Нақши Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 490
Ҷумҳурии Тоҷикистон сивуякумин солгарди Истиқлоли давлатии худро бо шукӯҳу шаҳомат пешвоз гирифт. Дар назди таърихи чандинҳазорсолаи сарнавишти миллати мо ин давра шояд аз лиҳози замонӣ саҳифае беш набошад, вале аз лиҳози пешомади рӯйдоду ҳодисаҳо ва пайдо шудани чархиши бунёдӣ дар рушду нумӯи ин сарзамину ин миллати бостонӣ дар таърих назир надорад.
Таъмини сулҳу ваҳдати умумиву саросарӣ баъд аз чанд соли ҷанги шаҳрвандӣ, ба марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ қадам гузошта, дар як муҳлати кӯтоҳтарин дар амал пиёда намудани ҳадафҳои муҳими стратегӣ, дар амал татбиқ намудани ислоҳоти бунёдӣ дар риштаҳои маорифу тандурустӣ, сохторҳои кишоварзиву саноатӣ намунае чанд аз дастовардҳои бунёдии даврони истиқлоланд. Дастоварду муваффақияту музаффариятҳо зери роҳбариву роҳнамоиҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтаанд.
Заковату хиради азалӣ, дурбинӣ ва зиракиву ҳушёрии сиёсии Сарвари тоҷикони ҷаҳон маҳаки асосӣ ва бунёдии таъмини ҳамаи ин музаффариятҳост.
Дар бахши иҷтимоиёт ва махсусан фарҳангу маърифат низ дастовардҳо бисёр назаррасанд. Забон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, доимо ва пайваста дар зери таваҷҷуҳи Сарвари миллати мост. Ҳарчанд дар даврони шӯравӣ барои рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони расмии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон корҳои зиёде анҷом гирифта, ҷанбаҳои гуногуни илмии он дар муассисаҳои таҳқиқотӣ пажӯҳиш шуда, асоси таҳқиқи забоншиносии он бо усулҳои муосиртар поягузорӣ шуда бошад ҳам, бо тақозои давру замон ва сохтмони ҷомеаи нави «халқи шӯравӣ» ва забони расмии ин халқи «номниҳод» шудани забони русӣ, забони тоҷикӣ дар баробари дигар забонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба забони дуюмдараҷа ва забони хонаву баъзе бахшҳои таълим табдил ёфт. Чунин вазъият дар даврони бозсозӣ ба бедории миллии мардуми тоҷик дар шакли ба забони модарии мо додани мақоми расмӣ оварда расонд, ки дар ниҳояти амр бо қабули Қонуни забон дар таърихи 22 июли соли 1989 ин муборизаи фарҳангӣ бо пирӯзии мардуми тоҷик анҷом ёфт. Аҳамияти қабули Қонуни забонро дар ташаккули фарҳанги миллӣ қайд намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба ифтихори ҷашни Қонуни забон ин нуқтаро хуб ёдоварӣ кардаанд: «Истиқлолияти фарҳангии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир ба назари ман аз кӯшишу талошҳои зиёиёни равшанзамир ва аҳли ҷомеа баҳри истиқлолияти забон ва мақоми давлатӣ ёфтани он оғоз ёфт». Имрӯз ин қонун рисолати таърихии худро иҷро кардааст. Таҳрири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» ва ба шароити имрӯзаи инкишофи забон мутобиқ кардани он, ки 22 июли соли 1989 қабул шуда буд, яке аз мубрамтарин масъалаҳои инкишофи забони мо мебошад.
Тавре ки Президенти кишвар дар мулоқот бо зиёиёни кишвар (20 марти соли 2009) фармуданд: «Итминони комил дорам, ки қабули қонуни нав «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тадбирҳои дигар дар иртибот ба забони миллӣ як силсила монеаҳои мавҷудаи сунъиро дар ин самт барканор сохта, марҳалаи воқеан навро дар таҳким ва рушди забони давлатӣ оғоз хоҳанд кард».
Забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ баъд аз эъломи Истиқлол тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷомеаро фаро гирифта, имрӯз ба забони муоширати миллатҳои гуногуни сокини Тоҷикистон табдил ёфтааст. Албатта, рушду инкишофи забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлол бояд аз нигоҳи таҳқиқи дақиқ ва мукаммали илмӣ, бо назардошти нақши забони миллӣ дар афкори иҷтимоӣ ва сиёсӣ баррасӣ ва дурнамои пешрафти он дар солҳои оянда муайян гардад.
Таҳқиқи ин масъала дар суханрониву асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба таври ҳамаҷониба тарҳрезӣ ва барномарезӣ шудаанд. Дар асоси нишондодҳои дурбинонаи Президенти кишвар «Барномаи рушди забони давлатӣ» ва дигар забонҳои мутадовил дар Тоҷикистонро барои даҳсолаҳои оянда таҳия гардидааст, ки Барномаи ахир солҳои дуҳазору бист то дуҳазору сиро фаро мегирад. Ҳар соли даврони Истиқлол барои рушду инкишофи забони модарии мо як саҳифаи заррин ва тоза боз мекунад. Махсусан, баъди солҳои 1992-1993 бо ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар масъалаи пуштибонӣ аз забони давлатӣ, таҳияи тадбирҳои мушаххас барои рушду инкишофи забони давлатӣ аз самтҳои асосии сиёсати фарҳангӣ ва забонии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Баъд аз эълони Истиқлоли давлатӣ вазифаҳои забоншиносони тоҷик ба куллӣ тағйир ёфт. Шароити нав ва зарурати таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ масъалаи таҳқиқи ҳамаҷонибаи забони тоҷикиро ба миён овард. Бояд гуфт, ки дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ дар илми забоншиносии мо дигаргуниҳои амиқе ба вуҷуд омад.
Дар даврони истиқлол бо фаро расидани шароити мусоид барои инкишоф ва пешрафти забоншиносии миллӣ тамоми монеаҳои сунъии сиёсиву назариявӣ ва идеологӣ бардошта шуд. Дар ин давра бо дар амал пиёда шудани сиёсати воқеан миллии забонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нақши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ ба маротиб афзуд.
Нақши Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ бесобиқа ва тасаввурнопазир аст. Махсусан, асарҳои Президенти кишвар, суханрониҳои ӯ дар маҳфилу чорабиниҳои гуногун дар пайрезии сиёсати забонии давлат, муайян кардани самтҳои асосии инкишофи забон ва забоншиносии тоҷик нақши бунёдӣ ва роҳнамоӣ доштанд.
Бояд гуфт, ки ақидаҳо ва пешниҳодҳои Президенти кишвар дар ин бобат на танҳо хусусияти назариявӣ, балки хусусиятҳои амалӣ ҳам доранд, ки дар ин бора бояд ба таври алоҳида сухан ронд.
Дастовардҳои асосии мо дар даврони Истиқлол ба таври комил дар коргузории расмӣ ҷорӣ шудани забони давлатӣ ва ба забони муоширати байни халқҳои сокини кишвар табдил ёфтани забони давлатӣ мебошад.
Тавре ки Президенти кишвар дар яке аз суханрониҳояшон мефармоянд: «Дар замони истиқлолият забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо карда, дар асоси меъёрҳои таърихӣ ва адабӣ ташаккул пайдо мекунад ва тадриҷан вазифаи забони муоширати байни намояндагони миллатҳои гуногуни сокини кишварро ба дӯш мегирад. Аз ин рӯ, Истиқлоли давлатӣ ҳамчун омили воқеии эҳёи забони мо дониста мешавад». Дар ин гуфтаҳои Президенти кишвар ду нуктаи бисёр муҳим нуҳуфтааст. Аввалан, Истиқлолияти Тоҷикистон барои рушди забони давлатӣ тамоми шароитро фароҳам овардааст. Сониян, ин шароит имкон додааст, ки забони тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба забони муоширати байни халқҳои сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаддал шавад.
Соли 2007 дар таърихи забони мо соли махсус буд. Пеш аз ҳама, тадбирҳои мушаххасе, ки барои инкишофи забон аз тарафи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуд, воқеан марҳилаи навро дар масъалаи омӯзиш ва таҳқиқи забони тоҷикӣ оғоз намуд ва бисёр монеаву мамониатҳои сунъиро дар ин замина барканор сохт. Ин пешниҳодҳо, ки масъалаҳои баргашт ба номгузории асили забони тоҷикӣ, таҳияи «Фарҳанги мукаммали забони адабии тоҷикӣ» ва «Энсиклопедияи бузурги тоҷик»-ро дар бар мегирифт, дар мулоқот бо зиёиёни кишвар (20 марти соли 2007) аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид ва мавриди дастгириву ҳамовозии тамоми мардуми тоҷик қарор гирифт. Яке аз масъалаҳои муҳимми дигари инкишофи забон барномарезии таҳияи истилоҳоти илмӣ барои риштаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аст. Ин масъала бояд якҷоя бо муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва илмии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои педагогӣ баррасӣ гардида, роҳҳои татбиқи он муайян гардад. Зеро таҳия, ҳамгунсозӣ ва стандарт намудани истилоҳоти илмӣ яке аз пояҳои асосии ба вуҷуд овардани забони илм аст.
Дар ин бора дар суханронии хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мефармоянд: «Барои дар мақоми забони илм қарор додани забони тоҷикӣ бояд, пеш аз ҳама ба низоми таҳсилоти миёна ва олӣ такя карда шавад. Зеро соҳаи мазкур асоси рушди забони адабӣ ва ҳамзамон забони илм мебошад».
Соли 2008 бо ташаббусу ибтикори Президенти кишвар «Соли забони тоҷикӣ» эълон гардид: «Барои ҷалби тамоми ҷомеа ба амри хайри ҳифзи забон ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору эҳтироми шаҳрвандон нисбат ба забони модарии хеш пешниҳод менамоям, ки соли 2008-ум «Соли забони тоҷикӣ» эълон гардида, якҷоя бо ҷашни нахустин устоди сухани тоҷикӣфорсӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил карда шавад». Дар асоси ин пешниҳоди Президенти кишвар ва татбиқи он дар амал Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Соли забони тоҷикӣ» низ қабул шудааст. Дар «Соли забони тоҷикӣ» Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бар уҳдаи кормандону донишмандони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ боз як вазифаи муҳимму пурмасъулият гузошт:
«Вобаста ба ин супориш медиҳам, ки то сентябри соли оянда чопи таҷдиди назаршудаи Фарҳанги дуҷилдаи забони тоҷикӣ таъмин карда шавад. Бигзор ин Фарҳанги ҷомеъ ҳамчун мероси азизи гузаштагони мо дастраси ҳар хонадони тоҷик ва китоби рӯимизии ҳар фарди бонангу номуси миллат бошад».
Сайфиддин Назарзода,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00