Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Амри модар


Амри модар



Салом, ҷигаргӯшаи ман! Салом, эй фарзанди дилбанду ватанпарвари оча, ки имрӯз дар хизмати модар-ватан қарор дорӣ. Дуогӯи офияту сарбаландии ту ва дигар аскарони шермард ҳастам.

...Вақте ту хеле хурд будӣ, бо лаҳни ширини кӯдакона, бо садои баланд тараннум мекардӣ:
- Ватанам - Тоҷикистон!

Гулшанам - Тоҷикистон!

Имрӯз ту бузург шудаӣ ва ҳамин «Гулшан» ба ту ниёз дорад.

Баъди чанд рӯзе, ки шоҳиди марги даҳҳо шаҳидони роҳи озодии Ватан гаштам, тасмим гирифтам, ки бароят нома нависам. Писарам, дар хизмати аскарӣ қавӣ бош, ҷасуру бебок бош! Хоби осудаи мо – модарон ба бедорхобиву ҳушёрии ту ва ҳамсангаронат вобаста аст.

Гарчанде ҳамеша орзуи модари писарони ватандӯст буданро доштам, намедонистам, ки то ин ҳад модар метавонад баъди марги фарзандаш низ устувору қавӣ бошад, бо ифтихор аз корнамоиҳои фарзандаш сухан гӯяд ва шукргузорӣ намояд. Танҳо ва танҳо ба хотири ҳифзи марзу бум.

Писарам! Ман хуб медонам, ки он модарон низ мисли ман фарзандонашонро дӯст медоштанду мехостанд то вопасин нафас дарду доғи онҳоро набинанд, аммо ба хотири осудагии Ватан аз онҳо ҷудо гаштанд.

Писарам! Ман ҳамчун як модар дарк мекунам, ки чӣ қадар дарднок аст, вақте модар ба ҷиҳози омоданамудааш барои тӯй менигарад… Шояд даҳҳо духтарро зери чашм кардааст, ё писари армониаш ба гӯшаш номи якеро гуфтааст. Чӣ қадар мушкил аст ба зани ҷавони бевамондаи афсари ҷонфидое нигаристан, ки ӯ низ ба хотири ҳамин ватан танҳо монд… Чӣ қадар қалби модар сӯзиш мекунад, вақте набераи ноздонаи хешро ҳайрону гарданашро каҷ мебинад…

Барои як модар аз ин дида фоҷиаи сахттаре нест… Аммо муҳаббати Ватан назди ин қадар ҷонфидоии модар бузургтар будааст. Ин модар қаҳрамон зодааст. Модари қаҳрамонписарест, ки таърихи даврони соҳибистиқлолии Ватан ҳамеша ба ёд хоҳад дошт. Ва он тифли бозмонда низ фарзанди марди диловар – ҳомии сарбаланди меҳан мебошад, ки ҳамагон бо ифтихор аз шуҷоаташ ёд хоҳанд овард.

Бале, модар метавонад бо дарду алам, бо доғи бефарзандӣ, бо дидани ҷомаи ҳайрони домодӣ, бо нигоҳи ҳаросони келину набераи сарсонаш зиндагӣ кунад. Аммо як модар намехоҳад, ки дигар модарон низ мисли ӯ ашки талх бирезанд. Як модар намехоҳад, ки дар чашми ҳама ашк бубинад. Як модар ҳеҷ гоҳ намехоҳад, ки садои тиру туфангро шунавад, намехоҳад пойи нохалафе ба марзи меҳан гузошта шавад.

Писарам, баъди ин қадар ҷонфид оии модари ғам задаву фарзанд гумкарда, оё мешавад мо - модар он бепарво бошем? Ҳаргиз на … Мо, ки имрӯз фарзандони баркамолу солим дорем, бояд мисли ана ҳамон модарон фарзандонамонро ба тақдири ҳифзи Ватан бубахшем.

Зеро интихоби роҳи фарзандон дар дасти мо - модарон аст. Мо онҳоро, пеш аз ҳама, барои ҳифзи Ватан бояд омода созем. Модари тоҷик ҳамеша фарзанди қаҳрамон, баҳодуру диловарро ба камол расонидааст. Фарзандеро, ки ватандор аст, ғурури миллӣ дорад ва ҷасурона барои ҳифзи хоки диёр аз ҳамлаи душман сина сипар мекунад.

Писарам, аз ту хизмати содиқона ба Ватан!
Аз ман муҳаббат ва дуо ба туст!
Ин амри модар аст!

Таснифи Ҳангомаи ИСМАТ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода