Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 9 июл - Иди Қурбон


9 июл - Иди Қурбон



Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар бораи муайян кардани рӯзи Иди саиди Қурбон қарор қабул кард. Мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, рӯзи Иди саиди Қурбон дар кишвар ба рӯзи шанбе - 9 июл рост меояд.


Иди Қурбон ҳамчун ид ҷашн гирифта шуда, рӯзи ғайрикорӣ ҳисобида мешавад. Тавре ки раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иттилоъ дод, дар асоси қисми 1 моддаи 89 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, истироҳат дар рӯзҳои иди ғайрикорӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» муайян карда мешавад.

Қисми 5 моддаи 89 Кодекси меҳнат муқаррар намудааст, ки агар рӯзи истироҳат ба рӯзи иди ғайрикорӣ рост ояд, рӯзи истироҳат ба рӯзи аввали кории баъд аз рӯзи иди ғайрикорӣ гузаронида мешавад. Аз ҳамин лиҳоз, рӯзи 9 июли соли 2022, ки ба рӯзи шанбеи ҳафта рост меояд, рӯзи истироҳатӣ ҳисобида мешавад.
Бо ҳамин назардошт, ба кормандоне, ки реҷаи 5-рӯзаи ҳафтаи корӣ доранд, рӯзҳои 9, 10 ва 11 июл истироҳатӣ ҳисобида мешавад.

www. khatlon-ruznoma.tj

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода