Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҒОЛИБОНИ ДУ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД


ҒОЛИБОНИ ДУ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД



Имрӯз, 15 октябр, бо саҳми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  дар театри мусиқӣ мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар маросими ҷоизасупории ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ширкат доштанд.

Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки дар заминаи сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилу гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ, ки барои ривоҷи нерӯи зеҳнӣ, суръат бахшидани раванди ихтироъкорию навоварӣ, таҳкими худшиносии мардум, муаррифии миллат дар арсаи ҷаҳонӣ дарёфти истеъдодҳои нав озмунҳои мазкур баргузор мегардад.



Ёдовар бояд гардид, ки дар 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон даври шаҳрӣ - ноҳиявии озмунҳои «Тоҷикистон-ватани азизи ман» ва «Илм-фурӯғи маърифат» гузаронида шуд ва ғолибон дар даври вилоятӣ миёни ҳам рақобат карданд. Ҳайати ҳакамон фаъолон ва беҳтарин иштирокчиёни озмунро ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат доданд. Имрӯз, нафарони роҳхат гирифта аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мавриди қадрдониҳо қарор гирифтаанд.

Бояд изҳор дошт, ки баргузории чунин озмунҳо дар сатҳи ҷумҳуриявӣ барои ривоҷу равнақ додани нерӯи зеҳнӣ, баланд бардоштани сатҳи ихтироъкорӣ ва руҳбаланд намудани шахсони бомаҳорат ҳиссагузор аст.

Ҷасури ҚИЁМИДДИН «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода