Фестивали дониш ва навоварӣ барои занони деҳот
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 765
Рӯзҳои 21-22 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар Фестивали дониш ва навоварӣ барои занони деҳот баргузор мегардад.
Дар ин фестивал бонувони соҳибкор ва ҳунармандони деҳот лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва намунаҳои ҳунари худро муаррифӣ намуда, бо ҳамкасбони худ табодули таҷриба мекунанд. Ҳамзамон дар ҳошияи фестивал ғолибони озмуни “Зани муваффақ” ва барандагони грантҳои раиси вилояти Хатлон дар соли 2022 барои бонувони соҳибкор эълон карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки шумораи занони соҳибкори инфиродии фаъолияткунанда дар қайди мақомоти андоз дар вилоят 17541 нафар буда, аз инҳо 12425 нафар бо шаҳодатнома ва 5116 нафар бо патент фаъолият менамоянд.
Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 26 феврали соли 2021, №47, «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025», ба маблағи умумии 250 ҳазор сомонӣ гранти раиси вилояти Хатлон таъсис дода шуда, ҳамасола ба 21 нафар занону бонувони ҳунарманду соҳибкор дода мешавад.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...