Забон - муҳимтарин воситаи шинохти миллат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 688
Паёми шодбошии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони арҷманд!
Забон муҳимтарин воситаи шинохти миллат, эҳтироми давлат ва зиндаву ҷовидон нигоҳ доштани бузургони он мебошад. Таҷлили Рӯзи забон аз ҷашнҳоест, ки барои таҳкими ҳувияти миллӣ, тараннуми эҳсоси ватандориву худогоҳӣ хизмати бемисл карда метавонад. Ин аст, ки хизмати забонро арҷ гузошта, Пешвои муаззами миллат 5 октябрро ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон дошта, ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид намуданд, ки яке аз дастовардҳои бузурги миллии халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Бо истифода аз ин фурсат, тамоми сокинони фарҳангдӯсти вилоятро ба ифтихори ин санаи фархунда табрику таҳният мегӯям.
Маҳз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар забони тоҷикӣ манзалати бузург - мақоми давлатиро касб намуд, ки ин аз зери таваҷҷуҳи ҳамешагии давлат ва Ҳукумати кишвар қарор доштани он бозгӯӣ мекунад. Давлату Ҳукумати кишвар барои рушд ва таҳкими он дар умури сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар пайваста тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати пешбурди ин самти сиёсати миллӣ тамоми чораҳоро андешида истодааст.
Бо ибтикору талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи нав ба омӯзиш ва таҳқиқи таърихи забон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, он ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста пайдо кард.
Интишори китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки сайри таърихии забони тоҷикиро аз замони қадим то имрӯз дар бар гирифтааст, бори дигар собит сохт, ки давлату Ҳукумат нисбат ба тақдири забони давлатӣ таваҷҷуҳи хоса дошта, барои такомули минбаъдаи он тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ меандешанд. Дар тӯли таърихи беш аз 5-ҳазорсолаи худ забони мо бо вуҷуди таҳоҷуму тохтутозҳо болои соҳибонаш на танҳо асли худро гум накард, балки давраҳои зиёди таҳаввулоту рушдро гузашта, бо вуҷуди ивази хат ба як забони бою доманфарох, зебою ширин мубаддал гашт.
Дар давраҳои гуногуну гардишҳои пуршебу фарози таърихӣ чеҳраҳои мондагори миллат осори арзишмандашонро бо чандин навъи навиштор пешкаш намуда, ба сареҳият собит сохтанд, ки аз рӯзи пайдоиш то имрӯзи халқи тоҷик забони мо дар ҳастӣ, худшиносӣ ва муаррифии миллати фарҳангдӯст ва тамаддунсозамон нақши сарнавиштсоз доштааст.
Акнун мо - меросбарони ин забону фарҳангро зарур аст, ки ин ҷавҳари ҳастии миллатро бо эҳтиром ба корнамоиҳои ниёгонамон ба таври ҷовидон нафақат маҳфуз дорем, балки ба таври доимӣ барои поку беолоиш нигоҳ доштани он талошҳо ба харҷ бидиҳем, зеро ниёгони фаррухрӯзамон ин забони нобро то ба рӯзгори мо бо як ифтихору хештаншиносӣ ба мерос оварда расонидаанд.
Тавре Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода қайд намудаанд: “Забони мо, яъне забони шоиронаву зебои тоҷикӣ бузургтарин ва гаронбаҳотарин дороиву сарвати мо, ифтихори мо ва рӯйи сурху сари баланди мо – тоҷикон, яке аз миллатҳои қадимтарини дунё мебошад”. Дар радифи ин гуфтаҳо ҳар яки мо вазифадорем, ки ба ояндагон ин забонро бо тамоми фасоҳату балоғаташ ҳамчун василаи шинохти миллати шарифи тоҷик мерос гузорем.
Боварӣ дорам, ки ҳар як нафари миллатдӯсту ватанпарвар барои гиромидошти забони модарии худ, ки пеш аз ҳама, нишона аз модар аст, ҷидду ҷаҳд намуда, онро равнақу ривоҷ дода, дар ҳифзи он талошҳои ҷиддӣ мекунад.
Бо ҳамин нияти нек, бори дигар тамоми сокинони шарафманди вилояти Хатлонро ба ифтихори Рӯзи бузургдошти забони давлатӣ муборакбод гуфта, ба ҳамаи шумо сиҳатмандии комил ва ба забони нобу шевои модариамон умри ҷовидонаро орзумандам.
Ҷашни Рӯзи забони давлатӣ муборак бод, дӯстони азиз!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...