Пешвои миллат - пуштибони забон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 158
Дар замони Шӯравӣ ба риояи қоида ва талаботи забони модарӣ диққату эътибори махсус дода мешуд. Олимону рӯзноманигорон,муҳаққиқон ошкоро ҷиҳати хатҳои имлоӣ, услубӣ, забонӣ, ки дар мақолаҳои даврӣ чоп мешуд, эродҳои ҷиддӣ мегирифтанд.
Олими барҷастаи тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ бо тарзи истифодаи забон ва услуби хабару мақолаҳои дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Тоҷикистони советӣ” (“Ҷумҳурият”), “Комсомоли Тоҷикистон” (“Ҷавонони Тоҷикистон”), маҷаллаи “Машъал”, “Пионери Тоҷикистон” чоп шуда, аз нуқтаи назари илми забоншиносӣ баҳо дода, хатогиҳои имлоӣ, забон ва тарзи баёнро аниқ ошкор карда, роҳи ислоҳи онро нишон медоданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Қонун аз ҳафт боб - “Муқаррароти умумӣ”, “Забони мақомоти ҳокимияти давлатӣ”, “Забони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма”, “Забони коргузории ташкилотҳо”, “Забони номгузорӣ”, “Истифодаи забони давлатӣ ба муносибатҳои байналмилалӣ”, “Муқаррароти хотимавӣ” иборат мебошад. 1 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуд.
Қонуни мазкур истифодаи забони давлатиро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташаккули ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкории инфиродӣ танзим менамояд. Қонуни мазкур истифодаи забонҳоро дар муносибатҳои шахсӣ низ танзим мекунад.
Ҳамзамон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонуни мазкур дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат аст.
Мутобиқи талаботи моддаи 3 забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, забони давлатиро донад. Илова бар ин, тибқи қонун ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор аст, забони давлатиро донад, дар рушди он саҳм гузорад.
Шоири шинохта ва бузурги Доғистон Расул Ғамзатов дар ин боб фармудааст: “Агар дар дунё сухан вуҷуд намедошт, то имрӯз чунин бузург намешуд... шахсе, ки забонро надониста, шеър навиштанӣ мешавад, монанди девонаест, ки шиновар несту худро ба дарёи пурталотум меандозад”.
Дар даврони ҷаҳонишавӣ миллате давлату забони миллати худро дорад, дар ҳақиқат бузург аст. Дар олам ҳаст давлати камшумор ва аҳолии бешдошта, ки то имрӯз давлати мустақили худро надошта, барои озодӣ ва мустақилият мубориза мебарад. Адибон, олимон, мардуми миллатдӯсти Тоҷикистон дар ҳама гуна шароит барои зинда мондани забони модарӣ ва равнақ додани он ҷасурона мубориза бурда, муваффақ ҳам мешаванд.
Ифтихори миллӣ аз донистани забон оғоз меёбад. Бинобар ин омӯхтани забон барои ҳар як фард тақозои замон аст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бобат гуфтааст:
“Ҳар як фарди соҳибзабон бояд забони модарӣ ва ба воситаи он ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллии худро ҳифз кунад ва гиромӣ дорад”.
Забони тоҷикӣ дар ҳама давру замон шинохти миллӣ буда, имрӯз ҳам тамаддуну фарҳанг ва давлатдории миллии моро муаррифӣ мекунад. Ҳифзи забони тоҷикӣ ифтихори миллати мост.
Б. Сайдалиев
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00