Шукри Тоҷикистони обод мекунем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 579
Сӣ сол дар назди таърих чандон тӯлонӣ нест. Дар ҳамин давраи кӯтоҳи таърихӣ Тоҷикистон ба дараҷае тараққӣ кард, ки дар ҳафтод соли замони собиқ Шӯравӣ то ба ин дараҷа рушд наёфта буд. Бузургтарин дастовард дар ин айём ноил шудан ба сулҳи сартосарии мамлакат мебошад.
Истиқлоли давлатӣ дар кишвари маҳбуби мо ба осонӣ ба даст омад. Вале шодию нишоти одамон дер давом накард. Нотавонбиниҳо бо кумаки баъзе давлатҳои хориҷӣ тавонистанд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол нооромиро ба вуҷуд оварда, боиси ҷангу нохушиҳо созанд.
Мардуми мо соли 1992-ро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Неруҳои мухолифи ҳокимияти қонунӣ, барои ба даст овардани ҳокимият, соҳиб шудан ба мансаб ба муборизаи мусаллаҳона оғоз карданд. Дар мамлакат ҷанги хунини ҳамватанӣ оғоз ёфт. Дар натиҷа шаҳру деҳоти ободу зебо ба харобазор табдил ёфта, ҳазорҳо ҷавонони бегуноҳ қурбон шуданд.
Моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанди вилояти Суғд Иҷлосияи таърихии 16-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Он солҳо умеди ҳама ба ҳамин Иҷлосия буд, зеро он тақдири ояндаи кишварро ҳал мекард. Мардуми бо умед ноумед нагаштанд. 19 ноябри соли 1992 фарзанди фарзонаи миллат, шахси донишманду ҷасур Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлат интихоб шуд. Ӯ дар баромади аввалини худ дар назди вакилони халқ қавл дод, ки барои сулҳу салоҳи мамлакат тамоми имкониятҳоро истифода мебарад. Сарвари давлат Эмомали Раҳмон ба халқи шарифи Тоҷикистон бо муроҷиатнома баромад карда, қавл дод, ки барои пойдории сулҳ, пешгирии хунрезӣ тамоми чораҳоро меандешад, то ки мардум дар Ватани аҷдодии худ орому осуда зиндагӣ намоянд.
Бо дастгирии ҳамарӯзаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳо натиҷаҳои шоиста ба даст омада, садҳо корхонаҳои саноатӣ, ҳазорҳо километр роҳҳои автомобилгард, иншоотҳои варзишӣ ва дигар иншоотҳо сохта шуда, ба ҳусни кишвар ҳусни тоза бахшидааст. Сӣ соли Истиқлол имконият фароҳам овард, ки дараҷаи зисту зиндагии одамон беҳтар гашта, симои шаҳру деҳот зебову дилрабо гардад.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин иброз доштанд: «Ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон саломатӣ ва тавфиқу комёбиҳо орзу намуда, ба даргоҳи Худованди мутаол ва Офаридагори замину осмонҳо дуо мекунам, ки амну амонии мулкамон, сулҳу суботи мардуми кишварамон ва хонаободии ҳар сокини Ватани маҳбубамонро поянда гардонад. Ҳамаи моро ба роҳи рост ҳидоят намояд, мамлакати моро аз офатҳо нигаҳбон бошад ва раҳмату баракати худро ба ин сарзамин зиёда гардонад. Мардуми ин диёрро зиндагии орому саодатмандона насибу рӯзӣ созад, ҷавонони ин миллатро дар паноҳи худ нигаҳбон бошад ва ба онҳо тавфиқи зиндагӣ ато фармояд”.
Орзуҳои неки Сарвари давлат амалӣ гашта, Тоҷикистони маҳбуб ба биҳишти рӯи замин табдил ёфтааст. Халқи тоҷик таҳти шиори Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикистон, ба пеш!» кору зиндагӣ намуда, бо дастовардҳои беназир ҷашну санаҳои таърихиро пешвоз мегиранд.
Б.САИДАЛИЕВ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00