Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 449 муассисаи буҷетиро санҷиданд


449 муассисаи буҷетиро санҷиданд



Шуъбаи аудити дохилӣ ва назоратии Сарраёсати молия дар вилоят ва мутахассисони раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳо дар вилояти Хатлон имсол дар 449 ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ таҳлилҳои интихобӣ гузаронида, ҳолати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетиро омӯхтаанд.

Ба иттилои Қодир Азиззода, сардори шуъбаи аудити дохилӣ ва назоратии Сарраёсати молияи вилоят, дар натиҷаи санҷиш ба маблағи 13,8 миллион сомонӣ камбудиҳо ошкор гардидааст.

“Дар рафти таҳлилҳои интихобӣ аз маблағи умумии ошкоркардашуда 43%-и он ё ба миқдори 5,8 миллион сомонӣ барқарор карда шуд. Аз ин маблағ 2,6 миллион сомонӣ ба буҷет ва 3,8 миллион сомонӣ ба фоидаи корхонаҳо ситонида шудааст”, - идома дод Қ. Азиззода.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода