Даври вилоятии озмун оғоз мегардад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 661
Тибқи иттилои муовини директори Муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон Фаррух Ҳотамов даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз санаи 17-уми октябр дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон баргузор мегардад.
Ёдовар мегардем, ки даври шаҳрӣ-ноҳиявии озмуни мазкур дар 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо доираи васеи довталабон гузаронида шуд, ки аз рӯйи ҳамаи номинатсияҳо ғолибон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Дар сатҳи вилоятии озмун барои баҳогузорӣ намудани донишу маҳорати иштирокчиён ҳайати ҳакамон аз ҳисоби олимону донишмандон, шоирону нависандагон, муҳаққиқон, иштирокчиёни солҳои қаблӣ таъсис дода шудааст. Аз рӯйи номинатсияҳои озмун бо таъмини шаффофият баҳогузорӣ хоҳанд кард.
- Пас аз ҷамъбаст гардидани даври шаҳрию ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҳар як шаҳру ноҳиябарои иштирок дар даври вилоятӣ ғолибони роҳхатгирифтаро бо дастхост пешниҳод мекунанд, - гуфт Фаррух Ҳотамов.
Мавсуф илова намуд, ки ба ҳолати имрӯз аз 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон барои ширкат дар даври вилоятии озмун 4984 нафар роҳхат доранд.
Фарида Баротова, корманди рӯзномаи вилоятии «Хатлон», аз ҷумлаи иштирокчиёни озмун аз рӯйи номинатсияи адабиёти ҷаҳон мебошад. Ӯ барои иштирок дар ин озмун омодагии ҷиддӣ дида, беш аз 70 китобҳои бадеии шоирону нависандагони машҳури ҷаҳонро мутолиа намудааст.
Фарида баргузории даври шаҳрии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро шаффоф ва намунавӣ унвон кард. Ӯ бо ишғоли ҷойи дуюм ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтааст.
- Шабонарӯз ба мутолиаи китобҳои бадеӣ машғул мебошам. Инчунин, аз рӯйи китобҳои хондаам бо кумаки волидон суолу ҷавоб карда, омодагӣ дида истодаам, - афзуд Ф. Баротова. – Умедворам, даври вилоятии озмун низ ба таври шаффоф ва одилона мегузарад ва танҳо шахсони арзанда ба даври ҷумҳурӣ роҳхат гирифта, эътибори вилоятро баланд мебардоранд.
Сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Хатлон Маъруф Абдуллоев дар робита ба баргузории озмун изҳор дошт, ки ҳамасола озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд ва шаффоф гузаронида мешавад.
Озмун аз рӯйи номинатсияҳои адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди наз-му наср баргузор мегардад. Аслан, мақсади асосии баргузории озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа доир мегардад, ки қатори онҳо омӯзгорону мураббиён ва хонандагони зиёде фаъолона донишу маҳорати худро месанҷанд. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки сафи хоҳишмандон барои иштирок дар озмуни номбурда аз ҳисоби омӯзгорону хонандагон нисбат ба солҳои қаблӣ бештару беҳтар мебошад.
Ба гуфтаи Маъруф Абдуллоев муҳайё кардани шароити хуб дар китобхонаҳои мактабӣ ва ташкили гӯшаҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар муассисаҳои таълимӣ дар самти ҳавасмандгардониву ҷалби довталабон мусоидат намудааст. Илова бар ин, ба хотири ҷалб ва ҳавасмандгардонии наврасону ҷавонон ба китобхонӣ озмунҳои гуногуни “Китобхони беҳтарин”, “Пешсафони китобхона” ва амсоли ин доир карда шудаанд.
Тибқи нақшаи пешакӣ даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ду минтақаи вилояти Хатлон гузаронида мешавад. Аз 17 то 24-уми октябр дар минтақи Бохтар ва аз 24 то 27-ум дар минтақаи Кӯлоб доир мегардад. Ғолибони озмун ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, бо ғолибони дигар минтақаҳои кишвар қувваозмоӣ мекунанд.
С. АЗИЗЗОДА, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00