Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Даври вилоятии Озмуни «Тоҷикистон - ватани азизи ман» дар Бохтар оғоз гардид


Даври вилоятии Озмуни «Тоҷикистон - ватани азизи ман» дар Бохтар оғоз гардид



Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз 9-уми марти соли 2022, таҳти №154, барои қадрдонии ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ “Тоҷикистон - ватани азизи ман” 188 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Ин маблағ нисбат ба соли гузашта 26 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ноҳияи Панҷ бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бояд гуфт, ки дар даври аввали ин озмун дар 25 шаҳру ноҳияи вилоят 913 нафар иштирок доштанд. Аз ин танҳо 497 нафарашон ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд. Марҳилаи вилоятии озмун 25-уми июли соли равон оғоз гардида, то рӯзи 1-уми август идома мекунад. Дар рӯзи дуюми баргузории озмун муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ширкат намуда, ҳайати ҳакамонро ба шаҳри Бохтар хайрамақдам гуфт ва ба иштирокчиён муваффақият таманно кард. Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилоят, ҳамчунин рафти озмунро тамошо намуд.

Ҳайати ҳакамон, ки онро Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фурқат Саидов роҳбарӣ мекунад, ба ҳунару маҳорати довталабони озмун баҳои баланд дода, гуфт, ки танҳо беҳтаринҳоро ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат медиҳанд. Озмуни мазкур аз се Шоҳҷоиза иборат буда, ҳар яки он аз 50 ҳазор сомонӣ иборат мебошад.

Дар умум аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ бо Амри Президенти мамлакат 2 540 000 (ду миллиону панҷсаду чил ҳазор) сомонӣ барои қадрдонии ғолибони озмуни даври ниҳоӣ ҷудо карда шудааст. Ёдовар мегардем, ки озмун бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, ҳадаф аз баргузории он дарёфти чеҳраҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати сарояндагиву навозандагӣ ва эҷодкории ҷавонону наврасон, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон ба шумор меравад.

Набиҷони САИДАБРОР, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода