Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Оё 30 нафар омӯзгор бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардид?


Оё 30 нафар омӯзгор бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардид?



Аз бози ба тасвиб расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омўзгорони ҷавон» дар сатҳи вилояти Хатлон маротибаи аввал дар як рӯз ба 30 омӯзгори эҳтиёҷманди муассисаҳои таълимии ноҳия, аз тарафи мақомоти маҳаллӣ замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуд. - Ин дастгирӣ ва ҳавасмандгардонӣ дар моҳи октябр ба ифтихори таҷлили “Рӯзи омӯзгорон” аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ мавриди амал қарор гирифт, ки барои дигар шаҳру навоҳӣ намунаи ибрат ва барои омӯзгорон ҳадяи беҳтарин буд, - гуфт мутахассиси Раёсати маорифи вилояти Хатлон Моҳкалон Султонзода.

Насриддинов Баҳриддин, омӯзгори фанни англисии муассисаи таълимии №4-и ноҳияи мазкур изҳор дошт, ки дар ҳақиқат барои замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷ доштем ва барои гирифтани замин ба мақомоти маҳаллӣ аризаи худро пешниҳод карда будам. Аммо, хабар надоштам, ки ҳуҷҷатҳои заминро дар рӯзи иди омӯзгорон тақдим мекунанд. Аз раиси ноҳия ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия Маҳмасаидзода Шаҳноза бисёр сипосгузорем. Зеро, барои дастгирии омӯзгорон ва бо замини наздиҳавлигӣ таъмин шуданам онҳо талоши зиёд кардаанд. Мо ин некиро ҳаргиз фаромӯш карда наметавонем. Саъй мекунам, ки ба ин дастгириҳо арзанда бошам ва дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми хебтару беҳтар гузорам.

- Дар воқеъ, раиси ноҳияи Дӯстӣ ва дигар сохторҳои дахлдор дар самти расидан ба мақсади асосӣ ҷиҳати таъмин намудани замини наздиҳавлигӣ ба омӯзгорони ниёзманд кумаки беҳамто намуданд. Чаро ки бархе аз омӯзгорон солҳои зиёд дар навбат буданд, - қисса кард мудири шуъбаи маорифи ноҳия Шаҳноза Маҳмасаидзода. – Аслан, солҳои қаблӣ низ омӯзгорон бо замини наздиҳавлигӣ зина ба зина таъмин мешуданд, вале на дар сатҳи имрӯз. Масалан, дар се соли охир дар асоси қарори болозикр ба 4-6 нафар замин дода шуда буд. Ҳоло бошад, ба 30 нафар дар чорабини бошукӯҳ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи истифодаи замин бо туҳфаҳо аз тарафи раиси ноҳияи Дӯстӣ тақдим гардид, ки аз ин шодиву нишоти омӯзгоронро ҳадду канор набуд. Мо кӯшиш мекунем, ки бо истифода аз тамоми имконияту имтиёзҳо ба омӯзгорон кумак расонем ва онҳоро дастгириву ҳавасманд намоем. Зеро, маҳз дар ҳоли завқманду ҳавасманд будан омӯзгорон беҳтару хубтар кор мекунанд ва ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд. 

Омӯзгори муассисаи таълимии №3-и ноҳия Ҷумъагул Саидова изҳор намуд, ки солҳои тӯлонист, ки ба замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷ дорад. Онҳо дар як хона 5 оила зиндагӣ мекунанд ва солҳои зиёдаст, ки дар навбати гирифтани замини наздиҳавлигӣ буданд. Тақдими ҳуққати тасдиқкунандаи замин ва бо 12 сотих замин таъмин шудан ба хонаводаи Саидовҳо як дастгирии хуб мебошад.

Сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия Муратов Рустам иттилоъ дод, ки ба 30 нафар омӯзгорон дар асоси қарори раиси ноҳияи Дӯстӣ аз 30-юми сентябри соли 2022, таҳти №973 замин ҷудо гардид. Мавсуф таъкид намуд, ки аз тарафи мақомоти маҳаллӣ ва шуъбаи маорифи ноҳия гурӯҳи корӣ ташкил гардида, вазъияти воқеии ҳар як омӯзгори барои замин ариза пешниҳод намударо мавриди омӯзиш қарор доданд. Маҳз дар чунин шакли корбарӣ 30 нафар омӯзгорони эҳтиёҷманд ба замин муайян гардид ва ба онҳо заминҳои наздиҳавлигӣ - 12 сотихӣ дода шуд.

Омӯзгори собиқадор Набиев Нуриддин солҳои тӯлонӣ дар соҳаи омӯзгорӣ кору фаъолият намуда, дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоштааст. Шогирдони ӯ солҳои зиёдаст, ки дар озмуну олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Ин омӯзгор аз фанни таърих ва ҳуқуқ дар муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Дӯстӣ фаъолият мекунад. Аризаи чандинсолаи ӯро ба инобат гирифта, қатори дигар омӯзгорони эҳтиёҷманд бо замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуд. Ҳоло ӯ бо сари баланд ва ифтихору сарфарозӣ ба омӯзгорони ҷавон дар бораи қадр шудани заҳмати омӯзгор ва фаъолияту дастгириҳо ҳарф мезанаду даҳҳо нафари дигарро ба ин соҳа дилгарм мекунад.

С. АЗИЗЗОДА , “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода