Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Мардонагӣ дар сарҳад


Мардонагӣ дар сарҳад



Онҳо хеле ҷавон буданд, дар қалб орзуҳои ширин доштанд. Дар мактубҳояшон ба падару модар ва дӯстдоштаи худ менавиштанд: ба наздикӣ қарзи Ватан-Модарро адо карда, ба деҳа бармегардам.

...Дигар он сарбозоне, ки дар қисми ҳарбии ҳудуди шаҳри Исфара дар хизмати Ватан –модар буданд, ба падару модар, ёру дӯст, наздикону пайвандони худ мактубҳои саршор аз меҳру муҳаббат наменависанд, дилдодаҳои интизори мактуб нома намегиранд, қалам болои коғази сафед беҳаракат аст.

Соҳибони он ҳам нафас намекашанд, аз тирҳои сарбозони давлати Қирғизистон ҷони ҷавони худро дар ҳифзи сарҳади давлатӣ, дар ҳимояи Ватани маҳбуб қаҳрамонона аз даст доданд...

Муноқишаи сарҳадии байни Тоҷикистону Қирғизистон солҳои тӯлонӣ давом дорад. Солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ барои масъалаи тақсимоти об дар айёми зироаткорӣ низоъ байни баъзе деҳқонони тоҷику қирғиз давом карда, баъзе бо фоҷеа анҷом меёфт. Комиссияҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон вазъиятро  омӯхта, санаду дигар ҳуҷҷатҳо тартиб дода, ба ҳукуматҳои ҳар ду кишвар пешниҳод мекарданд. Вале ҳар сол вақти зироаткорӣ ин низоъ вақти тақсимоти об аз нав сар шуда, боиси марги одамони бегуноҳи ҳар ду тараф мегардид.

Таҷрибаи солҳои тӯлонӣ шаҳодат медиҳад, ки коғазҳои тартибдодаи комиссияҳои дутарафа аз ҷониби намояндагони Қирғизистон риоя нагардида, сабаби моҷарои нав ва ҳолатҳои нохуш мегардиданд.

Агар дар ин бора тадбирҳои ҷиддӣ аз ҷониби ҳукумати Қирғизистон андешида нашавад, аз эҳтимол дур нест, ки мисли солҳои пешин аз ҷониби онҳо ҳолатҳои вайронкунии қонун боз рух диҳад. Тартиб додани ҳуҷҷатҳо, шартномаҳо, мактубҳо ва ғайра як муддат ба эътидол овардани вазъият буда, аз нав такрор ёфтани ҳодисаҳои нохушро аз ҷониби Қирғизистон касе кафолат дода наметавонад.

Б. Сайда лиев

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода