Писари ман сарбоз аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 798
Вазъи имрӯзаи ҷаҳон, торафт авҷ гирифтани оташи ҷанг дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон ва манфиатҷӯии давлатҳои абарқудрат моро водор месозад, ки зиракии сиёсии худро боз ҳам қавитар намуда, нагузорем, то ягон нохалафе ба сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллии ҷумҳурии мо халал ворид намояд.
Аз ҷумла ҳодисаҳои чанде қабл дар минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон рухдода, ки бар асари он чандин нафар сарбозони тоҷик дар роҳи ҳифзи марзу буми ватан қаҳрамонона ҷони худро нисор намуданд, бояд шуҷоату мардонагии ҳар як ҷавонмарди диёрамонро боз ҳам бештар намояд.
Ман модари хушбахтам, зеро писарам Комронҷон дар даъвати тирамоҳии соли 2021 бо майлу хоҳиши худ ба хизмати аскарӣ рафт. Ӯро дар либоси низомӣ дида, хурсанд шудам. Зеро либоси низомӣ ба ӯ зебанда аст. Ҳоло Комронҷони ман дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар адои хизмат мекунад.
Вақте ки ба шароити хизмат ва муносибати командирони писарам аз наздик шинос шудам, дилам пуру хотирам осуда гашт. Зеро хизмати аскарии ӯ дар Қувваҳои Мусаллаҳ хуб гузашта истодааст, аз чизе танқисӣ надоранд.
Аз ин рӯ, ба модарони азиз муроҷиат намуда, хоҳиш дорам, ки фарзандони худро бо дили пур ба хизмати аскарӣ гусел намоянд. Хизмат ба Ватан шараф аст ва фарзандонро ба ҳаёти мустақилона омода месозад.
Майрам Давлатова ,
модари сарбоз, шаҳри Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00