Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва ифтитоҳи майдони Нишони давлатӣ


Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва ифтитоҳи майдони Нишони давлатӣ



23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон, ифтитоҳ ва гузоштани санги асос ба чанд иншоот, шиносоӣ аз ҷамъоварии ҳосил ва истифодаи мақсадноки замин ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ташриф оварданд.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсддини Шоҳин майдони Нишони давлатиро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳа мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.


Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорон бунёд карда шуда, ба як макони зебои сайру гашт ва истироҳати сокинон табдил ёфтааст.


Баландии сутуни Нишони давлатӣ 20 метр ва худи Нишони давлатӣ 1,8 метрро ташкил медиҳад.


Зерсутунҳои  нишони давлатӣ дар масоҳати 80 метри мураббаъ бо истифода аз сангҳои мармари сафед оро дода шуда, 130 метр деворчаҳои иҳотавӣ ва 1400 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш карда шудаанд.


Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо дар бунёди майдони мазкур ва сутунпояву нишони давлатӣ баҳои баланд доданд.


http://www.president.tj/
 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода