Ба муштариён маводҳои хонданбоб писанд аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 672
Интернет! Баъди пайдоиши интернет одамонро як хушҳолии гуворое фаро гирифт. Он воситаи муҳими таъсиргузорӣ ба одамон аст. Сари вақт шаҳрвандон аз иттилооти зарурӣ огоҳӣ ёфта, мушкилоти хешро ҳаллу фасл мекунанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ одамон бо интернет ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ пайдо карда, аз он истифода мебаранд. Интернет муфид аст, агар дар он масъалаҳо, суханҳо, масъалагузориҳо беғаразона ва дуруст бошанд. Вале на ҳамеша ҳамин тавр аст.
Ҷиҳати дурусту нодурустии маводҳо, хабарҳо, айбномаҳо солҳои охир баҳсҳои тӯлонӣ давом мекунад. Ҳастанд одамоне, ки аз интернет истифода бурда, одамони бегуноҳ, масъулон ва роҳбарони зинаҳои гуногунро бе далелҳои асоснок танқид мекунанд. Кор ба дараҷае расидааст, ки баъзе гурӯҳҳо давлату миллатро бе далелҳои исботшаванда зери тозиёнаи танқид мегиранд.
Аз ин Тоҷикистон истисно нест. Мо бояд манфиати давлату миллатамонро бо далелҳои асоснок ҳифз карда, ба маводҳои таҳқиромези интернет ҷавоби муносиб гардонем. Ҳимояи манфиати давлату миллат қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди поквиҷдон ва меҳнатдӯсти кишвари мост. Ба интернет бештар ҷавонон, ки таҷрибаи ғании зиндагӣ надоранд, алоқаманданд. Вақтҳои охир иттилоърасонӣ дар шабакаи интернет афзудааст.
Дар баробари маводҳои дуруст, ахбори бештари нодуруст дар кишварҳои гуногун, танқиди ғаразноки роҳбарони ҷумҳуриҳои алоҳида, аз ҷумла Тоҷикистон ба чашм мерасад. Ин масъулини воситаҳои ахбори давлатиро водор мекунад, ки бештар фаъол бошанд, омилҳои иттилоърасониро пурзӯр намоянд, ба ҳар маводи ғаразноки сиёҳкунандаи интернет ҷавоби сазовор гардонданд.
Баъзе мухолифони ҳукумат, аъзои ТЭТ ҳизби наҳзати ислом, ки фаъолияташ дар мамлакати мо қатъ карда шудааст, аз дур - берун аз кишвар истода, мамлакати моро бо далелҳои беасос дар ҷамъомадҳои худ танқид карда, бо фактҳои тасдиқнашавандаи беасос амалҳои сиёҳкунанда ва ноҷавонмардонаи хешро давом медиҳанд.
Дар ин ҳолат кормандони воситаҳои ахбори мо бояд фаъол бошанд, бо факту далелҳо иғвогарии кормандони ғаразноки нашрияҳои ғайрирасмиро, ки берун аз мамлакат фаъолият карда, вазъияти ҳақиқиро намедонанд, рӯи об бароранд. То кай онҳо дар хориҷ истода, тавассути ҷаласаҳо, воситаҳои ахбори хориҷӣ, шабакаи интернет бе факту рақамҳои асосӣ, бо далелҳои дурӯғин кишвари моро танқид мекунанд?
Ба танқиди онҳо кӣ бовар мекунад? Ҳар рӯз ба давлати мо садҳо намояндагони хориҷӣ, сайёҳон, роҳбарони кишварҳои гуногун омада, бо чашми худ дигаргуниҳои бузурги дар солҳои соҳибистиқлолӣ бавуҷудомада, шаҳри зебою дилорои Душанбе, умуман шаҳру деҳоти биҳиштмонанди Ватанамонро дида, аз сидқи дил ба созандагону бунёдкорони он аҳсан мегӯянд.
Саволе ба миён меояд, ки оё рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ ба талаботи имрӯзаи ҳаёт ҷавоб дода метавонанд?! Як қисми онҳо, не! Чаро? Дар маъракаи обуна рӯзноманигорон мекӯшанд, ки бештар муштарӣ дошта бошанд. Ба онҳо зарур аст, ки аз навиштани хабару мақолаҳои сусту якранг ва каммазмун даст кашида, бештар маводҳое чоп кунанд, ки ба дили муштариён роҳ ёфта, онҳоро ба созандагию бунёдкорӣ даъват намоянд. Ба баъзе рӯзномаю маҷаллаҳо журналистони аз назари сиёсӣ обутобёфта ва соҳибтаҷрибаро сарвар мондан низ ба манфиати ҷомеа мебошад.
Муштарӣ имрӯз бо умед саҳифаи рӯзнома ва маҷаллаи навро мекушояд, ки мақолаи хонданбобе пайдо карда, мутолиа намояд. Агар рӯзномаю маҷаллаҳо воқеияти ҳаётро дуруст ва сари вақт инъикос накунанд, ба боварии муштариёни худ сазовор шуда наметавонанд. Замон тақозо дорад, ки рӯзномаю маҷаллаҳо ҳаёти одамонро дурусту боварибахш нишон диҳанд.
Агар роҳбарони воситаҳои ахбори омма аз нуқтаи назари сиёсӣ обутобёфта набошанд, ба муваффақият ба даст овардан дар ин ҷода умед бастан нашояд. Зеро роҳбар чӣ гуна бошад, коллектив ҳамон гуна мешавад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки аксар воситаҳои ахбори умум бо маводҳои таъсирбахши хонданбоб ба дили муштариён роҳ ёфтаанд. ҳайати эҷодӣ мекӯшанд корро мувофиқи талаботи замон ба роҳ монда, сифати корашонро хубтар карда, ба ин васила ба дили муштариён роҳ ёбанд.
Б. Сайдалиев, собиқадори матбуот
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...