Боздиди раиси вилоят аз аз рафти корҳои сохтмонии коргоҳҳои истеҳсолӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 607
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар коргоҳи истеҳсоли нуриҳои минералии суперфосфати ҶДММ «Талко Кемикал» боздид ба амал оварданд.
- Коргоҳи мазкур дар Ҷамоати деҳоти “Чоргул” дар базаи корхонаи ҶДММ «Талко Кемикал» бо ҷалби сармояи дохилӣ бунёд гардида истодааст. Коргоҳи мазкур дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёд намудани корхонаву коргоҳҳои ба истеҳсоли маҳсулотҳои воридотивазкунанда таъсис ёфта истодааст.
Маблағи умумии иншоот 10 млн. сомониро ташкил медиҳад. Коргоҳ дар як сол иқтидори истеҳсоли 75 ҳазор тонна суперфосфатро доро мебошад. Дар баробари ба фаъолият шурӯъ намудани коргоҳ дар марҳилаи аввал зиёда аз 20 нафар шаҳрвандон бо ҷой кори доимӣ таъмин мегарданд, - иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии раиси вилоят.Ҳамчунин, дар идома сафари корӣ раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонии баанҷом расонидашудаи ҶДММ “Мурғи Беҳамто” дар Ҷамоати деҳоти “Чоргул” дидан ба амал оварданд.
Дар фабрикаи мазкур 3 адад биноҳои нави парвариши парранда сохта шудааст, ки дар ҳар як бино имконияти парвариши 35 ҳазор сар парранда муҳайё мегардад.
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00