Қаҳрамонон намемиранд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 1 369
Барои ҳимояи марзи кишвар ҷон дод
Ибодулло Рӯзиев, яке аз қаҳрамононе мебошад, ки барои ҳимояи ин Ватан сина сипар кард. Мо низ тасмим гирифтем, ба хотири изҳори тасаллият ба хонаи ин сарсупурдаи Ватан равем.
- Писарам барои ҳимояи марзу буми кишвар ҷон дод. Хост, ки ба хизмати ҳарбӣ рафта, қарзи шаҳрвандии худро адо кунад. Ҳамеша мегуфт, ки барои ҳифзи Ватан ба хизмат меравам ва танкист шуданӣ ҳастам. Тӯли як сол хизмат кард, ки муноқиша сар зад ва дар он аз дасташ тир хӯрда буд. Пеш аз муноқиша занг зада, аз ман дуо гирифт. Бо гузашти вақт шифо ёфт.
Вале дар муноқишаи марзии охирон, ки байни Тоҷикистону Қирғизистон сар зад, пеш аз ба ҷанг рафтан занг заду дуо гирифт ва гуфт, ки “очаҷон маро биҳил кун”. Писарам дар ин муноқиша ҳалок шуд, - бо гиря изҳор медорад, модари Ибодулло.
Сарбози далер аз ноҳияи Панҷ
Қамариддин Наҷмиддинов зода ва истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфиддини ноҳияи Панҷ, ки дар муноқишаи байнимарзии Тоҷикистону Қирғизистон захмӣ гардида буд, баъди чанд рӯзи табобат рӯзи 24-уми сентябри соли равон аз дунё даргузашт.
Маросими видоъ дар зодгоҳаш баргузор гардид. Марҳум ҳамагӣ 29 сол дошт ва соҳиби як фарзанд буд. Дар маросими дафни Қамариддин, муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода, раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхӯҷа ва дигар шахсони ҳамроҳ иштирок доштанд.
Дар маросими видоъ муовини раиси вилоят Акрам Сулаймонзода баромад карда, ба аҳли пайвандон изҳори тасаллият намуд. Ӯ қайд дошт, ки Қаландар Наҷмиддинов дар ҳимояи марзу буми кишвар аз худ шуҷоату мардонагӣ нишон дода, бо қаҳрамонӣ барои ҳифзи якпорчагии ватан ҷон бохт.
Хуршед ҳомии сарсупурдаи Ватан буд
Рӯзи 25 –уми сентябри соли 2022 қалби шахси ватанпарвар, вадандӯсти ҳақиқӣ ва муҳофизи дастовардҳои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Ҳалимов аз тапидан боз монд.
Хуршед Ҳалимов 14 сентябри соли равон, баробари сар задани нооромиҳо дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳимояи Ватан бархоста, дар сафи гурӯҳи 30-нафараи ҷавонмардони Ёвон ба вилояти Суғд рафт ва сад афсӯс, ки рӯзи 25-уми сентябр дар беморхонаи шаҳри Конибодом вафот намуд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои ниҳоят вазнин ба фарзандон, хешу табор ва наздикону пайвандони Хуршедҷон изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунад.
Р. Ҷаҳонгиршоҳ , “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...