Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Нақшаи даромади буҷет 103% иҷро шуд


Нақшаи даромади буҷет 103% иҷро шуд



Дар нуҳ моҳи соли 2022 иҷрои нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ дар вилоят ба андозаи 103% таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 1 миллиарду 226,6 миллион сомонӣ нақшаи пешбинишуда 1 миллиарду 267,1 миллион сомонӣ ворид гардидааст.

Ҳабибулло Иззатуллозода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба нақша 40,5 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 144,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ба гуфтаи мавсуф, дар давраи ҳисоботӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят 452,4 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ва аз буҷети вилоятӣ 133,7 миллион сомонӣ маблағҳои ҳисоббаробаркунӣ ба шаҳру ноҳияҳо ҷудо шудааст.

Мавриди зикр аст, ки 87,6%-и маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона гардидааст. Айни замон дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳо қарздорӣ аз музди маош ҷой надорад. “Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд гардидани музди маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ ба раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз буҷети ҷумҳуриявӣ 59,6 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст”, - афзуд Ҳ. Иззатуллозода.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода