маҳсулоти зери плёнка, картошка ва омода намудани техника ба киштукори баҳорӣ, тоза намудани ҷӯйю заҳкашҳо дастуру супоришҳо доданд.

 

А. САФАРЗОДА, 

«Хатлон»

Аксбардор Умед МУРОДОВ

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода