БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА АЗ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 21 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати, Боздид 922Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, 16 январ, бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ноҳияи Кӯшониён сафар кард.
Нахуст, раиси вилоят аз ҷараёни сохтмони бинои меҳмонхона ва маркази саломатӣ, воқеъ дар шаҳраки Исмоили Сомонӣ, дидан намуд. Бинои мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкор Фақерзода Анвар бунёд шуда истодааст. Бино дорои 14 ҳуҷра, 20 ҷойи хоб, ду толори маҷлисгоҳ, тарабхона барои 300 нафар, як адад маркази савдо буда, арзиши лоиҳавии он 2 миллиону 773 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, аз тарафи соҳибкор сохтмони беморхонаи хусусии дорои 18 ҳуҷраи духтурон ва 25 ҳуҷраи хоби беморон босуръат идома дорад. Иншооти мазкур ба маблағи 2 миллиону 330 ҳазор сомонӣ сохта шуда истодааст. Тибқи нақша он дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, инчунин, дар маркази ноҳияи Кӯшониён аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои шашошёнаи истиқоматӣ дидан намуд.
Сохтмони бинои мазкур дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкор Давлатов Дилшод ба нақша гирифта шудааст. Корҳои сохтмонӣ моҳи январи соли 2020 оғоз гардида, дар ошёнаи якум маркази савдо ва дар ошёнаҳои 2-6-ум манзилҳои истиқоматӣ сохта мешаванд.
Тибқи лоиҳа шумораи ҳуҷраҳо 30 ададро ташкил медиҳад. Ҳангоми ба истифода додани бинои мазкур дар маркази савдо 12 нафар сокинон ба кори доимӣ таъмин мешаванд.
Дар корҳои сохтмонӣ 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуданд.
ПРЕЗИДЕНТ
-
-
Мактаби бузурги сулҳофарии Пешвои миллат
-
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон