РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БА МУЛОҚОТИ СОКИНОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОМАД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 824
Имрӯз, 7 июл, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода бо ҳамроҳии муовини раиси вилоят Амирхон Қурбонзода ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ташриф оварданд.
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоҳир Зокирзода, вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Муъминобод №69 Абдуллоев Меҳроҷ ва муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон бо роҳбарону фаъолони ноҳия баргузор гардид.
М. Зокирзода вобаста ба қимату манзалати сулҳу ваҳдати миллӣ, ки бо ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, сухан гуфт.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода дар идомаи суханронии хеш дар бораи волоияти қонун, нақши боризи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҳамчун Маҷлиси доимамалкунанда баҳри қабули қонунҳо, кодексҳо ва қонунҳои конститутсионӣ изҳори назар кард.
Дар интиҳои суханронӣ Раиси Маҷлиси намояндагон дар бораи вазъи буҳронии ҷаҳони муосир, норасоӣ ва камчинии маводи озуқа андеша ронд. Таъкид дошт, ки ҳар як шахс бояд аз замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода барад. Захираи дусолаи маводи хӯрокаро барои эҳтиёҷоти аҳли оила таъмин намуда, бозори истеъмолиро фаровон бисозад. “Дар ин ҷаҳони пуртазод зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Фирефтаи андешаю афкори ватангумкардагону нохалафон нагардем ва баҳри ободии кишвар заҳмати софдилона намоем”, - афзуд ӯ.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоҳир зимни сафари кориаш дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз хонадони Шарифов Шараф дидан намуда, ба аҳли хонадон барои истифодаи пурсамари ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигӣ, намунаи ибрати ҳамдеҳагон будан дар захираи маводи озуқа изҳори сипос кард.
М. Зокирзода ва ҳайати ҳамроҳонаш имрӯз ҳамчунин ба ноҳияи Муъминобод сафар карда, бо фаъолон ва масъулини ноҳия вобаста ба масъалаҳои таъмини волоияти қонун, истифодаи оқилонаи замин ва захираҳои табиӣ, ташвиқи захирасозии маводи озуқа барои ду
сол, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ва дигар мавзуъҳои мубрам мулоқот анҷом дод.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00