Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Раиси вилоят аз ҶДММ «Чжунгтай моҳир семент» дидан кард


Раиси вилоят аз ҶДММ «Чжунгтай моҳир семент» дидан кард



Зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба минтақаи саноатии Ҷамоати деҳоти “Даҳана”-и ноҳияи Ёвон ташриф оварда, аз рафти корҳои сохтмонӣ дар коргоҳи истеҳсоли гаҷкартони ҶДММ «Чжунгтай моҳир семент», шинос шуданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси вилоят санги асоси коргоҳи мазкур 26 марти соли 2021 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст. Маблағи умумии иншоот 350 млн. сомониро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол истеҳсоли 30 млн. метри мураббаъ гаҷкартонро ташкил медиҳад. Дар баробари ба фаъолият шурӯъ намудани корхона зиёда аз 100 нафар шаҳрвандон бо ҷой кори мавсимӣ таъмин мегарданд.



Зимни боздид раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳияи Ёвон, соҳибкорон ва дигар масъулин ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва бо ҷой кори доимӣ таъмин намудани сокинони маҳаллӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин, дар идома раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматии бисёрошёна бо ҷойгир намудани маркази савдою хизматрасонӣ дар кӯчаи Асадулло Ғуломави шаҳраки Ёвон дидан намуданд. Иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ “Истиқлолият-25” ба маблағи 23 млн. Сомонӣ бунёд ёфта, аз 10 ошёна ва 257 манзили истиқоматӣ иборат мебошад. Баъди бунёди бинои баландошёна 257 оила бо манзили зист ва шароити хуби зиндагӣ ва зиёда аз 25 нафар бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд.




Дар доираи сафари корӣ раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонии бинои истиқоматии бисёрошёна бо ҷойгир намудани толори варзишӣ, маркази савдову хизматрасонӣ дар ошёнаи якум ва ҳавзи шиноварӣ дар таҳхона дидан намуданд. Иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ “Конструктор” ба маблағи 18 млн. сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода