Ҷавонон омодаи хизматанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 485
-Боиси ифтихору сарбаландӣ аст, ки имрӯз дар қалби ҷавонони меҳандӯсти мо ҳисси баланди ватандорӣ бедор шуда, онҳо ба таври ихтиёрӣ ба хизмати аскарӣ мераванд ва марзу буми Ватанро ҳимоя менамоянд.
Дар арафаи даъватҳои баҳорию тирамоҳӣ дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои маҳаллии худ дар миёни ҷавонони синни даъватӣ, хизматчиёни ҳарбӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чорабиниҳои ҳарбию варзишӣ гузаронем.
Бо мақсади бурдани корҳои таблиғотӣ аз ҳисоби ҷавонони фаъол дар шаҳру навоҳии вилоят дар ҳамкорӣ бо Комиссариати ҳарбии вилоят, Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят гурӯҳҳои корӣ ташкил дода, дар қисмҳои низомӣ бо иштироки васеи ҷавонон чорабиниҳои гуногун баргузор шуданд.
Ҳамасола дар мавсимҳои даъвати баҳориву тирамоҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти унвони “Рӯзи даъватшаванда” бо иштироки ҷавонону волидон ботантана гузаронида мешавад.
Мақсад аз ин чорабиниҳо ҷалби ҷавонони солим ба хизмати аскарӣ, дар онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва софдилонаю содиқона пеш бурдани хизмат дар Артиши миллӣ мебошад.
Ҳар гоҳе, ки волидони сарбозон ба қисмҳои низомӣ мераванду шароити хизмати фарзандонро бо чашми худ мебинанд, аз фарзандонашон хотирҷамъ мешаванд. Писарони хешро дар либоси низомӣ дида, ифтихор мекунанд.
Бале, имрӯз ҷавонони низомӣ аз ҷиҳати ҷисмонию сиёсӣ обутоб ёфтаанд ва бо боварии комил мегӯем, ки оромию тинҷӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан дар дасти ҷавонон аст.
Аловиддин Амирзода ,
мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Раёсати
кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон:
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00