Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Левакант. Ифтитоҳи бинои синфхонаҳои иловагӣ МТМУ №6


Левакант. Ифтитоҳи бинои синфхонаҳои иловагӣ МТМУ №6



Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики дар расми ифтитоҳи бинои синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6, ки дар асоси дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бунёд гардидааст, иштирок намуданд.

Сараввал, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6, воқеъ дар деҳаи Тоҷирони Ҷамоати деҳоти “Гулистон”-и шаҳри Левакант раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо гирандагони стипендияи президентӣ, иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм – фурӯғи маърифат", ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ ва варзишгарони шаҳр вохӯрӣ намуданд.

Раиси вилояти Хатлон зимни суханронӣ изҳор доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар Роҳбарияти Ҳукумати мамлакат дар самти бунёди муассисаҳои таълимии хушсохту замонавӣ, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ва барқарорсозии бинову иншооти мавҷудаи соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус равона намудааст. Бо дастгирии Ҳукумати кишвар, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббуси Сафоратхонаи Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гаштани 8 синфхонаи иловагӣ бо тарҳи муосир дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Левакант идомаи ин тадбирҳои созандагӣ мебошад.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси вилояти Хатлон бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва ташаббуси Сафоратхонаи Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 4 ноҳияҳои ҳудуди вилоят иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.



- Дар доираи татбиқи кӯмаки бебозгашти мардуми Ҷопон ҳамчун рамзи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷопон ва Тоҷикистон ду иншоот, корхонаи бонувони болаёқат ва бинои синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Левакант бунёд ва баистифода супурда шуд, ки ин ҳамкориро дар ин самт тақвият мебахшанд, - гуфт зимни баромади хеш сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ҳамчун рамзи эҳтиром аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики Сипоснома ва туҳфаҳои арзишманд тақдим карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳанд. Рушди босуботи илму маориф ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҳамрадиф намудани низоми таҳсилот омӯзгоронро муаззаф менамояд, ки ҷиҳати самаранок гардонидани сифати таълиму тарбия кӯшиш ба харҷ диҳанд. Аз дастгирии навбатӣ ва бунёду ба истифода супурдани бинои синфхонаҳои иловагӣ аҳли омӯзгорону хонандагони ин муассисаи таълимӣ изҳори сипосу қаноатмандӣ намуда, зикр доштанд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо сифати кору таҳсилро боз ҳам хубтар ба роҳ мемонанд.

“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода