Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «илм - фурӯғи маърифат» оғоз гардид


Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «илм - фурӯғи маърифат» оғоз гардид



29 сентябри соли 2022, дар литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» баргузор гардид.

Фирӯза Шарифӣ дар бораи ҳадафи баргузории озмун изҳори назар карда, аз таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ба таълиму тарбияи насли наврас, дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон нисбати соҳаи маориф ёдовар гардид. Илова кард, ки бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020- 2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор карда мешавад.

Ғазалшоҳ Сафарзода зимни суханронӣ дар хусуси тартиби гузариши даври вилоятии озмун, ҷамъбасти даври шаҳрӣ - ноҳиявӣ ва роҳхат ба даври вилоятӣ, ғамхориҳои Пешвои миллат нисбати хонандагон ва имкониятҳои фароҳамгардида ибрози назар намуд. Инчунин, аз дастгириву ҳавасмандгардонии ғолибони даври ҷумҳуриявӣ хотиррасон карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар озмун аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 645 нафар хонандагон аз фанҳои гуногун иштирок карда, донишу маҳорати худро санҷиданд. Изҳор гардид, ки озмун ба таври шаффоф ва бо риоя шудани тамоми талаботҳо баргузор гашта истодааст.

С. АЗИЗЗОДА, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода