Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Саҳми мондагори Пешвои миллат дар бузургдошт ва рушди забони тоҷикӣ


Саҳми мондагори Пешвои миллат дар бузургдошт ва рушди забони тоҷикӣ



Таҳти ин унвон имрӯз, 5 октябр, дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, донишмандону муҳаққиқони забоншинос, адибон ва равшанфикрони мамлакат баргузор гардид.

Нахуст, ба аҳли ҳамоиш композитсияи адабии ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар манзур гардид.

Дар ин намоиш ифтихороти ворисон таҷассум меёфт, ки забони тоҷикӣ то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик, аз Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров, ба ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо расидааст.

Забони модариам – давлати ман,
Ғуруру ифтихору қудрати ман.
Забонам ҳасту ман ҳам зинда ҳастам,
Забони ман – бақои миллати ман.


Пас аз тамошои саҳнаи бадеӣ, дар толори кохи фарҳанг кори конфронс бо суханронии муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ оғоз гардид. Ба таъкиди мавсуф, ҳар як намояндаи миллатро зарур аст, ки новобаста аз мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, дараҷаи касбият бояд махсусияту нозукиҳои забонро ба таври комил азхуд намуда, онро маҳаки эҳтиром ба асли хеш, ба гузаштагони худ ва дар маҷмӯъ ба миллат, ба арзишу дастовардҳои миллӣ ва ба тамаддуни чандинҳазорсолаи халқи адабиётпарварамон дониста, дар баробари дигар муқаддасот - Ватан, Модар, Парчам, Нишон, марзу бум, ҳамчун муқаддасоти олӣ эътироф намояд.

“Бояд ҳар яки мо, новобаста ба он ки дар дохил ва ё хориҷи кишвар зиндагӣ дорем, андешаи бузургдошт ва эҳтироми забони миллатро дар зеҳни наслҳо парвариш дода, барои ҳифзи он талош намоем”, - афзуд Ф. Шарифӣ.

Дар идомаи кори ҳамоиш профессори ДДБ ба номи Носири Хусрав Рустам Тағоймуродов, шоираи маҳбуб Меҳриннисо Бобобекова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир, дотсенти ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҷаҳонгиршоҳи Рустамшоҳ, Ҳунарпешаи театр Отахон Саидзода, шоир Амиршоҳи Хатлонӣ ва дигарон вобаста ба мақому мартабаи забони тоҷикӣ ва ҷаҳду талошҳои бузургону олимони мо барои ҳифз ва нумуи забон сухан гуфтанд. Қайд гардид, ки забони тоҷикӣ тавоноии хешро дар риштаҳои гуногуни илмии замони худ, бахусус дар шоҳкориҳои Ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Хоразмӣ, Форобӣ, Имом Тирмизӣ, Ҷурҷонӣ, Ал-Бухорӣ ва дигар чеҳраҳои шинохтаи илму адаб, дар таърихи илмҳои тиб, дорушиносӣ, ҳандаса, ситорашиносӣ, кимиё, табиатшиносӣ, илоҳиёт, фиқҳ, ҳадис, тафсир ва фалсафа ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст. Ин буд, ки миёни олимони ҷаҳони ислом ин забон ва соҳибони он ба зудӣ шинохта шуд. Шурӯъ аз замони Сомониён то ба даврони Аморати Бухоро, новбаста аз ҳукмронии сулолаҳои алоҳида, забони тоҷикӣ забони девону коргузорӣ буд ва ин далел бозгӯӣ аз бузургии ин миллату ин забон мекунад. Ин хизматҳои бузургони миллат ва эътирофот аз сӯйи дигарон назди мо - соҳибони забон масъулияти баланди таърихӣ, яъне дифоъ аз арзишҳои миллӣ, бахусус забонро тақозо мекунад.




Дар ҳамоиш инчунин таъкид шуд, ки забон ҳамчун рукни асосии давлатдории миллӣ доимо ва пайваста дар зери таваҷҷуҳ ва ҳимояи Сарвари миллати мост. Дар асоси нишондодҳои дурбинонаи Президенти маҳбуби кишвар, «Барномаи рушди забони давлатӣ» ва дигар забонҳои мутадовил дар Тоҷикистон барои даҳсолаҳои оянда таҳия гардид, ки дар таърихи замбони модарии мо як саҳифаи заррин ва тоза боз мекунад.

Дар баробари ин, таъмини сулҳу ваҳдати умумиву саросарӣ баъд аз чанд соли ҷанги таҳмилӣ, ба марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ қадам гузоштани мардуми тоҷик, дар як муҳлати кӯтоҳтарин дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои муҳими стратегӣ, гузаронидани ислоҳоти бунёдӣ дар риштаҳои маорифу тандурустӣ, сохторҳои кишоварзиву саноатӣ намунае чанд аз дастовардҳои бунёдии даврони истиқлоланд, ки бо роҳбариву роҳнамоӣ, ҷонфидоиву пирӯзиҳои Пешвои муаззами миллат ба даст омадаанд.

Заковату хиради азалӣ, дурбинӣ ва зиракиву ҳушёрии сиёсии Сарвари тоҷикони ҷаҳон маҳаки асосӣ ва бунёдии таъмини ҳамаи ин музаффариятҳо арзёбӣ гардид.

Аҳли ҳамоиш тазаккур доданд, ки барои камоли миллат, давлат ва забон халқ ба Пешво ва давлатдори ҳомию пуштибон ниёз дорад, то ки бо пиндор, рафтор ва гуфтори хеш зимоми давлатдории миллӣ ва мустақилро ташкил намуда, пояҳои онро мустаҳкам намояд ва миллат, давлат ва забони хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад, зеро “халқ бо фарзанди оламгир оламгир шавад”. Хушбахтона, бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон истиқлоли комили сартосарӣ ба даст омаду забони тоҷикӣ ба марҳилаи нави рушди худ ворид гардид.

Ҳангомаи ИСМАТ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода