БЕҲТАРИНҲО ҚАДРДОНӢ ШУДАНД
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 21 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати, Боздид 1 039Бо ширкати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо озмуни вилоятии “Ободгари ватан” ҷамъбаст гардид.
Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 №АП 1059, оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд.
Дар ин раванд саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша низ ҷиҳати ободониву созандагӣ назаррас мебошад. Барои ҳавасмандгардонии шахсони саҳмгузор бо қарори раиси вилояти Хатлон №41 аз 12 феврали соли 2019 озмуни вилоятии “Ободгари ватан” эълон гардида буд, ки ҳар семоҳа ғолибони озмун муайян карда мешаванд. Дар семоҳаи чоруми соли сипаригардида низ ғолибон эълон гардид ва бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии раиси вилоят сарфароз гардонида шуданд. Дар ин навбат 14 нафар соҳибкорон, шахсони саховатпеша, некандеш, аз ҷумла Илҳом Раҳматов барои саҳм гузоштан дар таъмири биноҳо, равшаннамоӣ ва чароғонкунии намои биноҳо дар шаҳри Бохтар бо сипоснома ва туҳфаи хотиравии раиси вилоят сарфароз гардид.
Ҳамчунин, Шодиҷон Раҷабов, барои бунёди маркази саломатӣ дар деҳаи Деҳбаланди ноҳияи Муъминобод, Хуршед Нозимов, барои бунёди МТМУ №2 дар кӯчаи Рӯдакии Ҷамоати шаҳраки “Фархор”-и ноҳияи Фархор барои 2000 ҷойи хониш, яъне бунёди муассисаи таълимии ҳозиразамон ва насби таҷҳизотҳои муосир, Сайнурдин Сайфов ҷиҳати мумфаршкунонии 1,5 километр роҳи маҳаллӣ дар Ҷамоати деҳоти “Навобод”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо сипоснома ва туҳфаи хотиравии раиси вилоят қадр гардиданд.Дар ҳамин раванд Абдулҳафиз Гулонов, Сафаралӣ Сафаров, Муҳаммадалӣ Асадзода, Хуршед Маҳмадалиев, Иноят Холов, Абдуҳалим Ҷобиров, Абдураҳим Қурбонов, Ориф Раҷабов, Раҷабалӣ Нозилов, аз шаҳру ноҳияҳои Норак, Ҷ. Балхӣ, Шаҳритус, Хуросон, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ, Данғара барои бунёди майдончаи варзишӣ, биноҳои истиқоматӣ, бинои маркази саломатӣ, сохтмони бинои баландошёна, сохта ба истифода додани мактаб ва ғайраҳо ғолиби озмуни “Ободгари ватан” гардиданд.
Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравиро ба ғолибон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода супурда, ҷиҳати саҳми арзандаашон дар рушду нумӯи кишвар, ободониву созандагӣ изҳори сипос намуданд. Ҳамчунин, дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон ғолибони озмуни “Беҳтарин шаҳраку деҳот” низ қадрдонӣ гардиданд. Чуноне ки муовини раиси вилоят Низом Мирзозода ҳини ироаи қарори комиссияи вилоятӣ таъкид дошт, озмуни “Беҳтарин шаҳраку деҳот” бо мақсади иҷрои талаботи банди 34-и нақша-чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019 “Дар бораи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” роҳандозӣ гардидааст.
Ҳадафи озмуни вилоятӣ, пеш аз ҳама, амалӣ намудани дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ, ҷалби сармоя ва соҳибкорони ватанӣ, мусоидат ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот замина мегузорад.
Тавре ки равшан гардид, дар номинатсияи “Ҷамоати шаҳраки беҳтарин” Ҷамоати шаҳраки “Шаҳритус”-и ноҳияи Шаҳритус сазовори ҷойи 3-юм дониста шуд ва бо Дипломи дараҷаи 3 ва 2000 сомонӣ сарфароз гардид. Ҷамоати шаҳраки “Исмоили Сомонӣ”, аз ноҳияи Кӯшониён бо гирифтани ҷойи 2-юм, Дипломи дараҷаи 2 ва 4000 сомонӣ сазовор гашт. Ҷамоати шаҳраки “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ бошад, сазовори ҷойи 1-ум, Дипломи дараҷаи 1 ва 6000 сомонӣ сарфароз гардид.
Дар номинатсияи “Ҷамоати деҳоти беҳтарин” Ҷамоати деҳоти “Қумсангир”-и ноҳияи Ҷайҳун соҳиби ҷойи 3-юм, Ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и ноҳияи Вахш сазовори ҷойи 2-юм, Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарипов, аз ноҳияи Данғара соҳиби ҷойи 1-ум дониста шуд.
Деҳаи Тудабоёни Ҷамоати деҳоти “Чубек”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар номинатсияи “Деҳаи беҳтарин” сазовори ҷойи 3-юм, деҳаи Ориён, аз Ҷамоати деҳоти “Фархор”-и ноҳияи Фархор ҷойи 2-юм ва деҳаи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, аз Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнии ноҳияи Хуросон соҳиби ҷойи 1-ум дониста шуданд.
Дар наминатсияи “Маҳаллаи беҳтарин” бошад, маҳаллаи Бошқалъа, аз ноҳияи Қубодиён сазовори ҷойи 3-юм, маҳаллаи Умари Хаём, аз шаҳри Бохтар ҷойи 2-юм, маҳаллаи Исмоили Сомонӣ, аз шаҳри Кӯлоб сазовори ҷойи 1-ум дониста шуданд.
Ҳамчунин, “Кӯчаи беҳтарин” кӯчаи Борбад аз шаҳри Левакант, кӯчаи Маҳмадалӣ Ҳайдаров аз ноҳияи Балхӣ ва кӯчаи Мирзо Турсунзода аз Ҷамоати шаҳраки “Ёвон”-и ноҳияи Ёвон дониста шуданд.
Оилаи Қаюмов Ҷумахон аз ноҳияи Темурмалик, оилаи Абдулло Ёров, аз шаҳри Норак ва Абдуфайёз Одинаев, аз ноҳияи Муъминобод дар номинатсияи “Оилаи беҳтарин” ғолиб баромаданд. Аз ҷамоатҳои деҳоти шаҳру ноҳияҳо бошад, дар вилоят оилаи Ҳақназаров Ғозӣ, аз ноҳияи Панҷ, Гулмад Одинаев, аз ноҳияи Ш. Шоҳин ва Маҳмадалӣ Раҳимов, аз ноҳияи Ховалинг барандаи озмун гардиданд.
Ба ғолибон раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Диплому мукофотпулиҳоро супурда, барояшон саломатӣ, бурдборӣ ва тозакориҳои нав ба нав орзу намуданд.
ВАХШОНА,
“Хатлон”
Аксбардор Умед МУРОДОВ
ПРЕЗИДЕНТ
-
-
Мактаби бузурги сулҳофарии Пешвои миллат
-
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон