Маъракаи даъватро дар сатҳи баланд гузаронем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 753
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар уҳдадории ҳарбии шаҳрвандони ҷинси мард ба ҳисоб рафта, тибқи муқаррарот ҳар як ҷавонписари солим бояд аз 18- солагӣ барои адои қарзи муқаддаси хеш омода бошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳарбӣ» соле ду маротиба маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ доир мегардад. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар баробари Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин раисони комиссияи даъватӣ бо иштироки масъулони дастгоҳи идеологии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, ВАО ва дигар сохторҳои марбута муваззаф мебошанд. Аз мушоҳидаҳо ба назар мерасад, ки солҳои охир бинобар омилҳои гуногун на ҳамаи ҷавонон ҷиҳати сари вақт иҷро гардидани Фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар масъулият эҳсос мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат нисбат ба ҷавонон дастгириву ғамхориҳои зиёд зоҳир намуда, баҳри ба илму ҳунаромӯзӣ ва дигар самтҳои фаъолияти ҷавонон ташаббусҳои созандаву ояндабинонаро амалӣ намуда истодааст. Дар сатҳи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бошад, вобаста ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ва ҳисси ифтихору масъулиятшиносӣ дар ҳимояи Ватан ҳамасола барномаву стратегияҳои муҳиму ояндасоз татбиқ мегардад.
Бунёди садҳо толору варзишгоҳҳо, ҷалби наврасону ҷавонон ба маҳфилу конфронсҳои сатҳи гуногуни илмиву фарҳангӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоиди илму ҳунаромӯзӣ ва таваҷҷуҳ ба тарбияи ҷисмонии ҷавонписарон дар муассисаҳои таълимӣ, аз иқдомҳои муҳиме ҷиҳати ба хизмати ҳарбӣ ва ба фаъолиятҳои гуногунҷабҳа омода намудани ҷавонон дарак медиҳад.
Дар баробари дарки масъулият аз ҷониби роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати сари вақт ба роҳ мондани даъвати муташаккилонаи шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, ки аз муқаррароти моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” асос меёбад, ҳамзамон, аз соҳаву сохторҳои марбутаи давлатӣ то фаъолону ҷомеаи шаҳрвандӣ, падару модарони даъватшавандаҳо ва ҳар фарди худогоҳи ҷомеа дар ҷалби ҷавонписарон ба хизмати Модар-Ватан бетараф набуда, саҳми арзанда гузоранд. Зеро, хизмат ба Ватан қарзи муқаддаси ҳар ҷавонписар ба ҳисоб рафта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ҳисси ифтихор аз хизмати ҳарбӣ тарбия намудани насли ҷавон рисолати муҳими ҳар яки мо дар зиндагӣ маҳсуб меёбад.
Ин дар ҳолест, ки шумораи шаҳрвандони синну соли хизмати ҳарбӣ дар қиёс ба нақшаи даъват ба хизмат чандин баробар зиёд буда, сари вақт иҷро нагардидани нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан шоистаи мо - мардуми шарафманду меҳандӯсти Тоҷикистони соҳибистиқлол нест.
Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо-сокинони ин кишвари дар арсаи олам машҳуру номбардори ниёгони ҷасуру шарафмандро мебояд, ки баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳиссагузор бошем.
Ҷамшед Маҳмадризозода,
ёрдамчии прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...