Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Имрӯз, 3-уми октябр, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар рӯзи даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Наваскарон аз назди бинои комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон бо шиору овезаҳои ватандӯстона то майдони варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носир Хусрав роҳпаймоӣ намуданд.
Бояд изҳор дошт, ки дар майдони варзишии ДДБ ба номи Носири Хусрав даъватшавандагонро Раиси вилоят муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, муовинони раиси вилоят, раиси шаҳри Бохтар, комиссари ҳарбии вилоят, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилоят ва дигар роҳбарони ташкилоту идораҳои давлатӣ, омӯзгорону донишҷӯён ва волидони даъватшудагон гарму самимӣ истиқобол гирифтанд.
Дар маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон суханронӣ намуда, барои шуҷоату мардонагӣ ва далериву ҷасуришаон аҳсану офарин хонд. Мавсуф қайд дошт, ки хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ барои ҳар як ҷавонмард мактаби мардонагӣ буда, барои зиндагии оянда ҳамчун заминаи нек поягузор мешавад. Раиси вилоят наваскаронро ба муносибати оғози мавсими нави даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфт.
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.