Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ифтихор дорем


Ифтихор дорем



-Ман баъди хатми ДДБ ба номи Носри Хусрав дар даъвати баҳории соли 2022 ихтиёрӣ ба хизмати аскарӣ дар Артиши миллӣ шомил шудам. Хизмати низомиро бо сарбаландӣ пеш мебарам. Аз он шодам, ки хизмати ҳарбӣ дар қисми низомии 87740-и Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар воқеъ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мегузарад. Дар ин муддат ҳаматарафа обутоб ёфта, мустақилиятро омӯхтам, ба қадри падару модар, Ватан мерасидагӣ шудам. Як соли ҳаёти ман дар хизмати аскарӣ зоеъ нахоҳад рафт. Зеро малакаю дониш ва обутоби сиёсию ҷисмонии гирифтаам, дар зиндагӣ ба кор меояд.

Барои ин, ба командирони ғамхори худ ташаккур мегӯям. Ҳамсолонамро бошад, даъват менамоям, ки бе дудилагӣ ва бо даъвати дил ба хизмати аскарӣ омада, мисли мо қарзи шаҳрвандиашонро бо сари баланд иҷро намоянд. Дар баробари хизмат намудан аз ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон дӯстони нав пайдо менамоянд. 

Абдулло Риоев,
сержанти хурд:

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода