Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Мулоқот бо собиқадорону фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳри Кӯлоб


Мулоқот бо собиқадорону фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳри Кӯлоб



23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бо собиқадорону фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр мулоқот ва суҳбати самимӣ доир намуданд.


Дар оғози мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдому ташаббусҳои сокинони шаҳри Кӯлоб барои дастгирӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат баҳои баланд доданд.


Президенти мамлакат собиқадоронро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар таълиму тарбияи насли наврас, тарғиби сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуданд.


Бо дарназардошти авзои имрӯзаи ҷомеаи байналмилалӣ таъкид гардид, ки бо истифода аз шароит ва иқлими мувофиқи шаҳр сокинон бояд ҳамасола дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошанд. 


Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо ёдоварӣ аз нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” сокинонро ҷиҳати тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва касбу ҳунардӯстӣ ҳидоят намуданд.
Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро омили муҳим дар самти пешгирӣ аз исрофкорию харҷи беҳуда маънидод карда шуд.


Собиқадорони шаҳри Кӯлоб дар навбати худ ба Пешвои муаззами миллат ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста, ғамхорӣ ба ҳама табақаҳои ҷомеа, бахусус барҷомондагону собиқадорон изҳори сипос карданд.


http://www.president.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода